Главная / Илм / ДЕРМОГРАФИЗМ

ДЕРМОГРАФИЗМ

dermographismДЕРМОГРАФИЗМ (аз дерма ва grapho – навиштан, тасвир кардан), изе, ки дар пуст баъди бо ягон чиз хат кашидан (ангехтан) боки мемонад. Д. чузъи ва рефлекси мешавад.
Д.-и чузъи аксуламали чузъии рагхои пуст чавобан ба ангезиши он тавассути ягон ашёи кунд аст. Хангоми андаке фишурдан, дар чои ангезишёфтаи пуст рахи сафед (Д.-и сафед) пайдо мешавад; дар мавриди сахттар фишор овардан бошад, рахи сурх (Д.-и сурх) ба вучуд меояд. Сабаби Д.-и сафед ташаннуч (спазм)-и рагхо аст; Д.-и сурх аз васеъ шудани мураг (капилляр)-хои пуст дарак медихад. Баъзан Д.-и сурх ба Д.-и туррадор табдил меёбад, ки хангоми он рахи пайдошуда аз сатхи пуст баландтар карор дорад. Агар дар аснои ангезиши суст ва сахт Д.-и сафед пайдо шавад, пас он аломати баланд будани тонуси асабхои симпатики аст; агар Д.-и сурх ба вучуд ояд, он нишонаи бартарии тонуси асабхои парасимиатики мебошад. Д. хангоми беморихои гуногуни силсилаи асаб ва тиреотоксикоз метавонад тагйир ёбад. Дар мавриди захролудии вазнин ва логарии организм Д. ба мушохида намерасад.
Д.-и рефлекси бинобар рефлекси хароммагз ба вукуъ мепайвандад; онро бисёр вакт бо нуги сузан дар пусти тахтапушт ба вучуд меоранд. Д.-и рефлекси хангоми осеб ёфтани решачахои кафою пеши хароммагз ва шохахои пахлуии он мавчуд нест, бинобар ин хати Д. дар сатхи мутобик ба канори болои чараёни патологи дар хароммагз канда мешавад. Д. хамчунин дар мавриди иллати асаби канори низ мушохида намешавад (илтихоб, осеб, омос ва г.).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …