Главная / Илм / ДИСПЕПСИЯ ДАР КуДАКОН

ДИСПЕПСИЯ ДАР КуДАКОН

dispepsiya-y-deteiiДИСПЕПСИЯ ДАР КуДАКОН, ихтилоли хозима, ки бинобар дар натичаи нодуруст гизо додан ба тифл инкишоф меёбад. Д. боиси исхол, кай ва бад шудани вазъи умуми мегардад. Бештар дар кудакони то 1- сола руй медихад. Д. се хел мешавад: мукаррари, захри ва парентерали (гайрирудаи).
Диспепсияи мукаррари дар сурати риоя накардан ба коидахои асосии синамакони пайдо мешавад. Зуд-зуд ва бидуни зарурат (хусусан хангоми серширии модар) маконидани кудак, ба кудак додани гизои номувофик, мутобикат накардани таркиби гизо ба синни кудак ва г. боиси инкишофи диспепсия мегардад. Диспепсия аксар дар сурати якбора додани шарбати зиёд ва пеш аз мухлат ба гизои кудак илова кардани шакидаи меваю сабзавот низ пайдо мешавад. Ба диспепсия аз хад зиёд гарм шудани бадан мусоидат мекунад. Чунин холат дар фасли гарми сол ё номувофикатии либоси кудак ба харорати хона руй медихад. Дар натича талаботи тифл ба моеъ афзуда, у харисона мемакад ва агар гизояш мукаррари (шири модар) бошад хам, онро хазм карда наметавонад. Сабабхои номбурда бинобар заифии меъдаю рудаи кудак боиси ихтилоли аъзои хозима мегарданд. Кудак шир мепартояд, кай мекунад (бо ин рох шири барзиёд ё гизои номакбул хорич мешавад). Аксар вакт ба ин хама дарунрави (дар як шаборуз то 5 – 10 маротиба) илова мешавад. Начосат обаки, сабз, дурда-дурда буда, аз хуроки хазмношуда иборат аст. Шикам дам мекунад, бодхои бадбуй ихроч мешаванд; кудак бетокат ва иштихо баста мегардад.
Баробари пайдо шудани нишонахои аввалини бемори ба духтур мурочиат бояд кард. То омадани духтур кудакро дар давоми 8 – 12 соат намемаконанд (бар ивази синамакони обу чой менушонанд). Оби чушида ё чойро бо микдори кофи (дар як шаборуз 100 – 150 мл ба хар 1 кг вазни кудак) медиханд. Духтур ба кудак пархез мефармояд, мухлати тадричан ба истеъмоли гизои мувофик гузаштанро муайян мекунад.
Диспепсияи захри низ аз руи хамон сабабхои диспепсияи мукаррари ба вучуд меояд, вале аз захролудии мукаррари тафовути кулли дорад. Диспепсияи захри дар натичаи риоя накардани фосилаи ошомидан, камоб шудани гизои кудак, ичро накардани маслихати духтур авч мегирад. Бештар кудакони чалазод, бачагони заиф, гирифтори дистрофия, рахит ва диатези экссудативи бемор мешаванд. Баъзан диспепсияи захри ногахон хуруч мекунад. Вазъи кудак зуд бад гашта, у бехол ё нихоят инчик ва дарунрав мешавад. Тифл харобу логар гашта, баъзан аз хуш меравад. Кай ва исхол боиси холати ба ном беобии бадан хохад шуд. Моддахои захрие, ки дар натичаи бад хазм гаштани хурок ва афзоиши микробхо дар руда хосил мешаванд, ба таркиби хун гузашта, чигар ва асабхоро иллатнок мекунанд. Ин холат барои кудак нихоят хавфнок аст. Кудак мижа назада, ба дур менигарад; тадричан тамоми рефлексхо гум, пуст беранг, набз тез ва фишор паст мешаванд.
Диспепсияи захри барои хаёти кудак хавфнок аст (чунин беморон ба ёрии фаврии тибби эхтиёч доранд). Азбаски дар хона муоличаи зарури гайриимкон аст, бинобар ин тифлро ба беморхона мехобонанд. То ин вакт кудакро макондан лозим нест (факат баъди хар 10 – 15 дакика 1 – 2 кошукча чой ё оби чушида медиханд).
Диспепсияи парентерали, одатан, хамрохи ягон бемории дигар руй медихад. Аксар вакт хангоми назла, газаки шуш, илтихоби гуши миёна (ниг. Отит) ба вучуд меояд. Зухуроти он (исхол, кай ва г.) баробари авчи бемории асоси ба вукуъ мепайвандад. Аз ин ру бемории асосиро муолича кардан лозим аст.
Барои пешгирии Д. ба тартиби маконидани кудак (ниг. Кудаки ширмак) катъиян риоя карда, хуроки барзиёд додан лозим нест; метавон кам-кам шарбатхои хархела, шакидаи сабзавоту мева, ширтупа (творог), шавла, шурбо ва г. дод. Кудак набояд аз хад зиёд гарм шавад; либоси у бояд ба харорати хона ё берун мутобик бошад. Баробари пайдо шудани нишонахои аввалини бемори хатман ба духтур мурочиат карда, тавсияхои уро ба чо овардан лозим аст. Бояд дар хотир дошт, ки аз зухуроти хоси диспепсияхои мукаррари ва захри (кай, исхол) беморихои сироятии гуногун – исхоли хунин, токсикоинфексияи гизои, колиэнтерит ба вучуд меоянд. Бинобар ин парпечи кудаки беморро дар об чушонидан ва бачагони дигарро дар оила эхтиёт кардан лозим аст. Кудаконро факат баъди пурра шифо ёфтанашон ба хона чавоб медиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …