Главная / Илм / ДАРШАЙ

ДАРШАЙ

darshayДАРШАЙ, чашмаи минерали дар нох. Ишкошим. Дар сох. рости д. Даршай, 42 км шарктар аз маркази нохия чой гирифтааст. Чашма дар пояи шахи овезон дар баландии 3000 м аз с. б. карор дорад. Обаш буи гидрогенсулфид (46 мг/л) мекунад. Дебиташ 2,3 – 3,0 л/сон., минералнокиаш – 3,6 г/л; харор. обаш +31,50С. Таркиби оби чашма аз натрий (496 мг/л), калтсий (383 мг/л), магний (38,6 мг/л), гидрокарбонатхо (443 мг/л), сулфатхо (250 мг/л), ангидриди озоди карбон (360 мг/л), кислотаи силикат (75,0 мг/л), хамчунин мис, фтор, бор, рух ва молибден иборат аст. Барои муоличаи беморихои узвхои хунгард, хозима, харакат, системаи асаб, пуст, узвхои чинси ва ихтилоли мубодилаи моддахо суд дорад. Вобаста ба таркиби химияви ба оби чашмахои минералии Бюксек (Венгрия) ва Сойминск (Закарпатия) наздик мебошад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …