Главная / Биология / Чаро хучайраи чанин ба бофта ё узви мушаххас табдил меёбад?

Чаро хучайраи чанин ба бофта ё узви мушаххас табдил меёбад?

Ба ин савол бори нахуст олими барчастаи олмони, асосгузори эмбриологияи тачрибави Г.Шпеман марок зохир намудааст. Солхои 20-30-уми асри ХХ Шпеман чунин тачриба гузаронид. Аз чанини курбокка дар давраи аввали гаструли маншаи хорда ва хамрохи он маншаи мезодермаро бурида ба зери эктодермаи чанини дигар, ки аз вай бояд пуст пайдо мешуд, чойгир кард (расми 7.5).

Дар чои часпиши кисми кучонида бо эктодерма аз хисоби хучайрахои ибтидои пустпарда дар чанини найчаи дуюми иловагии асаб пайдо шуд. Вале аз хучайрахои бегона бошанд, хорда ва мезодерма ба вучуд омаданд. Дар тачрибахои дигар дар чои кучонидашуда як системаи томи узвхои маркази, ба монанди асаб, хорда, мезодерма (расми 7.6) ташаккул ёфтанд. Хамаи ин дагаргунихо дар баробари инкишофи муътадили кисмхои дигари чанин ба амал меоянд.

7-6

Холатеро, ки як гурухи хучайрахои ибтидои ба кисми дигари чанин таъсир мерасонанд, индуксияи чанини меноманд. Индуксияи чанини дар инкишофи чанин ахамияти калон дорад. Агар дар зинаи аввали гаструла хучайрахои ибтидоии хордаро пурра гирифта партоем, он гох найчаи асаб тамоман инкишоф намеёбад. Дар сурати ба чои экдодермаи тахтапушти чанин (аз вай найчаи асаб пайдо мешавад) ба вучуд омадани пустпарда, чанин махв мегардад.

Дар натичаи омузиши инкишофи чанин маълум гардид, ки огози ташаккули хорда нафакат бо индуктори найчаи  асаб, балки ба индуксияи хучайрахои ибтидоии силсилаи асаб низ мухточ аст. Дар давраи инкишофи чанин индуксия яктарафа набуда, балки таъсири мутакобилаи кисмхои чанин ба вучуд меояд. Хамин тавр, метавон ба чунин хулоса омад: холате, ки дар чараёни эмбриогенез кисми авали чанин ба кисми дигари он таъсир расонда, рохи инкишофи онро муайян мекунад, индуксияи чанини номида мешавад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Инкишофи чанини хайвонот чи гуна аст?
  2. Даврахои инкишофи чанини хайвоноти серхучайраро ном- бар кунед.
  3. Даврахои булакшавиро шарх дихед.
  4. Фаркияти булакшави аз таксимшавии митозии хучайрахои хайвон дар чист?
  5. Чанини дукабата чи гуна пайдо мешавад?
  6. Дар рафти инкишофи чанин кадом баргакхо пайдо мешаванд?

Истилохот:

  1. Давраи чанини – давраи инкишофи организм аз вакти ба вучуд омадани зигота то таваллуд шудан ё аз пардаи тухм берун баромадан.
  2. Индуксия – таъсири як бофта (чанин) ба кисмхои дигари чанин дар рафти эмбриогенез рафти инкишофи онро дар оянда муайян мекунад.
  3. Порашави (таксимшави) – раванди пайдо шудани чанини яккабат, яъне бластула.
  4. Гаструлятсия – раванди пайдо шудани чанини дукабата, яъне гаструла.
  5. Баргакхои чанин – кабатхои алохидаи хучайрахо, ки дар чанин чои муайянро дошта, узву бофтхои мушаххасро пайдо мекунанд.
  6. Органогенез – пайдоиш, ташаккул ва тафрикшавии узвхо дар инкишофи чанини.
  7. Онтогенез – мачмуи ходисахое, ки дар организм аз вакти пайдо шудани зигота то фавти онро дар бар мегирад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

КОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (КОНУНИ ТАЧЗИЯ)

Хангоми дурагакунии наслхои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум хам аломати модари …