Главная / Илм / ДЕРМОГРАФИЗМ

ДЕРМОГРАФИЗМ

dermographismДЕРМОГРАФИЗМ (аз дерма ва grapho – навиштан, тасвир кардан), изе, ки дар пӯст баъди бо ягон чиз хат кашидан (ангехтан) боқӣ мемонад. Д. ҷузъӣ ва рефлексӣ мешавад.
Д.-и ҷузъӣ аксуламали ҷузъии рагҳои пӯст ҷавобан ба ангезиши он тавассути ягон ашёи кунд аст. Ҳангоми андаке фишурдан, дар ҷои ангезишёфтаи пӯст рахи сафед (Д.-и сафед) пайдо мешавад; дар мавриди сахттар фишор овардан бошад, рахи сурх (Д.-и сурх) ба вуҷуд меояд. Сабаби Д.-и сафед ташаннуҷ (спазм)-и рагҳо аст; Д.-и сурх аз васеъ шудани мӯраг (капилляр)-ҳои пӯст дарак медиҳад. Баъзан Д.-и сурх ба Д.-и туррадор табдил меёбад, ки ҳангоми он рахи пайдошуда аз сатҳи пӯст баландтар қарор дорад. Агар дар аснои ангезиши суст ва сахт Д.-и сафед пайдо шавад, пас он аломати баланд будани тонуси асабҳои симпатикӣ аст; агар Д.-и сурх ба вуҷуд ояд, он нишонаи бартарии тонуси асабҳои парасимиатикӣ мебошад. Д. ҳангоми бемориҳои гуногуни силсилаи асаб ва тиреотоксикоз метавонад тағйир ёбад. Дар мавриди заҳролудии вазнин ва лоғарии организм Д. ба мушоҳида намерасад.
Д.-и рефлексӣ бинобар рефлекси ҳароммағз ба вуқӯъ мепайвандад; онро бисёр вақт бо нӯги сӯзан дар пӯсти тахтапушт ба вуҷуд меоранд. Д.-и рефлексӣ ҳангоми осеб ёфтани решачаҳои қафою пеши ҳароммағз ва шохаҳои паҳлӯии он мавҷуд нест, бинобар ин хати Д. дар сатҳи мутобиқ ба канори болои ҷараёни патологӣ дар ҳароммағз канда мешавад. Д. ҳамчунин дар мавриди иллати асаби канорӣ низ мушоҳида намешавад (илтиҳоб, осеб, омос ва ғ.).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …