Главная / Чамъият / Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корманд

Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корманд

Моддаи 41-и Кодекси Мехнат. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корманд

  1. Корманд хукук дорад ду хафта пештар корфарморо ба таври хатти огох намуда, шартномаи мехнатиро, ки ба мухлати номуайян баста шудааст, бекор кунад.
  2. Баъд аз гузаштани мухлати огохи корманд хукук дорад корро катъ намояд, корфармо бошад, ухдадор аст ба корманд дафтарчаи мехнатиашро фавран тибки кисми 5 моддаи 52 Кодекси мазкур супорида, бо у хисоби кунад.
  3. Бо хохиши корманд ва розигии корфармо шартномаи мехнати то ба итмом расидани мухлати огохи метавонад бекор карда шавад. Дар холате ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи мехнатиро дар мухлати хохишкардаи корманд бекор кунад.
  4. Дар давоми мухлати огохи корманд хукук дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи мехнати бозпас гирад, агар ба чойи кори у ба таври гузаронидан, корманди дигар даъват нашуда бошад.
  5. Шартномаи мухлатноки мехнати бо талаби корманд дар холатхои бемори ё маъюб шудани у, ки барои аз руи шартномаи мехнати ичро намудани кор халал мерасонад, аз чониби корфармо вайрон кардани мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ё шартномаи мехнати, инчунин бо дигар сабабхои узрнок бекор карда мешавад.
  6. Корманд хукук дорад дар холатхое, ки хангоми бастани шартнома корфармо дар бораи шароити мехнат дар чойи кор ба у маълумоти нодуруст додааст ё ухдадориашро оид ба таъмини хифзи мехнат ва бехатарии мехнат дар чойи кор вайрон кардааст, шартномаи мехнатиро бе пешаки огох намудани корфармо бекор кунад.
  7. Яктарафа бекор кардани шартномаи мехнати аз тарафи корманд ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб махкум …