Главная / Илм / ДОРУХОИ БАЛГАМОВАР

ДОРУХОИ БАЛГАМОВАР

tripsinДОРУХОИ БАЛГАМОВАР, моддахое, ки хангоми сурфа чудо гаштани балгамро осон мекунанд. Ба сифати Д. б. дорухое истифода мешаванд, ки кори гадудхои луобпардаи бронххои шушро метезонанд. Д. б. шилмакии балгамро кам мекунанд. Дар натича зимни сурфа он зуд чудо мешавад. Таъсири Д. б. бевосита ва бавосита аст.
Гурухи аввал бевосита ба луобпардаи найчахо таъсир мерасонанд, мас., гидрокарбонати натрий (ба туфайли хосияти ишкори шилмакии балгамро кам мекунад), терпингидрат, баъзе равганхои эфир (мас., анис ва г.), пайвастхои йод (йодиди натрий, йодиди калий), ки ба чудошавии балгам мусоидат менамоянд ва г. Трипсин низ ба ин гурухи Д. б. дохил мешавад; он сафедаи балгамро тачзия ва часпакиро кам мекунад. Таъсири балгамовари дорухои мазкур хангоми ингалятсия (бо бугхои об нафас гирифтан) ва истеъмол зохир мегардад. Трипсинро факат барои ингалятсия истифода мебаранд.
Истеъмоли Д. б.-и таъсирашон бавосита нуги асабхои меъдаро ангехта, фаъолияти гадудхои луобпардаи бронххоро ба таври рефлекси тахрик медихад. Ба онхо дорухои наботи (мас., чушоби алафи афсонак, киёми афсонаки хушкида ва г.), инчунин баъзе моддахое, ки аз наботот дар шакли тоза чудо кардаанд, мансуб мебошанд. Ин дорухо факат баъди истеъмол таъсир мерасонанд; вояи зиёди онхо боиси дилбехузури ва кай мегардад. Кудакон (махсусан кудакони ширмак ва синни томактаби) ба таъсири кайовари дорухои мазкур хассосияти бештар доранд. Бинобар ин ба онхо, мас., катрахои навшодиру анис, терпингидрат ва диг. дорухоро таъин мекунанд.
Д. б. асосан хангоми амрози шуш (газаки шуш, бронхит ва г.), ки боиси балгами часпак мегарданд, истеъмол карда мешаванд. Агар сабаби сурфа ягон бемории дигар, мас., ихтилоли гардиши хун бошад, он гох истеъмоли Д. б. беманфиат аст. Ба ин беморон истеъмоли дорухое, ки ба сабаби сурфа таъсир мерасонанд, сабуки мебахшад. Д. б.-ро факат бо таъиноти духтур истеъмол мекунанд. Худтабобат мумкин аст боди ногувор боки гузорад. Чунончи, бисёр Д. б.-и таъсирашон бевосита ба хуручи беморихои музмини шуш (мас., сил) мусоидат хоханд кард. Дар сурати аз меъёри таъинкардаи духтур зиёд истеъмол намудани Д. б.-и таъсирашон бавосита дилбехузури ва кай руй медихад. Д. б.- еро, ки барои одамони калонсол таъин карда шудаанд, ба хеч вачх барои табобати кудакон истифода намебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …