Главная / Варзиш / «Бозии аспакон»

«Бозии аспакон»

Бачахои синни хурди мактаби дар майдонча ё сабзазор чамъ меоянд. Шумораи бозингарон – аз 6 то 20 нафар. Барои бози чубхои 1,5-2 метра барои хар бозингар ва хамон кадар ресмонхои кутох лозим аст.

Тасвир: бозингарон ба ду гурух таксим шуда дар як тарафи май- донча дар назди хати огоз саф мекашанд. Дартарафи мукобил, мувози ба хати огоз, ба масофаи 25-50 м хати марра кашида шудааст.

Дар паси хати марра барои рохбари бозй чоркунча кашида шуда- аст. Сардорхо ба хар як бозингари гурухашон яктоги чуб ва ресмон медихад.

01

Бозингарон ба болои чуб савор мешаванд, бо дасти чап нуги чуб, бо дасти рост ресмонро медоранд. Бо ишораи рохбар «Чух!» гуён ба тарафи хати марра мечаханд. Расидахо ба назди рохбар меоянд. Довар галабаи гурухеро эълон мекунад ва номи бозингаронеро, ки якумин шуда расида омаданд, мегуяд. Бози якчанд маротиба гузаронида меша- вад. Гурухе, ки маротибаи зиёд бозиро якумин шуда ба охир мерасонад, голиб дониста мешавад.

Коидахо:

  1. Бе ишора давидан манъ аст. Касе, ки ин коидаро вайрон мекунад , аз бози мебарояд.
  2. Хангоми давидан ба якдигар халал расонидан мумкин нест.
  3. Пас аз эълони натичахо хама ба назди хати огоз бармегарданд.
  4. Танхо бо усули муайянкардашуда, аз чумла давидан, чахидан бо навбат бо пойи рост ва чап, туда-туда харакат кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

44-chashma-27

Чилучорчашма – дар нохияи Носири Хусрав

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби мукаддас. Он дар сохили рости дарёи Кофнихон, 12 км …