Главная / Гуногун / ЧАК-ЧАКИ БОРОН

ЧАК-ЧАКИ БОРОН

Вакте ки Шокир аз руи одати деринааш: пас аз кор пои пиёда ба хонааш бармегашт, касе уро фарёд кард.

– Шокир! Шокир!.. Э, Шокир!

Вай аз рох бозистода, ба кафо гашт. Ва Рауфро дид, ки бо кадамхои бардаму катъи суи у меомад. Вале чи карру фарре дошт у! Сару либосаш чунон пурбахо буд, ки гумон мекардед вай камаш вазир бошад. Дар сараш кулох, дар пояш туфлии сиёхи ялаккоси. Дар лабаш сигори «Парламент» дуд мекард. Тамоми вучуди уро як навъ гурур орову торо медод. Руяш аз хурсанди мавч мезад. Чашмонаш чун барк медурахшид. Одами хамеша чун санг хомуш холо магруру чун туфон дар чуш аст. Дар пеши назари Шокир гуё аруси сол – бахори сабзу хуррам мучассам шуда буд.

boron– Ха, ин кадар зики?

– Зик не, андешаи рузгор…

– Заб дилтанг будаи-да! Гами рузгор хурда, руз то руз обу адо шуда мерави. Аз ман ибрат гир!

Ва у бидуни одат Шокирро ба огуш кашида, аз сару ру ва буни гарданаш бусид. Тамоми вучуди Шокир ба аломати савол табдил ёфт. Рауф лабу лунчи аз фарах качу килебашро базур гундошта, мушт ба кундаи сина зада, хурсандии худро ботантана эълон кард:

– Метавони маро табрик куни! Ках-ка-ах!

Вай ханда мезаду чапак. Ва ба ин хам каноат накарда, ба ракс даромад. Хандаи аз хад зиёди Рауф газаби Шокирро овард.

– Хой! Худаш чи гап?! Чинни шуди чи бало?!

– Э, Худо ки медодааст намепурсидааст, ки саги кадом кучаи. Ту маро ягон бор бо хамин хел либосхои наппа-нави киматбахо дида буди? Не! Карзу кавола карда харидам. Ха! Э, Шокирбой, аз хурсанди дар куртаам намегунчам. Ха! Чунон шодам, ки мондан гир! Чашмонам нур гирифтаанд. Шахр бароям хусни дигар пайдо кардааст. Хор хам дар назарам гул менамояд.

Косаи сабри Шокир лабрез шуд.

– Хой Рауф, мурод аз ин хама шаф-шаф чист?

– Э хой! Гапа бин-а? Шаф-шаф будааст-а? Кабутари ишк ба дилам лона гузошт! Мефахми?! Кабутари ишк!

– Чи-и? – ба гушхояш бовар накард Шокир. – Чи гуфти? Ошик шуди?

– Э, Шокирбой! Аз ошикхо хам ошиктар! Ошики шайдо! Чун Мачнун!

– На-а-ход? Ба ки?

– Ба як фаришта! – посух дод Рауф ва хитоб намуд: – Гуш кун!

– Хуш? – Шокир ду чашм ба у, ду гуш ба шунидани суханони вай омода намуд.

– Дируз нохост дар куча дидам уро. Ха! Дидаму хуш аз сарам рафт. Ана, каду комат! Ана, чашму абру! Ана, рую му! Валло фаришта! Э, фариштаи чи, олиха! Хусну чамоли у хамчун маи кухна маро маст кард. Ва дар дилам оташи ишкро афрухт.

– Баъд чи?

– Баъд, у ба ман тухфа кард.

– Чи? Чи тухфа кард?

– Табассум!

– Табассум?

– Ха! Табассуми ширини масткунанда. Э, Шокирбой! Дар хакикат ишкаш чизи ачиб будааст. Гуфтам-ку, чашмонам нур гирифтанд. Шахр бароям хусни дигар пайдо кардааст. Хор хам дар назарам гул менамояд. Ана, ту хам дар назарам хазрати Хизр барин менамои. Кисса кутох ман ба… холо чи буд? Ха… хо… рохи… мегуянд-ку.

– Шохрохи ишк!

– Хе, кам нашав-е! Ёфти! Хуш, ки бошад, ман ба шохрохи ишк кадам ниходам!

– Офарин! – ба китфи у тап-тап зад Шокир ва дасташро фишурда гуфт: – Мулло Рауф, муборак!

– Куллук!

Аз хасад дар як кунчаки дили Шокир оташи рашк аланга зад.

– Лекин хушёр шав, ки ин рох бисёр хатарнок аст! Пасти дорад, баланди дорад, гардиш дорад, эхе, кисса кутох… хазору як бало дорад.

– Эъ, аз хамин гапхои хунукат намонди-да, Шокирбой! – ранчиданамо гуфт Рауф. – Биё, бехтараш…

– Сум дихам-ми?

– Бидихи, не намегуям. “Хар чизе, ки аз дуст расад, накуст” – мегуянд. Сум зарар надорад, лозим мешавад.

– Сум надорам.

– Хайр, як дуо те!

– Омин! Худоё, худовандо дар шохрохи ишк пешпо нахури! Оллоху акбар!

2

Пас аз як хафта Шокир Рауфро дид. Бо хамон карру фар, бо хамон сару либос. Чун туфон дар чуш. Ба назари Шокир чунин намуд: пойхои Рауф ба замин намерасанд, гуё вай кадам намемонаду дар хаво шино мекунад.

– Рауф! Рауф!.. Э, Рауф!

Рауф уро сахт ба огуш кашида, бардошту чарх занонд.

– Хуш, шер ё рубох? – саросема пурсид Шокир.

Рауф гул-гул шукуфта хандид.

– Шер! – гуфт у ботантана. – Шери нар!

– Шер – шер аст! – маънидор ханди у. – Хох мода бошад, хох нар!

– Рост!

– Оличаноб! Ку накл кун.

– Хуш, ки бошад Шокирбой, пас аз ду руз дидам, ки он фаришта… э, олиха дар куча аз ру ба руям меояд. Якта-якта кадам монда меояд. Ох, Шокирбой, чунон меояд, ки обу адо мешави! Ва ман бе хеч гуна сарсухан ба у мурочиат намуда, пурсидам:

– Ин шумоед, Олиха?

– Хуш, баъд чи?

– Баъд чи? Ох, Шокирбой! Олиха бо табссуми ширин дахон гунча карда гуфт: «Чавони зебо, ягон гап доштед?» Ман кабат-кабат гушт гирифта гуфтам: «Ман шуморо имшаб дар хоб дидам». Э, Шокирбой! Олиха бошад, бо ишваю ноз «Рост? Баъд чи?» – гуён пурсид. «Баъд?.. Баъд… шуморо буса кардам» – гуфтам ба у. Вай бошад, бо сад нозу адои дилбари «эха, ин шумо будед-да?» – табассуми кушанда кард.

– Хайр шуд, бисёр мухобот накун.

– Биллои азим, ки рост мегуям. Дуруг гуям, дар хамин чо, дар пеши назари ту кафида мурам.

– Хайр, баъд чи?

– Баъд буса зад. Рухсорахоям аз бусаи ширин гуё даргирифт. Кунду карахт шудам. Чи гуфтанамро намедонистам. «Рафтем!» – гуфт у аз дастам дошта.

– А-а, ба рости? – бо тааччуб ангушт ба дахон бурд Шокир. – Хамин хел осон ба дом афтод?

– Ха, махтали ишора будааст. Хайр, худам хам як йигити чор кас медидаги-дия!

Ва ин дам тамоми вучуди уро як навъ гурур орову торо дода, ба чило омад.

– Хуш, баъд чи?

– Баъд маишат, кайфу сафо! Огуш ба огуш! Худро дар бихишт хис намудам. Аз хурсанди кариб девона шавам. Ох, Шокир! Ту ин гуна шахдро шояд хеч гох начашида боши!

Баногох шамоли хасад тамоми вучуди Шокирро лесида гузашт.

– Маладес! – бо аломати тахсин ба китфи вай тап-тап зад Шокир. – Исто, ки туй кай?

– Туй? – хайрон шуд Рауф. – Чи хел туй?

– О-о, туйи тую Олиха-дия.

Рауф кох-кох хандид.

– Э, содда-е! – таъна зад у. – О, ман зан дорам.

– Зан дори? – аз хайрат дахони Шокир воз монд. – Пас чаро Олихаро ба дом афтонди?

– Э, хафтафахм-е! – боз таъна зад у. – Хой, одам ба дунё як маротиба меояд. Бояд маишат карда гирад. Ин Олиха барои маишат!

– Уху…

– Ках-ка-ах! Акот дар ин кор устухон надорад!

– Ха-а-а… ин хел гуй… Ачиб… – ангушти хайрат ба дахон бурда музтар монд Шокир.

3

Хаво дим буд. Шокир дар банди хаёл, охиста-охиста кадам монда мерафт. Ногох гунчишке питирас зада, аз пешаш парвоз карда гузашт. Вай як кад парида, ба худ омад. Ва Рауфро дид. Вале уро кариб шинохта намешуд. Чун бемор охиста-охиста кадам зада меомад. Аз он либосхои пурбахои у, аз он дурахши чашмони у, хурсандии у, гуруру чушу хуруши у ному нишоне намонда буд. Хароб, пуст ба руи устухон буд вай. Рагхои гардани борикаш гуё овезон буданд. Маъюсу малул, чашмони бенураш аз танги базур метофтанд. Аз шиддати галаёни азиятовари ботини ба худ мепечид. Лабонаш пир-пир мепариданд. Дар пеши назари Шокир гуё фасли хазонрез мучассам мегашт.

Бо дили нохохам базур ба саломи Шокир алек гирифт. Шокир бо хотири мушавваш сар то по ба у нигох карда, баъд пурсид:

– Ха, худаш чи гап? Ба ту чи шуд? Чаро ба ин хол афтиди?

Рауф, чи гуфтанашро надониста, ба замин чашм духт ва гурунг-гурунг кард:

– Э… напурс… Дунё дар назарам тангу тор. Гулхо дар назарам хор.

– Хаъ?.. Мабодо, ку дар шохрохи ишк пешпо нахурда боши?

– Э, не-е, кошки дар шохрохи ишк пешпо мехурдам. Сарам мекафид, дастам мешикаст, шифо меёфт. Вале ман ба шохрох не, ба тангкуча ворид шуда будаам, ки ба охир расид.

– Чи? Тангкуча? Олиха туро дигар кабул накард?

– Эъ, не-е! Кошки рох намедод.

Токати Шокир ток шуд.

– Эъ, о чи кард ба ту?

– Э, рузам сиёх шуд.

Дили у пур шуда, гиряро сар дод.

– Э, ту кудак-а! Барои чи гиря мекуни?

– Э, чак-чаки борон-е…

– Чак-чаки борон? Хеч чизро намефахмам, дурусттар гап зан.

– Э, маро бемор кард, Олихаи лаънати. Касали венерики. Ин касалро “чак-чаки борон” мегуфтаанд. Занам баромада рафт. Ха! Як лахза маишатам аз почакои биниам баромадан дорад акнун. Ана, акнун ду мох шуд, корам духтургарди. Хеч не, ки шифо ёбам.

Шокир акнун фахмид чак-чаки боронро.

– А-а, ба рости? – бо тааччуб ангушт ба дахон бурд Шокир.

– Ха, ду мох боз шабу руз гаму гусса мехурам. Дарунам аз гаму гусса хурдан пусидагист. Чун зиндаи дар гурам! Ох, чи дахшат аст ин, Шокирбой! Барои душман хам ин рузро орзу намекунам!

Шокир дахонашро калон кушода, сахт-сахт мижа зад.

– Ха-а-а… Э, ин тур гуй… Маишат аз почакои биниам баромадан дорад гуй…

– Ха…

– Э, ина бинед-а! О-о, “Ках-ка-ах! Акот дар ин кор устухон надорад!” гуфта буди-ку?

– Э, рав-е!..

4

Хофиз суруди “Чак-чаки борон”-ро мехонду Шокир рузнома. Ногох чашмаш ба навиштаи зерин афтид: “Ахли фалон корхона аз марги нобахангоми Рауф Рахимов андухин буда, ба ахли оилаи у сабри чамил мехохад”.

Дили Шокир чун хезуми тар ба сузиш даромад. Садои мусики ба гушаш нофорам мерасид.

– Эх, Рауф, Рауф…

Хамсараш аз мушаввашии шавхараш изхори ташвиш карда, пурсид, ки чи гап.

– Рауф аз дунё гузашт…, – гуфт Шокир бо андух. – Чавон буд…

– Чояш чаннат бошад!

Шокир хост чизе гуяд, аммо садои хофиз ба у имкон надод:

                                  “Чак-чаки борони бахор…”

 16 июли соли 2000

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …