Главная / Илм / ҶАМОАҲОИ АВЛОДИИ ОДАМОНИ ИБТИДОӢ

ҶАМОАҲОИ АВЛОДИИ ОДАМОНИ ИБТИДОӢ

Муборизаи одамон бар зидди даррандагон, меҳнати якҷояи онҳо барои зисту зиндагонӣ, фурӯзон нигоҳ доштани гулхан ва пайдоиши нутқ имконият доданд, ки одамон боз ҳам муттаҳиду тифоқтар бошанд. Аз вақти пайдо шудани “одами боақл” одамон ба гурӯхҳои доимии аз хешовандон иборатбуда муттаҳид мешуданд. Аз рӯи нишонаҳои хешутаборӣ чунин гурӯҳи одамонро авлод номидаанд. Ҳайати авлод аз як аҷдод иборат буда, бо ҳамдигар пайванди хунӣ дошта, дар як қаламрав, махал ва ё гор зиндагонӣ мекарданд.

odamoni-qadimДар авлод мардҳо ба шикор ва моҳидорӣ якҷоя машғул мешуданд. Сохтани олоти меҳнат ҳам вазифаи онҳо буд. Занҳо бошанд, ба неъматғундорӣ, аз пӯсти ҳайвонот дӯхтани сару либос, пухтупаз ва тарбияи кӯдакон машғул буданд. Ҳамаи аъзоёни авлод аз он чи ки ба даст медароварданд, якҷоя истифода мебурданд, ғизоро якҷоя мехӯрданд. Яъне озуқа, ашё, манзил ҳайвоноти хонагй ва ғайра моликияти умумии онҳо ҳисоб мешуданд.

Бостоншиносон муайян намудаанд, ки аъзоёни ҷамоаи авлодӣ занҳоро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ҳайкалчаҳои зиёди занон, ки аз устухон тарошида шудаанд, дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

Иҷрои аксари корҳои ҷамоаи авлодӣ ба зимаи занон буданд. Яъне дар авлоди ҷамоати ибтидоӣ дар меҳнат мақоми зан нисбат ба мард баландтар буд. Барои ҳамин ӯ мавқеи ҳукмронро дар даст дошт. Беҳуда нест, ки давраи пайдоиши “одами боақл”-рооғози давраи модаршоҳӣ меноманд. Давраи модаршоҳӣ тахинан дар ҳазорсолаҳои 50-35 пеш аз милод оғоз ёфтааст.

Авлодҳои чамоаи ибтидоӣ ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медоданд. Кӯдакон аз хурдсолӣ ба корҳои хона ёрӣ расонда, ба меҳнат одат ме- карданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …