Главная / Илм / ДОНОР

ДОНОР

donorДОНОР (Donor, donator; лот. dono – тухфа мекунам), шахсест, ки бо ихтиёри худ хунашро барои гузаронидан ба беморон ва мачрухон, инчунин барои тайёр намудани маводи шифобахш медихад. Донори ба кори хайри начот додани хаёт ва хифзи саломатии маризон равона шудааст.
Хунгири аз Д.-хо ва консервонии хун дар стансияхои хунгузарони ба чо оварда мешавад. Стансияхо беморхона ва диг. муассисахои табобатиро бо хун таъмин мекунанд. Дар корхонаю муассисахои калон бо иштироки стансияхои махсуси сайёр рузхои Д. ташкил мешаванд.
Одамоне, ки гирифтори беморихои сирояти, мас., гепатитхои вируси, сифилис, СПИД ва г. мебошанд ё ин беморихоро аз сар гузарондаанд наметавонанд Д. бошанд. Бисёр беморихои шадид ва музмини аъзои дохилию пуст, амрози илтихоби ва аллерги низ барои Д. шудан номувофик мебошанд. Дар давраи хомилаги, синамакони, хайз, ваксинатсия хам барои донори хун намегиранд.
Кабл аз хунгири гурухи хуни хар нафар Д. аз руи системаи АВО ва резус-омил, хамчунин микдори гемоглобин ва билирубини хун мукаррар карда мешавад. Микдори гемоглобин дар хуни Д.-хои зан бояд аз 120 г/л, дар хуни Д.-хои мард аз 130 г/л кам набошад. Микдори эритроситхо дар занхо на камтар аз 3,9х1012 дар 1 л, дар мардхо на камтар аз 4,0 х 1012 дар 1 л буданаш лозим аст. Хуни гирифтаро барои муайян кардани сифилис, гепатити В (билирубин, антигени гепатити В), хамчунин мавчудияти подтан (антитела) нисбати вируси СПИД месанчанд.
Д. пеш аз супурдани хун аз муоинаи тибби мегузарад. Бо ин тадбир аз як тараф барои ба дигарон гузаронидан мувофик ё номувофик будани хуни у, аз тарафи дигар ба саломатии Д. зарар доштан ё надоштани хунгири муайян карда мешавад. Аз Д.-е, ки бори аввал хун медихад, то 200 – 250 мл ва бори дуюм – то 400 мл хун гирифтан мумкин аст. Организм ин талафоти хунро дар муддати як мох баркарор менамояд. Хунгирии такрори баъди 2 мох равост. Хуни Д.-ро дар зарфи махсуси дорои моддаи консервони (мухофиз) мегундоранд; дар руи зарф гурухи хун, номи насаби Д. ва санаи хунгири сабт мешавад.
Дар Точикистон хунсупори расман аз с. 1935 ибтидо мегирад. Он солхо дар чумхури филиали Пажухишгохи марказии хунгузаронии ш. Москва фаъолият дошт. С. 1940 филиали номбурда ба Стансияи хунгузарони табдил ёфт. Феълан он хамчун Маркази чумхуриявии илмии хун амал мекунад (2010). Дар марказ аз хун 18 номгуй чузъхои алохида мегиранд.
Мардон метавонанд аз синни 18 то 65 ва занхо аз 18 то 60-сола Д. шаванд. Д.-хоро ба 4 гурух чудо кардан мумкин аст: Д.-хои ихтиёрии бемузд, мас., донишчуён (ба онхо барои хуни супорида як маротиба хуроки бепул дода мешавад); Д.-хои хешу табори (ашхосе, ки дар беморхона барои хешу акрабо хун месупоранд); Д.-хои бомузди хун; Д.-хои бомузди плазма. Мардхо метавонанд соле 5 ва занхо 4 маротиба хун супоранд.
Хун супоридан барои саломатии худи Д. низ муфид аст. Бо ин рох пайдоиши сактаи дил, сактаи майна, бемории гипертонияро метавон пешгири кард.

Б. Баховаддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …