Главная / Биология / Чаро ҳуҷайраи ҷанин ба бофта ё узви мушаххас табдил меёбад?

Чаро ҳуҷайраи ҷанин ба бофта ё узви мушаххас табдил меёбад?

Ба ин савол бори нахуст олими барҷастаи олмонӣ, асосгузори эмбриологияи таҷрибавӣ Г.Шпеман мароқ зоҳир намудааст. Солҳои 20-30-уми асри ХХ Шпеман чунин таҷриба гузаронид. Аз ҷанини қурбоққа дар давраи аввали гаструлӣ маншаи хорда ва ҳамроҳи он маншаи мезодермаро бурида ба зери эктодермаи ҷанини дигар, ки аз вай бояд пўст пайдо мешуд, ҷойгир кард (расми 7.5).

Дар ҷои часпиши қисми кўчонида бо эктодерма аз ҳисоби ҳуҷайраҳои ибтидоӣ пўстпарда дар ҷанини найчаи дуюми иловагии асаб пайдо шуд. Вале аз ҳуҷайраҳои бегона бошанд, хорда ва мезодерма ба вуҷуд омаданд. Дар таҷрибаҳои дигар дар ҷои кўчонидашуда як системаи томи узвҳои марказӣ, ба монанди асаб, хорда, мезодерма (расми 7.6) ташаккул ёфтанд. Ҳамаи ин дагаргуниҳо дар баробари инкишофи мўътадили қисмҳои дигари ҷанин ба амал меоянд.

7-6

Ҳолатеро, ки як гурўҳи ҳуҷайраҳои ибтидоӣ ба қисми дигари ҷанин таъсир мерасонанд, индуксияи ҷанинӣ меноманд. Индуксияи ҷанинӣ дар инкишофи ҷанин аҳамияти калон дорад. Агар дар зинаи аввали гаструла ҳуҷайраҳои ибтидоии хордаро пурра гирифта партоем, он гоҳ найчаи асаб тамоман инкишоф намеёбад. Дар сурати ба ҷои экдодермаи тахтапушти ҷанин (аз вай найчаи асаб пайдо мешавад) ба вуҷуд омадани пўстпарда, ҷанин маҳв мегардад.

Дар натиҷаи омўзиши инкишофи ҷанин маълум гардид, ки оғози ташаккули хорда нафақат бо индуктори найчаи  асаб, балки ба индуксияи ҳуҷайраҳои ибтидоии силсилаи асаб низ мўҳтоҷ аст. Дар давраи инкишофи ҷанин индуксия яктарафа набуда, балки таъсири мутақобилаи қисмҳои ҷанин ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр, метавон ба чунин хулоса омад: ҳолате, ки дар ҷараёни эмбриогенез қисми авали ҷанин ба қисми дигари он таъсир расонда, роҳи инкишофи онро муайян мекунад, индуксияи ҷанинӣ номида мешавад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Инкишофи ҷанини ҳайвонот чӣ гуна аст?
  2. Давраҳои инкишофи ҷанини ҳайвоноти серҳуҷайраро ном- бар кунед.
  3. Давраҳои бўлакшавиро шарҳ диҳед.
  4. Фарқияти бўлакшавӣ аз тақсимшавии митозии ҳуҷайраҳои ҳайвон дар чист?
  5. Ҷанини дуқабата чӣ гуна пайдо мешавад?
  6. Дар рафти инкишофи ҷанин кадом баргакҳо пайдо мешаванд?

Истилоҳот:

  1. Давраи ҷанинӣ – давраи инкишофи организм аз вақти ба вуҷуд омадани зигота то таваллуд шудан ё аз пардаи тухм берун баромадан.
  2. Индуксия – таъсири як бофта (ҷанин) ба қисмҳои дигари ҷанин дар рафти эмбриогенез рафти инкишофи онро дар оянда муайян мекунад.
  3. Порашавӣ (тақсимшавӣ) – раванди пайдо шудани ҷанини якқабат, яъне бластула.
  4. Гаструлятсия – раванди пайдо шудани ҷанини дуқабата, яъне гаструла.
  5. Баргакҳои ҷанин – қабатҳои алоҳидаи ҳуҷайраҳо, ки дар ҷанин ҷои муайянро дошта, узву бофтҳои мушаххасро пайдо мекунанд.
  6. Органогенез – пайдоиш, ташаккул ва тафриқшавии узвҳо дар инкишофи ҷанинӣ.
  7. Онтогенез – маҷмўи ҳодисаҳое, ки дар организм аз вақти пайдо шудани зигота то фавти онро дар бар мегирад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …