Главная / Илм / ДЕВГАНДУМ

ДЕВГАНДУМ

devgandumДЕВГАНДУМ (Agrostemma githago), гиёхест худруй. Пояаш рост (30 – 80 см)-и камшоха, баргаш борики дароз ва нештармонанд. Гулаш тока-тока, калон, гулоби. Баргу пояаш серпашмак. Гузааш то 40 дона тухм (дарозиаш 2,5 – 3,5 мм) дорад; тухмаш гурдашакл; тухми расидааш 98 – 100% месабзад. Д. дар водихои паст ва доманакуххо меруяд. Хусусан дар нохияхои шим. чумхури ва водии Хисор бисёр аст. Алафи бегонаи киштзор мебошад. Дар таркибаш 5 – 6% фоиз сапонин дорад, ки барои чорво захрнок аст. Дар таркиби тухмаш то 6,56% гликозиди захрноки гитагин ё агростемин мавчуд аст. Бинобар ин галлае, ки 0,53% омехтаи тухми Д. дорад, барои одам хам хавфнок мебошад.
Табибони халки накеъи алафи Д. – ро барои дармони беморихои илтихоби ва дарди меъда кор мефармоянд. Накеъи тухми онро дар мавриди сурфакабутак, хунравии бачадон ва чун давои пешоброн, киччарон, балгамрон тавсия медиханд. Табибони халкии булгори алаф ва тухми Д. – ро бо максади табобати пучак, бавосир, илтихоби пуст истифода мебаранд (онро тарбанди мекунанд). Агар куфтаи онро гузошта банданд, хорро аз бадан кашида берун меорад, моддахои руи узвро пок мекунад. Онро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди суринро дафъ мекунад; бо сирко пухта, бо равгани зайтун сиришта гузошта банданд, шукуфахои пуст, хоришак ва кутури решгаштаро шифо мебахшад; бо асал хамир сохта гузошта банданд, никрисро ба ибро меоварад; бо орди гандум даромезанду бипошанд, шукуфахои пуст ва решхои дигарро сихат мебахшад. Агар касе Д.-ро хурда бошад, давояш равган ва шир хурда кай фармудан аст.
Д. растании захрнок аст. Бинобар ин хангоми бо максади табобат кор фармудани он бояд хеле эхтиёт шуд. Рафтани оби дахон, бехузур шудани дил ва кай аломатхои захролуди аз тухми Д.- анд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …