Главная / Ҷамъият / Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

Моддаи 41-и Кодекси Меҳнат. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

  1. Корманд ҳуқуқ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, бекор кунад.
  2. Баъд аз гузаштани муҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро фавран тибқи қисми 5 моддаи 52 Кодекси мазкур супорида, бо ў ҳисобӣ кунад.
  3. Бо хоҳиши корманд ва розигии корфармо шартномаи меҳнатӣ то ба итмом расидани муҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар ҳолате ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи меҳнатиро дар муҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад.
  4. Дар давоми муҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бозпас гирад, агар ба ҷойи кори ў ба таври гузаронидан, корманди дигар даъват нашуда бошад.
  5. Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ бо талаби корманд дар ҳолатҳои беморӣ ё маъюб шудани ў, ки барои аз рўи шартномаи меҳнатӣ иҷро намудани кор халал мерасонад, аз ҷониби корфармо вайрон кардани муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок бекор карда мешавад.
  6. Корманд ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома корфармо дар бораи шароити меҳнат дар ҷойи кор ба ў маълумоти нодуруст додааст ё уҳдадориашро оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат дар ҷойи кор вайрон кардааст, шартномаи меҳнатиро бе пешакӣ огоҳ намудани корфармо бекор кунад.
  7. Яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …