Главная / Гуногун / Чаро Хофизи Шерози мегуяд?

Чаро Хофизи Шерози мегуяд?

Чанги хафтоду ду миллат  хамаро узр бинех.

Чун надиданд хакикат рахи афсона заданд.

Модом, ки ахли дин хакикатро ёфта натавонанд, пас дин аз бахри чист?

Чавоб: Ин чо Хофиз равияхои гуногуни диниро дар назар дорад, ки рохи Хак-яъне рохи «Хак-таоло»-ро ёфта натавониста, ба хам мечанганд. Хол он ки Худи Мухаммад (а) дар Куръон хеле хам вочеху равшан гуфтааст: «Мо ба китобхои мукаддас, ки …ба Мусо, Исо ва дигар пайгамбарон нозил шудаанд, ягон тафовутро байни онхо намебинем. Мо худро ба У (яъне Худо) додаем» (Куръон).

Дини Исломро мисол мегирем. Мо аз шархи Аркони панчгонаи Ислом худдори карда, факат аз китоби «Тамхидот»-и Айнулкузот дар бораи имон як шингил мисол меорем:

«Ба Иброхим Халилулллох хамин хитоб омад:

– Дил мусулмон кун!

Гуфт: – Дил мусулмон кардам.

Хитоб омад: – Хама муъминон мусулмон бошанд, аммо хама мусулмонон муъмин набошанд».

Дини Ислом илова ба Аркони худ, боз конуни ахлокии худро дорад. Кодекси ахлокии дини Ислом нисбат ба Аркони панчгонаи вай хеле  доманадор аст; аз тамоми динхои бузурги чахони дини Ислом дини тез пахншаванда аст, зеро дар ин дин нисбат ба хамаи динхои дигар, хусусияти граждани – сиёси (табаави – сиёси) ва ахлоки  афзалият дорад. Шариат ё хукуки исломи, кодекси конунхои худро дорад, ки тарафхои гуногуни хаёти заминии  мусулмононро ба тартиб меоварад. Шариат хамаашро дар бар мегирад: шахси мусулмон дар адои намоз, дар кор, дар чамъият, дар оила, дар муносибат ба хешу табор ва гайрахо худро бояд чигуна нигох дорад, чи хел бошад, муайян кардааст. Риояи ин конун одамро инсони комил мегардонад.

Хулоса,  Ислом – хамчун дин, бо хусусиятхои граждани – сиёсии худ ба чахонбинии ахли мусалмон сахт чойгир шуда, уро муъмин мегардонад. Аз ин лихоз хак ба чониби Саид Чамолиддини Афгон аст, ки мегуяд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Хар айб, ки хаст дар мусулмонии мост.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …