Главная / Гуногун / ЧАК-ЧАКИ БОРОН

ЧАК-ЧАКИ БОРОН

Вақте ки Шокир аз рўи одати деринааш: пас аз кор пои пиёда ба хонааш бармегашт, касе ўро фарёд кард.

– Шокир! Шокир!.. Э, Шокир!

Вай аз роҳ бозистода, ба қафо гашт. Ва Рауфро дид, ки бо қадамҳои бардаму қатъӣ сўи ў меомад. Вале чӣ карру фарре дошт ў! Сару либосаш чунон пурбаҳо буд, ки гумон мекардед вай камаш вазир бошад. Дар сараш кулоҳ, дар пояш туфлии сиёҳи ялаққосӣ. Дар лабаш сигори «Парламент» дуд мекард. Тамоми вуҷуди ўро як навъ ғурур орову торо медод. Рўяш аз хурсандӣ мавҷ мезад. Чашмонаш чун барқ медурахшид. Одами ҳамеша чун санг хомўш ҳоло мағруру чун тўфон дар ҷўш аст. Дар пеши назари Шокир гўё арўси сол – баҳори сабзу хуррам муҷассам шуда буд.

boron– Ҳа, ин қадар зиқӣ?

– Зиқ не, андешаи рўзгор…

– Заб дилтанг будаӣ-да! Ғами рўзгор хўрда, рўз то рўз обу адо шуда меравӣ. Аз ман ибрат гир!

Ва ў бидуни одат Шокирро ба оғўш кашида, аз сару рў ва буни гарданаш бўсид. Тамоми вуҷуди Шокир ба аломати савол табдил ёфт. Рауф лабу лунҷи аз фараҳ каҷу килебашро базўр ғундошта, мушт ба кундаи сина зада, хурсандии худро ботантана эълон кард:

– Метавонӣ маро табрик кунӣ! Қаҳ-қа-аҳ!

Вай ханда мезаду чапак. Ва ба ин ҳам қаноат накарда, ба рақс даромад. Хандаи аз ҳад зиёди Рауф ғазаби Шокирро овард.

– Ҳой! Худаш чӣ гап?! Ҷиннӣ шудӣ чӣ бало?!

– Э, Худо ки медодааст намепурсидааст, ки саги кадом кўчаӣ. Ту маро ягон бор бо ҳамин хел либосҳои наппа-нави қиматбаҳо дида будӣ? Не! Қарзу қавола карда харидам. Ҳа! Э, Шокирбой, аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷам. Ҳа! Чунон шодам, ки мондан гир! Чашмонам нур гирифтаанд. Шаҳр бароям ҳусни дигар пайдо кардааст. Хор ҳам дар назарам гул менамояд.

Косаи сабри Шокир лабрез шуд.

– Ҳой Рауф, мурод аз ин ҳама шаф-шаф чист?

– Э ҳой! Гапа бин-а? Шаф-шаф будааст-а? Кабутари ишқ ба дилам лона гузошт! Мефаҳмӣ?! Кабутари ишқ!

– Чӣ-ӣ? – ба гўшҳояш бовар накард Шокир. – Чӣ гуфтӣ? Ошиқ шудӣ?

– Э, Шокирбой! Аз ошиқҳо ҳам ошиқтар! Ошиқи шайдо! Чун Маҷнун!

– На-а-ход? Ба кӣ?

– Ба як фаришта! – посух дод Рауф ва хитоб намуд: – Гўш кун!

– Хуш? – Шокир ду чашм ба ў, ду гўш ба шунидани суханони вай омода намуд.

– Дирўз нохост дар кўча дидам ўро. Ҳа! Дидаму ҳуш аз сарам рафт. Ана, қаду қомат! Ана, чашму абрў! Ана, рўю мў! Валло фаришта! Э, фариштаи чӣ, олиҳа! Ҳусну ҷамоли ў ҳамчун маи кўҳна маро маст кард. Ва дар дилам оташи ишқро афрўхт.

– Баъд чӣ?

– Баъд, ў ба ман тўҳфа кард.

– Чӣ? Чӣ тўҳфа кард?

– Табассум!

– Табассум?

– Ҳа! Табассуми ширини масткунанда. Э, Шокирбой! Дар ҳақиқат ишқаш чизи аҷиб будааст. Гуфтам-ку, чашмонам нур гирифтанд. Шаҳр бароям ҳусни дигар пайдо кардааст. Хор ҳам дар назарам гул менамояд. Ана, ту ҳам дар назарам ҳазрати Хизр барин менамоӣ. Қисса кутоҳ ман ба… ҳоло чӣ буд? Ҳа… ҳо… роҳи… мегўянд-ку.

– Шоҳроҳи ишқ!

– Ҳе, кам нашав-е! Ёфтӣ! Хўш, ки бошад, ман ба шоҳроҳи ишқ қадам ниҳодам!

– Офарин! – ба китфи ў тап-тап зад Шокир ва дасташро фишурда гуфт: – Мулло Рауф, муборак!

– Қуллуқ!

Аз ҳасад дар як кунҷаки дили Шокир оташи рашк аланга зад.

– Лекин ҳушёр шав, ки ин роҳ бисёр хатарнок аст! Пастӣ дорад, баландӣ дорад, гардиш дорад, эҳе, қисса кўтоҳ… ҳазору як бало дорад.

– Эъ, аз ҳамин гапҳои хунукат намондӣ-да, Шокирбой! – ранҷиданамо гуфт Рауф. – Биё, беҳтараш…

– Сўм диҳам-мӣ?

– Бидиҳӣ, не намегўям. “Ҳар чизе, ки аз дўст расад, накўст” – мегўянд. Сўм зарар надорад, лозим мешавад.

– Сўм надорам.

– Хайр, як дуо те!

– Омин! Худоё, худовандо дар шоҳроҳи ишқ пешпо нахўрӣ! Оллоҳу акбар!

2

Пас аз як ҳафта Шокир Рауфро дид. Бо ҳамон карру фар, бо ҳамон сару либос. Чун тўфон дар ҷўш. Ба назари Шокир чунин намуд: пойҳои Рауф ба замин намерасанд, гўё вай қадам намемонаду дар ҳаво шино мекунад.

– Рауф! Рауф!.. Э, Рауф!

Рауф ўро сахт ба оғўш кашида, бардошту чарх занонд.

– Хўш, шер ё рубоҳ? – саросема пурсид Шокир.

Рауф гул-гул шукуфта хандид.

– Шер! – гуфт ў ботантана. – Шери нар!

– Шер – шер аст! – маънидор ханди ў. – Хоҳ мода бошад, хоҳ нар!

– Рост!

– Олиҷаноб! Ку нақл кун.

– Хўш, ки бошад Шокирбой, пас аз ду рўз дидам, ки он фаришта… э, олиҳа дар кўча аз рў ба рўям меояд. Якта-якта қадам монда меояд. Оҳ, Шокирбой, чунон меояд, ки обу адо мешавӣ! Ва ман бе ҳеҷ гуна сарсухан ба ў муроҷиат намуда, пурсидам:

– Ин шумоед, Олиҳа?

– Хўш, баъд чӣ?

– Баъд чӣ? Оҳ, Шокирбой! Олиҳа бо табссуми ширин даҳон ғунча карда гуфт: «Ҷавони зебо, ягон гап доштед?» Ман қабат-қабат гўшт гирифта гуфтам: «Ман шуморо имшаб дар хоб дидам». Э, Шокирбой! Олиҳа бошад, бо ишваю ноз «Рост? Баъд чӣ?» – гўён пурсид. «Баъд?.. Баъд… шуморо бўса кардам» – гуфтам ба ў. Вай бошад, бо сад нозу адои дилбарӣ «эҳа, ин шумо будед-да?» – табассуми кушанда кард.

– Хайр шуд, бисёр муҳобот накун.

– Биллои азим, ки рост мегўям. Дурўғ гўям, дар ҳамин ҷо, дар пеши назари ту кафида мурам.

– Хайр, баъд чӣ?

– Баъд бўса зад. Рухсораҳоям аз бўсаи ширин гўё даргирифт. Кунду карахт шудам. Чӣ гуфтанамро намедонистам. «Рафтем!» – гуфт ў аз дастам дошта.

– А-а, ба ростӣ? – бо тааҷҷуб ангушт ба даҳон бурд Шокир. – Ҳамин хел осон ба дом афтод?

– Ҳа, маҳтали ишора будааст. Хайр, худам ҳам як йигити чор кас медидагӣ-дия!

Ва ин дам тамоми вуҷуди ўро як навъ ғурур орову торо дода, ба ҷило омад.

– Хўш, баъд чӣ?

– Баъд маишат, кайфу сафо! Оғўш ба оғўш! Худро дар биҳишт ҳис намудам. Аз хурсандӣ қариб девона шавам. Оҳ, Шокир! Ту ин гуна шаҳдро шояд ҳеҷ гоҳ начашида бошӣ!

Баногоҳ шамоли ҳасад тамоми вуҷуди Шокирро лесида гузашт.

– Маладес! – бо аломати таҳсин ба китфи вай тап-тап зад Шокир. – Исто, ки тўй кай?

– Тўй? – ҳайрон шуд Рауф. – Чӣ хел тўй?

– О-о, тўйи тую Олиҳа-дия.

Рауф қоҳ-қоҳ хандид.

– Э, содда-е! – таъна зад ў. – О, ман зан дорам.

– Зан дорӣ? – аз ҳайрат даҳони Шокир воз монд. – Пас чаро Олиҳаро ба дом афтондӣ?

– Э, ҳафтафаҳм-е! – боз таъна зад ў. – Ҳой, одам ба дунё як маротиба меояд. Бояд маишат карда гирад. Ин Олиҳа барои маишат!

– Ўҳў…

– Қаҳ-қа-аҳ! Акот дар ин кор устухон надорад!

– Ҳа-а-а… ин хел гўй… Аҷиб… – ангушти ҳайрат ба даҳон бурда музтар монд Шокир.

3

Ҳаво дим буд. Шокир дар банди хаёл, оҳиста-оҳиста қадам монда мерафт. Ногоҳ гунҷишке питирас зада, аз пешаш парвоз карда гузашт. Вай як қад парида, ба худ омад. Ва Рауфро дид. Вале ўро қариб шинохта намешуд. Чун бемор оҳиста-оҳиста қадам зада меомад. Аз он либосҳои пурбаҳои ў, аз он дурахши чашмони ў, хурсандии ў, ғуруру ҷўшу хурўши ў ному нишоне намонда буд. Хароб, пўст ба рўи устухон буд вай. Рагҳои гардани борикаш гўё овезон буданд. Маъюсу малул, чашмони бенураш аз тангӣ базўр метофтанд. Аз шиддати ғалаёни азиятовари ботинӣ ба худ мепечид. Лабонаш пир-пир мепариданд. Дар пеши назари Шокир гўё фасли хазонрез муҷассам мегашт.

Бо дили нохоҳам базўр ба саломи Шокир алек гирифт. Шокир бо хотири мушавваш сар то по ба ў нигоҳ карда, баъд пурсид:

– Ҳа, худаш чӣ гап? Ба ту чӣ шуд? Чаро ба ин ҳол афтидӣ?

Рауф, чӣ гуфтанашро надониста, ба замин чашм дўхт ва ғурунг-ғурунг кард:

– Э… напурс… Дунё дар назарам тангу тор. Гулҳо дар назарам хор.

– Ҳаъ?.. Мабодо, ку дар шоҳроҳи ишқ пешпо нахўрда бошӣ?

– Э, не-е, кошкӣ дар шоҳроҳи ишқ пешпо мехўрдам. Сарам мекафид, дастам мешикаст, шифо меёфт. Вале ман ба шоҳроҳ не, ба тангкўча ворид шуда будаам, ки ба охир расид.

– Чӣ? Тангкўча? Олиҳа туро дигар қабул накард?

– Эъ, не-е! Кошкӣ роҳ намедод.

Тоқати Шокир тоқ шуд.

– Эъ, о чӣ кард ба ту?

– Э, рўзам сиёҳ шуд.

Дили ў пур шуда, гиряро сар дод.

– Э, ту кўдак-а! Барои чӣ гиря мекунӣ?

– Э, чак-чаки борон-е…

– Чак-чаки борон? Ҳеҷ чизро намефаҳмам, дурусттар гап зан.

– Э, маро бемор кард, Олиҳаи лаънатӣ. Касали венерикӣ. Ин касалро “чак-чаки борон” мегуфтаанд. Занам баромада рафт. Ҳа! Як лаҳза маишатам аз почакои биниам баромадан дорад акнун. Ана, акнун ду моҳ шуд, корам духтургардӣ. Ҳеҷ не, ки шифо ёбам.

Шокир акнун фаҳмид чак-чаки боронро.

– А-а, ба ростӣ? – бо тааҷҷуб ангушт ба даҳон бурд Шокир.

– Ҳа, ду моҳ боз шабу рўз ғаму ғусса мехўрам. Дарунам аз ғаму ғусса хўрдан пусидагист. Чун зиндаи дар гўрам! Оҳ, чӣ даҳшат аст ин, Шокирбой! Барои душман ҳам ин рўзро орзу намекунам!

Шокир даҳонашро калон кушода, сахт-сахт мижа зад.

– Ҳа-а-а… Э, ин тур гўй… Маишат аз почакои биниам баромадан дорад гўй…

– Ҳа…

– Э, ина бинед-а! О-о, “Қаҳ-қа-аҳ! Акот дар ин кор устухон надорад!” гуфта будӣ-ку?

– Э, рав-е!..

4

Ҳофиз суруди “Чак-чаки борон”-ро мехонду Шокир рўзнома. Ногоҳ чашмаш ба навиштаи зерин афтид: “Аҳли фалон корхона аз марги нобаҳангоми Рауф Раҳимов андўҳин буда, ба аҳли оилаи ў сабри ҷамил мехоҳад”.

Дили Шокир чун ҳезуми тар ба сўзиш даромад. Садои мусиқӣ ба гўшаш нофорам мерасид.

– Эҳ, Рауф, Рауф…

Ҳамсараш аз мушаввашии шавҳараш изҳори ташвиш карда, пурсид, ки чӣ гап.

– Рауф аз дунё гузашт…, – гуфт Шокир бо андўҳ. – Ҷавон буд…

– Ҷояш ҷаннат бошад!

Шокир хост чизе гўяд, аммо садои ҳофиз ба ў имкон надод:

                                  “Чак-чаки борони баҳор…”

 16 июли соли 2000

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

kazak

Аз 17 август Қазоқистон маҳдудиятҳои карантиниро бекор мекунад

Комиссияи ҳукуматӣ рӯзи панҷшанбе дар Қазоқистон баён мекунад, ки аксари маҳдудиятҳои карантиниро, ки бар асари …