Главная / Илм / ДОНОР

ДОНОР

donorДОНОР (Donor, donator; лот. dono – тӯҳфа мекунам), шахсест, ки бо ихтиёри худ хунашро барои гузаронидан ба беморон ва маҷрӯҳон, инчунин барои тайёр намудани маводи шифобахш медиҳад. Донорӣ ба кори хайри наҷот додани ҳаёт ва ҳифзи саломатии маризон равона шудааст.
Хунгирӣ аз Д.-ҳо ва консервонии хун дар стансияҳои хунгузаронӣ ба ҷо оварда мешавад. Стансияҳо беморхона ва диг. муассисаҳои табобатиро бо хун таъмин мекунанд. Дар корхонаю муассисаҳои калон бо иштироки стансияҳои махсуси сайёр рӯзҳои Д. ташкил мешаванд.
Одамоне, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ, мас., гепатитҳои вирусӣ, сифилис, СПИД ва ғ. мебошанд ё ин бемориҳоро аз сар гузарондаанд наметавонанд Д. бошанд. Бисёр бемориҳои шадид ва музмини аъзои дохилию пӯст, амрози илтиҳобӣ ва аллергӣ низ барои Д. шудан номувофиқ мебошанд. Дар давраи ҳомилагӣ, синамаконӣ, ҳайз, ваксинатсия ҳам барои донорӣ хун намегиранд.
Қабл аз хунгирӣ гурӯҳи хуни ҳар нафар Д. аз рӯи системаи АВО ва резус-омил, ҳамчунин миқдори гемоглобин ва билирубини хун муқаррар карда мешавад. Миқдори гемоглобин дар хуни Д.-ҳои зан бояд аз 120 г/л, дар хуни Д.-ҳои мард аз 130 г/л кам набошад. Миқдори эритроситҳо дар занҳо на камтар аз 3,9х1012 дар 1 л, дар мардҳо на камтар аз 4,0 х 1012 дар 1 л буданаш лозим аст. Хуни гирифтаро барои муайян кардани сифилис, гепатити В (билирубин, антигени гепатити В), ҳамчунин мавҷудияти подтан (антитела) нисбати вируси СПИД месанҷанд.
Д. пеш аз супурдани хун аз муоинаи тиббӣ мегузарад. Бо ин тадбир аз як тараф барои ба дигарон гузаронидан мувофиқ ё номувофиқ будани хуни ӯ, аз тарафи дигар ба саломатии Д. зарар доштан ё надоштани хунгирӣ муайян карда мешавад. Аз Д.-е, ки бори аввал хун медиҳад, то 200 – 250 мл ва бори дуюм – то 400 мл хун гирифтан мумкин аст. Организм ин талафоти хунро дар муддати як моҳ барқарор менамояд. Хунгирии такрорӣ баъди 2 моҳ равост. Хуни Д.-ро дар зарфи махсуси дорои моддаи консервонӣ (муҳофиз) меғундоранд; дар рӯи зарф гурӯҳи хун, номи насаби Д. ва санаи хунгирӣ сабт мешавад.
Дар Тоҷикистон хунсупорӣ расман аз с. 1935 ибтидо мегирад. Он солҳо дар ҷумҳурӣ филиали Пажӯҳишгоҳи марказии хунгузаронии ш. Москва фаъолият дошт. С. 1940 филиали номбурда ба Стансияи хунгузаронӣ табдил ёфт. Феълан он ҳамчун Маркази ҷумҳуриявии илмии хун амал мекунад (2010). Дар марказ аз хун 18 номгӯй ҷузъҳои алоҳида мегиранд.
Мардон метавонанд аз синни 18 то 65 ва занҳо аз 18 то 60-сола Д. шаванд. Д.-ҳоро ба 4 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: Д.-ҳои ихтиёрии бемузд, мас., донишҷӯён (ба онҳо барои хуни супорида як маротиба хӯроки бепул дода мешавад); Д.-ҳои хешу таборӣ (ашхосе, ки дар беморхона барои хешу ақрабо хун месупоранд); Д.-ҳои бомузди хун; Д.-ҳои бомузди плазма. Мардҳо метавонанд соле 5 ва занҳо 4 маротиба хун супоранд.
Хун супоридан барои саломатии худи Д. низ муфид аст. Бо ин роҳ пайдоиши сактаи дил, сактаи майна, бемории гипертонияро метавон пешгирӣ кард.

Б. Баҳоваддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …