Главная / Илм / ЧАМОАХОИ АВЛОДИИ ОДАМОНИ ИБТИДОИ

ЧАМОАХОИ АВЛОДИИ ОДАМОНИ ИБТИДОИ

Муборизаи одамон бар зидди даррандагон, мехнати якчояи онхо барои зисту зиндагони, фурузон нигох доштани гулхан ва пайдоиши нутк имконият доданд, ки одамон боз хам муттахиду тифоктар бошанд. Аз вакти пайдо шудани “одами боакл” одамон ба гуруххои доимии аз хешовандон иборатбуда муттахид мешуданд. Аз руи нишонахои хешутабори чунин гурухи одамонро авлод номидаанд. Хайати авлод аз як ачдод иборат буда, бо хамдигар пайванди хуни дошта, дар як каламрав, махал ва ё гор зиндагони мекарданд.

odamoni-qadimДар авлод мардхо ба шикор ва мохидори якчоя машгул мешуданд. Сохтани олоти мехнат хам вазифаи онхо буд. Занхо бошанд, ба неъматгундори, аз пусти хайвонот духтани сару либос, пухтупаз ва тарбияи кудакон машгул буданд. Хамаи аъзоёни авлод аз он чи ки ба даст медароварданд, якчоя истифода мебурданд, гизоро якчоя мехурданд. Яъне озука, ашё, манзил хайвоноти хонагй ва гайра моликияти умумии онхо хисоб мешуданд.

Бостоншиносон муайян намудаанд, ки аъзоёни чамоаи авлоди занхоро хурмату эхтиром мекарданд. Хайкалчахои зиёди занон, ки аз устухон тарошида шудаанд, дар ин бора шаходат медиханд.

Ичрои аксари корхои чамоаи авлоди ба зимаи занон буданд. Яъне дар авлоди чамоати ибтидои дар мехнат макоми зан нисбат ба мард баландтар буд. Барои хамин у мавкеи хукмронро дар даст дошт. Бехуда нест, ки давраи пайдоиши “одами боакл”-роогози давраи модаршохи меноманд. Давраи модаршохи тахинан дар хазорсолахои 50-35 пеш аз милод огоз ёфтааст.

Авлодхои чамоаи ибтидои ба тарбияи фарзандон диккати чидди медоданд. Кудакон аз хурдсоли ба корхои хона ёри расонда, ба мехнат одат ме- карданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …