Главная / Варзиш / «Бозии аспакон»

«Бозии аспакон»

Бачаҳои синни хурди мактабӣ дар майдонча ё сабзазор ҷамъ меоянд. Шумораи бозингарон – аз 6 то 20 нафар. Барои бозӣ чӯбҳои 1,5-2 метра барои ҳар бозингар ва ҳамон қадар ресмонҳои кӯтоҳ лозим аст.

Тасвир: бозингарон ба ду гурӯҳ тақсим шуда дар як тарафи май- донча дар назди хати оғоз саф мекашанд. Дартарафи муқобил, мувозӣ ба хати оғоз, ба масофаи 25-50 м хати марра кашида шудааст.

Дар паси хати марра барои роҳбари бозй чоркунҷа кашида шуда- аст. Сардорҳо ба хар як бозингари гурӯҳашон яктогӣ чӯб ва ресмон медиҳад.

01

Бозингарон ба болои чӯб савор мешаванд, бо дасти чап нӯги чӯб, бо дасти рост ресмонро медоранд. Бо ишораи роҳбар «Чуҳ!» гӯён ба тарафи хати марра меҷаҳанд. Расидаҳо ба назди роҳбар меоянд. Довар ғалабаи гурӯҳеро эълон мекунад ва номи бозингаронеро, ки якумин шуда расида омаданд, мегӯяд. Бозӣ якчанд маротиба гузаронида меша- вад. Гурӯҳе, ки маротибаи зиёд бозиро якумин шуда ба охир мерасонад, ғолиб дониста мешавад.

Қоидаҳо:

  1. Бе ишора давидан манъ аст. Касе, ки ин қоидаро вайрон мекунад , аз бозӣ мебарояд.
  2. Ҳангоми давидан ба якдигар халал расонидан мумкин нест.
  3. Пас аз эълони натиҷаҳо ҳама ба назди хати оғоз бармегарданд.
  4. Танҳо бо усули муайянкардашуда, аз ҷумла давидан, ҷаҳидан бо навбат бо пойи рост ва чап, туда-тӯда ҳаракат кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …