Главная / Гуногун / Чаро забони форсии нав мегуянд ?

Чаро забони форсии нав мегуянд ?

Ба «Форсии нав» кадом забон дохил мешавад ?

 Баробари чори шудани дини Ислом забони форси танг шуда, аз майдон баромад. Форсхо бо хати араби менавиштаги шуданд. Хамаи корхои дини, навиштачоти дини ба забони араби сурат мегирифт. Вале Мухаммад Пайгамбар хамчун дахои инсоният дарк намуда буд, ки бидуни форсхо дини Исломро хеч кас кудрати ба сахнаи чахони баровардан надорад, бинобар Имоми Аъзам ва Сайиди Бухоро барин садхо точикони забардаст ба Арабистон чалб карда шуда, поягузори тамаддуни исломи гардиданд. Хатто падари забоншиноси араб Ибни Халил хам шогирди Себуяи Форси буд.

Хулоса, чалб карда шудани ашхоси забардасти форсизабон ба Арабистон, на факат дини Исломро ба сахнаи чахони баровард, балки мамлакатхои исломиро ба гахвораи тамаддуни чахон табдил дод. Эхёи тамаддуни исломи сабабгори бунёди забони нави форси гардид. Акнун ин забон аз Бухорои Шариф ба тамоми мамлакатхои форсизабони Шарк дар асри 9-10 дастур медод.

Забони форсии нав имруз ин забони точикони Точикистону Эрону Авгонистон ва кисми Покистону Хиндустон аст. Бо ин забони таърихии ачдоди имруз халкхои форсизабони дунё сухан мекунанд, асархо меофаранд ва чун ачдодонашон ба инкишофи тамаддуни чахони хиссаи сазовар мегузоранд. Дар бораи забони форсии нав хануз аз замонхои кухан муаллифхои халкхои гуногун китобхои хеле зиёде иншо кардаанд. Профессор Шароф Рустамов менависад: “Решахои нави забони форси ба гузашта хеле амик рафтаанд. Лексикографияи он аз асри 10 ибтидо мегирад. Дар хазорсолаи гузашта лугатхои бисёре мураттаб ва нашр шуданд”. Дар бораи грамматикаи забони форсии нав (точики) дар мамлакатхои гуногуни олам даххо китобу этюд ба табъ расидаанд. Масалан: Грамматикаи забони форсии нав. Аз руи забони лотини: Вуллерс (Гисс., 1, 1840; 2, 1850; нашри 2. 1870), Гейтлин (Гелсингфорс, 1846, бо муховарахо); ба забони франсави. А.Ходзко (П., 1883), Биберштейн-Казимирский (“Dialogues fr.-pers”, 2, 1883), Никола (“Dialogues persfr”. – П., 1869), Гарсен-де-Тасси (аз руи Чонс, Париж, 1845), Оллендорф (Франфурк); англ.: Мирзо Мухаммади Иброхим (Лондон, 1843, бо муховарахо), M.Lumsden (Калк., 1810), Чонса (Л., 1775, нашри 2. 1804); бо забони италяви. Пицци (Лпс., 1883; нашри 2 ислошуда., 1891), Флей-шер (Лпс 1875, аз руи Мирзо Мухаммад), Залеман ва Жуковский (В., 1889); ба забони руси: Березин (Казон, 1853), Залеман ва Жуковский (СПб, 1890), Мирзо-Чаъфар (Казон, 1885, нашри 2 М., 1897), “Китоби муховараи руси-форси” –и у (Казон, 1882; 2 нашри иловаги., М., 1897), Гоаннисянтс (М.,1856). Ниг. Трумпп, “Ueber den Accent u. die Ausspraohe d. pers.” (“Sitzungsber. d. bayr. Akad.”, Мюнхен, 1875, 1). Лугатхо: Вуллерс “Lexicon Persico-Latinum” (Бонн, ч.2, 1864); Сенкер, (“Dectionnaire turcarabe-persan” (Лпс., 1, 1866; 2, 1876); Менинский, “Lexicon Tircico arabico-persicum” (В., 1780-1702); Ричардсон, “Persian-arab.-engl. dictionary” (Лон-дон, 1806; нашри иловаги. Ф.Чонсон, Л., 1826); Берже, (“Dectionnaire oeresan-fr.” (Лис., 1869, на он кадар хам калон); барои аз забони франсави ба форси тарчума кардан–Никола (П.,: 1885) ва Ганчери (М., 1840-1841), аз забони руси–Наливкин (Казон, 1889). Лугатхои тафсирии забони форси: “Бурхони котеъ” (Калкутта, 1818), “Фарханги Шоури” (Константинопол, 1746); “Хафт колзум” (Лукнов, 1822); “Фарханги Рашиди” (Калкута. 1875) ва гайра. Дар бораи зарфхои забони форси, ки дар хар кадом вилоят тагйир меёбанд ва хусусан дар сархадхо хеле фарк мекунанд, ниг. Березин, “Recheres sur les dialtctes persans” (“Учёные Записки Казанского Унив.”, 1851 ва 1852); Дорн, “Материалы” (СПб, 1866); Жуковский, “Пред-варительные Заметки” (“Зап.Вост.Отд.”, 1886) ва “Материалы (СПб, 1888); Мелгунов (“Zeitsxhr. D.1). Morg. Gesellsch.”, т.22); Фр.Мюллер (“Stzber. d. Wein. Akad.”, Ч. 77 ва 78).

Дар тадкики таркиби овози забони форсии нав (точики) хизмати И.И. Зарубин багоят зиёд аст. “Этнологические задачи экспедиции в Таджикистане”, с.1926., Л.Бузургзода “Фонетикаи забони адабии точик”, с.1940, В.С.Соколова “Фонетика таджидского языка”, 1949, В.С.Расторгуева “Краткий очерк фонетики таджидского языка”, 1955г., Саидризо Ализода “Морфология ва синтаксиси забони точики”, с.1926, Б.Ниёзмухаммадов “Чумлахои содда дар забони хозираи адабии точик”, 1968, Д.Точиев “Тарзхои алокаи муайяяншаванда бо муайянкунанда дар забони хозираи адабии точик”, с.1955, “Чумлахои мураккаби тобеи якчанд чумлаи пайрав дошта”, с.1966 ва “Воситахои алокаи чумлахои мураккаби тобеъи у, с.1971., М.Исматуллоев “Пуркунандаи бевосита дар забони хозираи точик”, с.1955, “Холхои макон ва вакт” с.1971, Ш.Рустамов “Чумлахои мураккаби тобеи чумлахои пайрави сабаб дошта дар забони хозираи адабии точик”, с.1968 , А.Эшончонов “Хабархои исми ва тарзхои ифода кардани онхо” с.1969 ва мухимтарин тадкикотхои ин соха ба калами В.В.Фрейман, М.Н.Боголюбов, В.А. Лившитс, И.М.Ораныкий, В.С.Расторгуева, А.З.Розенфелд, Н.Маъсуми, А.Кари-мов, Р.Додхудоев, М.Давлатова, Б.Сиёев ва Азим Байзоев тааллук доранд.

Олими машхури асри 19 рус А.Шепотев менависад: “Забони нави форси (забони  точики. – И.У.) аз забонхои турки ва араби бакулли фарк мекунад, он забони зебо ва бой ба хисоб рафта дар Осиё бештар пахн гардидааст”.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …