Главная / Гуногун / ДАХОЛАТИ РУСИЯ ВА ИСЛОМ КАРИМОВ

ДАХОЛАТИ РУСИЯ ВА ИСЛОМ КАРИМОВ

Дар охири солхои 80, бо сабаби бухрони фарогир дар Иттиходи Шурави, дар байни зиёиёни рус зехнияте

голиб омад, ки тамоми дороихои Русия барои хурондани чум- хурихои Кафкозу Осиёи Миёна сарф мешавад. Ин андеша асоси вокеи дошт, вале сабабаш ба заъфи мудирият вобаста буд. Мо- ликияти давлативу чамъияти ракобат ва ангезаро, ки омилхои асосии рушди иктисод хастанд, аз байн бурда, кишварро ба рукуд оварда расонда буд. Тагйироти андаке дар сохаи иктисод метавонист кишварро аз бухрон начот дихад, ки намунаашро имрузхо дар мисоли Чин мебинем.

Ислом Каримов ва Елсин

Ин зехният аз тарафи носиюналистхои рус зиёд таргиб мешуд ва ба афкори умум сироят кард. Нухбагони рус зери таъсири зиёиён ва афкори умум ба карори шитобкорона ома- данд, ки дар мархалаи бухронии кунуни бояд бори сангини чумхурихо аз души Русия холи карда шавад. Мухтавои ин афкор дар навиштаи Солженитсин «Чи тавр Русияро обод кунем?» дарч шудааст. У дар ин манифести худ чумхурихои Осиёи Ми- ёнаро «зершиками Русия» ва «бори сангин» меномад. У мегуяд, «агар дар тули дахсолахо Русия манбаъхои хаётии худро ба
чумхурихо дода бошад, аз чудо шудани онхо мо хеч чизро аз даст намедихем, балки кувватамонро сарфа мекунем».

Карори тачзияи Иттиходи Чумхурихои Шурави аз суи са- рони се кишвари славяни – Русия, Укроин ва Белорус гирифта шуд. Чудоихохие, ки одатан имперотурихо аз он харос доранд, аз суи худи марказ пеш гирифта шуд. Сарзамине, ки Русияи подшохи зиёда аз сад сол кабл, бо гаронтарин кимат ба даст оварда буд ва хукумати болшавики низ кисми бокимондаи онро ба кишвари худ хамрох карда буд, ба хамин содаги аз дасти Кремлин рафт. Баъд аз гузаштани ин хама сол зиёиёну нухба- гони рус ин халкхоро хатто хампаймони худ намедонистанд.

Дар чумхурихо пас аз чунбучуле, мубориза барои кудрат дар байни гуруххо сар шуд. Кишвархои хоричи майдонро холи ёфта, ба дахолат ва пиёдакунии накшахои худ огоз карданд. Нухбагони рус ба зуди иштибохи худро дарк карданд, ки чавоб додани чумхурихо факат халос шудан аз «бори сангин» нест, балки дар таги бинияшон имкони пайдо шудани абаркудратхои дигар ва мафкурахои барои кишварашон хатарнок хам хаст.

Дар масъалаи Точикистон, фаъолияти Хизби нахзати исломи ва муваффакиятхои ба даст овардаи он нухбагони русро зуд ба хуш овард, гарчанде ки Хизби исломи аввал дар Русия таъсис ёфта буд ва Хизби нахзати исломии Точикистон як шуъбаи он буд. Онхо дарк карданд, ки пайдо шудани исломи сиёси дар фазои чумхурихои собики шурави, ногузир дар Русия «асари домино»-ро ба бор меорад. Бахусус, ки дар чумхурихои му- сулмони дохили Русия, аз кабили Тотористону Чеченистон бе ин хам харакатхои истиклолхохи боло мегирифтанд. Ин буд ки Русия тасмим гирифт дар чанги дохилии Точикистон дахолат кунад ва аз ба кудрат расидани исломиён пешгири кунад. Замони пошхурии Иттиходи шурави чумхурихо тамоми молу мулки дар каламравашон буда, аз чумла артишро милли карданд. Вале Точикистон аз сабаби харчу марчхои рухдода натавонист артиши дар каламраваш бударо милли кунад, он хануз хам дар ихтиёри истифода аз хамин кувва, Маскав дар Точикистон таъсири бузург дошт. Пас аз омузиши вазъ, Елтсин – Раиси чумхури вакти Русия ба чунин карор омад, ки дар тасмимгири бештар ба мавкеи Ислом Каримов – раиси чумхури онвактаи Узбакистон такя кунад, зеро манфиатхои онхо ба хам мувофик омада буд.

Ислом Каримов дар мархалаи пошхурии Шурави аллакай гурги болондидае дар сиёсат буд. Пештар аз хама «боди фано»-и Шуравиро дарк кард ва аввалин шуда, аз байни рохбарони чумхурихои шуравии собик худро Раиси чумхур эълон кард ва зимоми кудратро мухкам ба даст гирифт.

Вакте дар Точикистон нооромихо сар шуданд, фурсатро мувофик ёфта, даст ба кор шуд. Аввал хост бо «клан»- и шимол ба тавофук бирасад, ки муваффак нашуд. Шимолихо сазовори боварияш нашуданд, мачбур шуд, ки чинохи чанубии эътилофи «коммунистгароён»-ро дастгири карда, аз ба кудрат расидани миллатгароён ва исломиён пешгири кунад, то баъдан хама хостхояшро бароварда созад.

Мехост дар мархалаи аввал як хамсояи дастнигар ва халка- баргуш дошта бошад, дар макомхои калидии кишвари мо ода- мони худашро чой кунад ва дар аввалин фурсат ин сарзаминро ба кишвари худ хамрох гардонад. Махсусан, кисми шимолии Точикистон барояш бисёр мухим буд, зеро роххои охану автомо- билгарди байни вилоятхои Фаргонаву Куканду Намангон ва ди- гар кисматхои кишвараш аз худуди вилояти Сугди Точикистон мегузашт. Хадафаш бо шиорхои Бозор Собир хамсон буд. Барои машруъият бахшидан ба накшааш, хамон назарияи магорзадаи пантуркистии як будани халки точику узбакро руйи даст ги- рифт. Тибки ин назария, халке бо номи точик вучуд надошта, ин ду як халканд, ки кисме бо таъсири хамсоягони эронии худ, ки мукими ин сарзамин буданд, забони форсиро ёд гирифта ва дар рузгорашон истифода мекунанд. Дар асл ин чизи наве на- буда, хамон харфхои пучи пантуркистони аввали карни 20 буд, ки чавоби сазоворашро зиёиёни точик мисли устодон Айниву Гафуров дода буданд.

Бо Маскав хам гапро пазонд. Хости русхо сохиби Бадахшон – минтакаи истротежик шудан буд, ки инро барояшон замонат дод ва онхоро тарафи худ кашид.

Чинохи чанубии эътилофи коммунистонро ба кудрат овард, ва одамонашро ба макомхои калиди таъин ва ба амали кардани накшахои нопоки худ огоз кард.

Корро дар вилояти Ленинобод (холо Сугд) барои таргиби ба Узбакистон пайвастан огоз кард. Аз хукумати Точикистон такозо кард, ки дар Бадахшон Шурои давлати таъсис дода ша- вад, ки дар ин хол Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон ба чумхурии мухтор дар хайати Точикистон табдил мешуд, то ба Русия пайвастанаш кори як раъйпурси бишавад (хамон коре, ки солхо баъд Путин дар Крим анчом дод). Хушбахтона, тираш хок хурд, рохбарияти навинтихоби чумхури аз ичрои ин нак- шахои нопоки у пешгири кард.

Вокеан, он солхо Точикистон дар арафаи пошхури карор дошт. Гайр аз душмани кавии хоричи, душманони дохили низ доштем, ки ин равандро таквият медоданд. Рохбари вакти ви- лояти Ленинобод Хомидов дар нохияи Айни, дар рохи ягонаи байни Хучанду Душанбе пулро тарконда, вилояти Ленинободро аз Точикистон чудо кардани шуд. Махмуд Худойбердиев бо ёрии Ислом Каримов ба шимоли кишвар хамлаи мусаллахона таш- кил кард. Фармондехони мухолифон дар минтакаи Каротегин Чумхурии исломии Гарм ташкил карданд. Бадахшон дар асо- рати фармондехон – зодагони ончо буд.

Рохбари тозаинтихоби кишвар Эмомали Рахмон дар мархалаи хеле вазнин ва такдирсоз бо рисолати сангин сари кор омада буд. Кишвархои дахил гаразхои худро доштанд ва дар пушти гуруххои шибхинизоми меистоданд. Ин гуруххо худсариву нофармони мекарданд ва ба истилохи имруза, ба кишвар хатари «сурияшави» тахдид мекард. Макомоти кудрати фалач шуда, аз ухдаи таъмини амният намебаромаданд. Киш- вар артиш надошт, ки рохбарияти нави чумхури бо такя ба он пеши рохи нобасомонихоро гирад. Тибки муохидаи Бишкек, ки нухуми сентябри соли 1992 аз суи сарони чумхурихои Шуравии собик имзо шуда буд, тамоми амволи манкулу гайриманкули дар худуди чумхурихо буда, моликияти чумхурихо дониста шуд. Вале Раиси чумхур Набиев аз милли кунонидани чузъу томхои артиши Шурави, ки дар каламрави Точикистон буд, бо бахонаи харчи онро пардохта натавонистани бучаи кишвар, даст кашида буд.

Барои хунсо кардани чолишхо, хукумати нав мачбур буд ба хамин гуруххои шибхинизоми такя кунад. Раиси чумхур Эмомали Рахмон чое бо чанги тан ба тан, чое бо мудирият, чое бо гузашт якпорчагии хоки кишварро хифз кард, Точикистонро ба истиклоли вокеи расонд ва номи худро дар катори номи кахрамонони миллат сабт намуд. У дар тули солхои 90 тавонист артишро аз сифр бисозад, Вазорати корхои дохиливу Кумитаи давлатии амнияти миллиро баркарор кунад ва пояхои аслии таъмини истиклоли кишварро тахким бахшад.

Соли 1999 бо карори Шурои олии кишвар барои хамин хизматхояш ба Эмомали Рахмон унвони Кахрамони Точикистон дода шуд.

Вале Ислом Каримов вакте ба максадхои нопокаш нара- сид, дар солхои баъди хар душмание, ки аз дасташ омад, кард. Низоми раводид чори кард, роххоро баст, сархадро минкори кард, Махмуд Худойбердиевро мусаллах карда, ба шимоли кишвар ворид намуд, бо истифода аз тамоми имконот номи Точикистонро дар арсаи байналмилал сиёх мекард, ба тамо- ми тарххои созандаи мо, аз чумла сохтмони Неругохи барки обии Рогун мухолифат мекард… Амалхои душманонаи Ислом Каримов зидди Точикистон ва хисороти расондаи у бесобика аст, ки тахкики алохида мехохад. Ин китоб бештар хосияти хотирави дорад ва аз ин сабаб, бахои хакконии аъмоли уро ба вакти дигар ё муаллифони донотар вомегузорем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …