Главная / Илм / ДИСПЕПСИЯ ДАР КӯДАКОН

ДИСПЕПСИЯ ДАР КӯДАКОН

dispepsiya-y-deteiiДИСПЕПСИЯ ДАР КӯДАКОН, ихтилоли ҳозима, ки бинобар дар натиҷаи нодуруст ғизо додан ба тифл инкишоф меёбад. Д. боиси исҳол, қай ва бад шудани вазъи умумӣ мегардад. Бештар дар кӯдакони то 1- сола рӯй медиҳад. Д. се хел мешавад: муқаррарӣ, заҳрӣ ва парентералӣ (ғайрирӯдаӣ).
Диспепсияи муқаррарӣ дар сурати риоя накардан ба қоидаҳои асосии синамаконӣ пайдо мешавад. Зуд-зуд ва бидуни зарурат (хусусан ҳангоми серширии модар) маконидани кӯдак, ба кӯдак додани ғизои номувофиқ, мутобиқат накардани таркиби ғизо ба синни кӯдак ва ғ. боиси инкишофи диспепсия мегардад. Диспепсия аксар дар сурати якбора додани шарбати зиёд ва пеш аз мӯҳлат ба ғизои кӯдак илова кардани шакидаи меваю сабзавот низ пайдо мешавад. Ба диспепсия аз ҳад зиёд гарм шудани бадан мусоидат мекунад. Чунин ҳолат дар фасли гарми сол ё номувофиқатии либоси кӯдак ба ҳарорати хона рӯй медиҳад. Дар натиҷа талаботи тифл ба моеъ афзуда, ӯ ҳарисона мемакад ва агар ғизояш муқаррарӣ (шири модар) бошад ҳам, онро ҳазм карда наметавонад. Сабабҳои номбурда бинобар заифии меъдаю рӯдаи кӯдак боиси ихтилоли аъзои ҳозима мегарданд. Кӯдак шир мепартояд, қай мекунад (бо ин роҳ шири барзиёд ё ғизои номақбул хориҷ мешавад). Аксар вақт ба ин ҳама дарунравӣ (дар як шаборӯз то 5 – 10 маротиба) илова мешавад. Наҷосат обакӣ, сабз, дурда-дурда буда, аз хӯроки ҳазмношуда иборат аст. Шикам дам мекунад, бодҳои бадбӯй ихроҷ мешаванд; кӯдак бетоқат ва иштиҳо баста мегардад.
Баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ ба духтур муроҷиат бояд кард. То омадани духтур кӯдакро дар давоми 8 – 12 соат намемаконанд (бар ивази синамаконӣ обу чой менӯшонанд). Оби ҷӯшида ё чойро бо миқдори кофӣ (дар як шаборӯз 100 – 150 мл ба ҳар 1 кг вазни кӯдак) медиҳанд. Духтур ба кӯдак парҳез мефармояд, мӯҳлати тадриҷан ба истеъмоли ғизои мувофиқ гузаштанро муайян мекунад.
Диспепсияи заҳрӣ низ аз рӯи ҳамон сабабҳои диспепсияи муқаррарӣ ба вуҷуд меояд, вале аз заҳролудии муқаррарӣ тафовути куллӣ дорад. Диспепсияи заҳрӣ дар натиҷаи риоя накардани фосилаи ошомидан, камоб шудани ғизои кӯдак, иҷро накардани маслиҳати духтур авҷ мегирад. Бештар кӯдакони чалазод, бачагони заиф, гирифтори дистрофия, рахит ва диатези экссудативӣ бемор мешаванд. Баъзан диспепсияи заҳрӣ ногаҳон хуруҷ мекунад. Вазъи кӯдак зуд бад гашта, ӯ беҳол ё ниҳоят инҷиқ ва дарунрав мешавад. Тифл харобу лоғар гашта, баъзан аз ҳуш меравад. Қай ва исҳол боиси ҳолати ба ном беобии бадан хоҳад шуд. Моддаҳои заҳрие, ки дар натиҷаи бад ҳазм гаштани хӯрок ва афзоиши микробҳо дар рӯда ҳосил мешаванд, ба таркиби хун гузашта, ҷигар ва асабҳоро иллатнок мекунанд. Ин ҳолат барои кӯдак ниҳоят хавфнок аст. Кӯдак мижа назада, ба дур менигарад; тадриҷан тамоми рефлексҳо гум, пӯст беранг, набз тез ва фишор паст мешаванд.
Диспепсияи заҳрӣ барои ҳаёти кӯдак хавфнок аст (чунин беморон ба ёрии фаврии тиббӣ эҳтиёҷ доранд). Азбаски дар хона муолиҷаи зарурӣ ғайриимкон аст, бинобар ин тифлро ба беморхона мехобонанд. То ин вақт кӯдакро макондан лозим нест (фақат баъди ҳар 10 – 15 дақиқа 1 – 2 қошуқча чой ё оби ҷӯшида медиҳанд).
Диспепсияи парентералӣ, одатан, ҳамроҳи ягон бемории дигар рӯй медиҳад. Аксар вақт ҳангоми назла, газаки шуш, илтиҳоби гӯши миёна (ниг. Отит) ба вуҷуд меояд. Зуҳуроти он (исҳол, қай ва ғ.) баробари авҷи бемории асосӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Аз ин рӯ бемории асосиро муолиҷа кардан лозим аст.
Барои пешгирии Д. ба тартиби маконидани кӯдак (ниг. Кӯдаки ширмак) қатъиян риоя карда, хӯроки барзиёд додан лозим нест; метавон кам-кам шарбатҳои ҳархела, шакидаи сабзавоту мева, ширтупа (творог), шавла, шӯрбо ва ғ. дод. Кӯдак набояд аз ҳад зиёд гарм шавад; либоси ӯ бояд ба ҳарорати хона ё берун мутобиқ бошад. Баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳатман ба духтур муроҷиат карда, тавсияҳои ӯро ба ҷо овардан лозим аст. Бояд дар хотир дошт, ки аз зуҳуроти хоси диспепсияҳои муқаррарӣ ва заҳрӣ (қай, исҳол) бемориҳои сироятии гуногун – исҳоли хунин, токсикоинфексияи ғизоӣ, колиэнтерит ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин парпечи кӯдаки беморро дар об ҷӯшонидан ва бачагони дигарро дар оила эҳтиёт кардан лозим аст. Кӯдаконро фақат баъди пурра шифо ёфтанашон ба хона ҷавоб медиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …