Главная / Илм / ДИАТЕРМИЯ

ДИАТЕРМИЯ

ДИАТЕРМИЯ (юн. diathermáino – гарм мекунам), эндотермия, яке аз усулхои физиотерапия, ки хангоми он бофтаю узвхо бо чараёни баландбасомади электр гарм карда мешаванд. Д. – ро с. 1905 духтури чех Р. Сейнек дар амалияи тиб чори намуд. Онро хангоми беморихои илтихобии музмин, беморихои шадиди илтихобии узву системахо, ихтилоли тагзия, илтихоби асаб, невралгия, дарди мушаку бандхо ва г. истифода мебаранд. Таъсири Д. бо реаксияхои физиологи зохир мегардад. Бо таъсири Д. мушакхои бадан ва узвхои даруни суст шуда, хаячони асабхои хис меафзояд. Д. дар чаррохи, дерматология ва г. барои сузонидан ва буридани бофта ахамият дорад, чунки хунравиро катъ, дард, хавфи сабзиши хучайра ва пахн гаштани сироятро кам мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …