Главная / Чамъият / Бехатарии саноатии иншооти истехсолии хатарнок

Бехатарии саноатии иншооти истехсолии хатарнок

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истехсолии хатарнок

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2004, №2, мод. 46; соли 2005, №12, мод.648; соли 2007, №6, мод. 438, соли 2008, №6, мод. 456; №10, мод.815, КЧТ аз 28.12.2013с. №1053) 

Мачлиси намояндагон 17 декабри соли 2003 кабул кардааст

Мачлиси милли 12 феврали соли 2004 чонибдори намудааст

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ичтимоии таъмини истифодаи бехатарии иншооти истехсолии хатарнокро танзим намуда, барои пешгирии садамаю ходисахои нохуши дар иншооти истехсолии хатарнок рухдиханда, таъмини омодагии ташкилотхои истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок чихати махдуд ва рафъ кардани окибатхои чунин садамахо ва чуброни кафолатноки зарари ба шахсони вокеи ва хукуки, мухити зист ва давлат расондаи садамахо нигаронида шудааст.

istehsoloty-bexatar

 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

бехатарии саноатии иншооти истехсолии хатарнок (дар оянда бехатарии саноати) – холати химоявии манфиатхои хаётан мухими шахси ва чамъияти аз садамахои хатарноки иншооти истехсоли ва окибатхои садамахои номбаршуда;

садама – вайроншавии иншоотхо ва (ё) тачхизоти техникии дар иншооти истехсолии хатарнок истифодашаванда, таркиши идоранашаванда ва (ё) ба хаво хорич шудани моддахои хатарнок, инчунин вайронкунии чараёни технологи, расондани зарар ба механизмхо, тачхизотхо ва иншооте, ки боиси халокати одамон, зарар ба саломатии онхо, мухити зист ва хароб кардани объектхои хочагидори, зарари калони модди, вайрон шудани шароити фаъолияти зиндагии одамон гардидаанд ё боиси он гардида метавонанд;

ходиса – аз кор баромадан ё вайрон шудани тачхизоти техникии дар иншооти истехсолии хатарнок истифодашаванда, баромадан аз низоми чараёни технологи, вайрон намудани талаботи хуччатхои меъёрии техникии муайянкунандаи коидахои пешбурди кор дар иншооти истехсолии хатарнок.

 

Моддаи 2. Иншооти истехсолии хатарнок

Ба гурухи иншоотхои истехсолии хатарнок мувофики Конуни мазкур корхонахо ё сех, китъа, майдончаи онхо, инчунин дигар иншоотхои истехсолие дохил мешаванд, ки дар онхо моддахои хатарноки зеринро истехсол менамоянд, истифода мебаранд, аз нав кор мекунанд, ба вучуд меоранд, нигох медоранд, интикол медиханд, нобуд месозанд, механизмхо, тачхизотхо ва чараёни истехсолии технологи:

а) моддахои даргиранда – газхое, ки дар холати фишори муътадил ва омезиш бо хаво аланга мегиранд ва харорати чушиши онхо тахти фишори муътадил баробари 20 дарачаи Селсий ё пасттар аз он аст;

б) моддахои оксидшаванда – моддахои сухтанро кувватдиханда, сухтанро бавучудоваранда ва (ё) дар натичаи реаксияи оксидшавию баркароршавии экзотермики ба сухтани дигар моддахо мусоидаткунанда;

в) моддахои сузанда – моеъхо, газхо, чангхои худ ба худ даргиранда, инчунин аз манбаи даргиранда аланга гирифта, мустакилона сухтанро давомдиханда;

г) моддахои тарканда – моддахое, ки хангоми ягон навъи муайяни таъсири беруни ба зуди ба мубаддалшавии худ аз худи кимиёвии пахншаванда кодир буда, гарми чудо мекунанд ва газхоро ба вучуд меоваранд;

д) моддахои захрнок – моддахое, ки таъсирашон организмхои зиндаро ба халокат расонида, хосиятхои зеринро доранд:

-микдори миёнаи марговар хангоми ба меъда дохил намудан аз 15 миллиграмм дар як килограмм то 200 миллиграмм дар як килограмм;

-микдори миёнаи марговар хангоми ба пуст расидан аз 50 миллиграмм дар як килограмм то 400 миллиграмм дар як килограмм;

-микдори миёнаи марговари чамъшавиашон дар хаво аз 0,5 миллиграмм дар 1 литр то 2 миллиграмм дар 1 литр;

е) моддахои захрнокиашон баланд – моддахое, ки таъсирашон организмхои зиндаро ба халокат расонида, хосиятхои зерин доранд:

-микдори миёнаи марговар хангоми ба меъда дохил намудан на зиёда аз 15 миллиграмм дар як килограмм;

-микдори миёнаи марговар хангоми ба пуст расидан на зиёда аз 50 миллиграмм дар як килограмм;

-микдори миёнаи марговари чамъшави дар хаво на зиёда аз 0,5 миллиграмм дар як литр;

ж) моддахои барои мухити зист хатарнок – моддахое, ки дар мухити оби барояшон нишондихандахои зерини захрнокии сахт хос аст:

-микдори миёнаи марговар хангоми таъсири ингалятсиони ба мохи на зиёда аз 10 миллиграмм дар 1 литр дар давоми 96 соат;

-чамъшавии миёнаи захр, ки хангоми таъсир ба кайки оби (дафния) дар давоми 48 соат на зиёдтар аз 10 миллиграмм дар як литр таъсири муайян мерасонад;

-микдори чамъшавии ингибиратсиони хангоми таъсир ба обгиёххо дар давоми 72 соат на зиёдтар аз 10 миллиграмм дар як литр;

з) тачхизоте истифода бурда мешавад, ки тахти фишори зиёда аз 0,07 мегапаскал ё хангоми зиёда аз 115 дарачаи Селсий гарм шудани об кор мекунад;

и) механизмхои сайёр ва доими васлшудаи борбардор, эскалаторхо, лифтхо,аттрактсионхо роххои таноби, фуникулерхо истифода мешаванд; (КЧТ аз 28.12.2013с. №1053)

к) гудохтахои металлхои сиёху ранга ва хулахое, ки дар асоси ин гудохтахо истехсол мешаванд;

л) корхои кухи, маъдантозакуни, инчунин корхои зеризамини  гузаронида мешаванд;

м) иншооти гидротехники.

Иншооти истехсолии хатарнок дар Фехристи давлатии иншооти истехсолии хатарнок ба кайд гирифта мешаванд.

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи бехатарии саноати

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи бехатарии саноати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Талаботи бехатарии саноати

Талаботи бехатарии саноати – шартхо, манъсози, махдудият ва дигар талаботи хатмии дар хамин Конун ва хуччатхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мавчудбуда, ки тибки тартиби мукарраргардида кабул карда мешаванд ва риояи онхо бехатарии саноатиро таъмин менамояд.

Талаботи бехатарии саноати бояд ба меъёрхои хифзи ахоли ва минтакахо аз холатхои фавкулодда, бехбудии санитарию эпидемиологии ахоли, хифзи мухити зист, амнияти экологи, амнияти радиатсиони, мухофизат аз сухтор, хифзи мехнат, сохтмон, инчунин талаботи стандартхои давлати мувофик бошад.

 

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи бехатарии саноати

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи бехатарии саноати аз инхо иборат аст:

-тахияи самтхои асосии сиёсати давлати ва кабули барномахо дар сохаи бехатарии саноати;

-барои макомоти давлати муайян намудани тартиби амали гардонидани назорати давлати дар сохаи бехатарии саноати;

-муайян намудани макомоти ваколатдори махсуси давлатии сохаи бехатарии саноати;

-хамохангсозии хамкории байналмилали дар сохаи бехатарии саноати.

-тасдики Коидахои  бакайдгирии  иншооти  истехсолии хатарнок дар Фехристи  давлатии иншооти истехсолии хатарнок.

 

Моддаи 6. Макоми ваколатдори махсуси давлатии сохаи бехатарии саноати

Бо максади татбики сиёсати давлати дар сохаи бехатарии саноати Хукумати Чумхурии Точикистон макоми ваколатдори махсуси давлатии сохаи бехатарии саноатиро (минбаъд дар матн – макоми ваколатдор) муайян менамояд ва ба зиммаи он ичрои корхои дахлдори танзими меъёри, инчунин вазифахои махсуси ичозатдихи, санчиш ва назоратиро дар сохаи бехатарии саноати мегузорад. Макоми ваколатдор вохидхои тобеи худро дорад, ки тибки тартиби мукарраргардида таъсис дода мешаванд.

Макомоти давлати, ки ба онхо мутобики конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хукуки анчом додани функсияхои алохидаи танзими меъёрии хукуки, фаъолиятхои махсуси ичозатдихи, санчиш ё назорати дар сохаи бехатарии саноати супорида шудааст, вазифадоранд бо макоми ваколатдор санадхои меъёрии хукуки ва меъёрии техникии аз чониби онхо кабулшавандаро мувофика намоянд, инчунин фаъолияташонро дар сохаи бехатарии саноати хамоханг созанд.

 

Моддаи 7. Салохияти макоми ваколатдори сохаи бехатарии саноати

Макоми ваколатдори сохаи бехатарии саноати дар доираи салохияти худ ваколатхои зайлро дорад:

-хамохангсозии фаъолияти макомоти давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи бехатарии саноати;

-тахия ва тасдики коидахои бехатарии саноати, инчунин таргиботи дониш, омузиши ахоли, шахсони вазифадор ва кормандони ташкилотхо дар сохаи бехатарии саноати;

-гузаронидани тафтишоти сабабхои садама ва ходисахои нохуш дар иншоотхои истехсолии хатарнок;

-мукаррар намудани талаботи хаммонандкунии (индентификатсия) иншооти истехсолии хатарнок;

-мансуб донистани иншоот ба гурухи иншооти истехсолии хатарнок;

-гузаронидани тафтишоти сабабхои садама ва ходисахои нохуш дар иншоотхои истехсолии хатарнок;

-мукаррар намудани талаботи хаммонандкунии (индентификатсия) иншооти истехсолии хатарнок;

-мансуб донистани иншоот ба гурухи иншооти истехсолии хатарнок;

-бахисобгирии иншооти истехсолии хатарнок ва муайян намудани тартиби додани маълумот оид ба холати бехатарии саноати;

-то вакти бартараф намудани хатар дар иншооти истехсолии хатарнок боздоштани фаъолияте, ки хатари хатмии садамаро дорад;

-амали гардондани хамкории байналмилали, танзими фаъолияти ташкилотхо ва шахрвандони хоричи дар сохаи бехатарии саноати.

 

Моддаи 8. Ичозатномадихии ( литсензиякунонии) фаъолият дар сохаи бехатарии саноати

Ичозатномадихии (литсензиякунонии) фаъолият дар сохаи бехатарии саноати мувофики Конуни Чумхурии Точикистон « Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.

 

Моддаи 9. Тачхизоти техникии дар иншооти истехсолии хатарнок истифодашаванда

Тачхизоти техники, аз чумла истехсоли хоричии дар иншооти истехсолии хатарнок истифодашаванда бояд ба талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки дар сохаи иншооти истехсолии хатарнок мутобик карда шавад.

Тачхизоти техникии дар иншооти истехсолии хатарнок истифодашаванда дар чараёни истифодабари бояд тибки тартиби мукарраргардида аз экспертизаи бехатарии саноати гузарад.

 

Моддаи 10. Тайёрии касбии кормандони иншоотхои истехсолии хатарнок 

Тайёрии касби, баландбардории дарачаи ихтисоси кормандони иншооти истехсолии хатарнок оид ба масъалахои бехатарии саноати ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки иншооти истехсолии хатарнок дорад, гузошта мешавад. Тартиб ва мухлатхои омузиши касбии шахсони мансабдор ва кормандони иншооти истехсолии хатарнокро оид ба бехатарии саноати макомоти ваколатдор муайян менамояд.

Моддаи 11. Талаботи бехатарии саноати ба лоихакаши, сохтмон ва ба истифода кабул намудани иншооти истехсолии хатарнок

Яке аз шартхои хатмии кабули карор оид ба огози сохтмон, васеъ ва таъмир намудан, азнавтачхизонидани техники, муваккатан боздоштан ва бархам додани иншооти истехсолии хатарнок мавчудияти хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатии хуччатхои лоихавии аз тарафи макоми ваколатдор тасдикнамуда мебошад.

Дур шудан аз меъёрхои хуччатхои лоихави дар чараёни сохтмон, васеъ намудан, таъмир, азнавтачхизонии техники, муваккатан боздоштан ва бархам додани иншооти истехсолии хатарнок манъ аст. Дигаргунихое, ки ба хуччатхои лоихавии сохтмон, васеъ намудан, таъмир кардан, азнавтачхизонии техники, муваккатан боздоштан ва бархам додани иншооти истехсолии хатарнок дохил карда мешаванд, бояд аз экспертизаи бехатарии саноати гузаронида шуда, бо макоми ваколатдор мувофика карда шаванд.

Дар чараёни сохтмон, васеъ намудан, таъмир, азнавтачхизонии техники, муваккатан боздоштан ва бархамдихии иншооти истехсолии хатарнок муассисахое, ки хуччатхои лоихавиро тайёр мекунанд, тибки тартиби мукарраргардида назорати муаллифиро анчом медиханд.

Ба истифодабари кабул намудани иншооти истехсолии хатарнок тибки тартиби мукарраргардида сурат мегирад. Дар чараёни ба истифодабари кабул намудани иншооти истехсолии хатарнок мутобикати иншооти истехсолии хатарнок ба хуччатхои лоихави, тайёрии ташкилот ба истифодабарии иншооти истехсолии хатарнок ва амалиёт чихати пешгири ва рафъи окибатхои садамахо санчида мешавад.

 

Моддаи 12. Талаботи бехатарии саноати оид ба истифодабарии иншооти истехсолии хатарнок

Ташкилоти истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок ухдадор аст:

-талаботи Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин хуччатхои меъёрии техникиро оид ба бехатарии саноати риоя намояд;

-барои истифодабарии иншооти истехсолии хатарнок ичозатнома (литсензия) дошта бошад;

-микдори кормандони иншооти истехсолии хатарнокро мувофики талаботи муайяншуда пурра таъмин намояд;

-ба кор дар иншооти истехсолии хатарнок шахсони ба талаботи дарачавии ихтисос чавобдихандаро, ки ин кор ба онхо зарари тибби надорад, ичозат дихад;

-тайёри ва аз аттестатсия дар сохаи бехатарии саноати гузаштани кормандонро таъмин намояд;

-дар иншооти истехсолии хатарнок хуччатхои меъёрии хукуки ва меъёрии техникие, ки коидахои коргузориро дар иншооти истехсолии хатарнок мукаррар менамоянд, дошта бошад;

-назорати истехсолиро оид ба риояи талаботи бехатарии саноати ташкил намояд ва гузаронад;

-мавчудият ва амали асбобхои зарури ва низоми назоратро ба чараёни истехсолот тибки талаботи мукарраргардида таъмин намояд;

-гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии бинохо, инчунин ташхис, озмоиш, муоинаи иншоот ва дастгоххои техникии дар иншооти истехсолии хатарнок истифодашавандаро дар мухлати мукарраршуда ва тибки нишондоди бо тартиби муайяншуда пешниходнамудаи макоми  ваколатдор таъмин намояд;

-даромадани шахсони бегонаро ба иншооти истехсолии хатарнок пешгири намояд;

-эъломияи бехатарии саноатиро тартиб дихад;

-барои расонидани зарар дар чараёни истифодабарии иншооти истехсолии хатарнок шартномаи сугуртаи хатари масъулиятро ба имзо расонад;

-дастурхо ва нишондодхои макоми ваколатдорро ичро намояд;

-истифодабарии иншооти истехсолии хатарнокро мустакилона ё бо нишондоди макоми ваколатдор, шахсони мансабдори он дар мавриди садама ё ходисаи ногувор дар иншооти истехсолии хатарнок, инчунин хангоми ошкор шудани холатхои нав, ки ба бехатарии саноати таъсир мерасонад, боздорад;

-оид ба махдуд сохтан ва рафъи окибатхои садамахо дар иншооти истехсолии хатарнок тадбирхоро ичро намояд, ба макомоти давлати дар чараёни тафтиши сабабхои садама ёри расонад;

-дар тафтиши техникии сабабхои садама дар иншооти истехсолии хатарнок иштирок намояд, чихати бартарафсозии сабабхои муайяншуда ва пешгирии чунин садамахо чорахо андешад;

-сабабхои рух додани ходисаи нохушро дар иншооти истехсолии хатарнок тахлил намояд, чихати бартарафсозии сабабхои муайяншуда ва пешгирии чунин ходисахо чорахо андешад;

-тибки тартиби мукарраргардида ба макоми ваколатдор, инчунин макомоти дигари давлати ва ахоли саривакт дар бораи садама дар иншооти истехсоли ахборот дихад;

-оид ба химояи хаёт ва саломатии кормандон хангоми рух додани садама дар иншооти истехсолии хатарнок чорахо андешад;

-садамахо ва ходисахои нохушро дар иншооти истехсолии хатарнок ба хисоб гирад;

-оид ба микдори садамахо ва ходисахои нохуш, сабабхои рух додани онхо ва чорабинихои гузаронидашуда ба макоми ваколатдор маълумот пешниход намояд.

Маълумот дар бораи ташкили назорати истехсоли ба риояи талаботи бехатарии саноати ва дар бораи кормандоне, ки барои амали гардондани он ваколат доранд, ба макоми ваколатдор пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 13. Талаботи бехатарии саноати оид ба омодаги барои махдуд сохтан ва рафъи окибати садамахо дар иншооти истехсолии хатарнок 

Бо максади таъмини омодаги барои махдуд ва рафъ кардани окибатхои садамахо ташкилоти истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок ухдадор аст:

-чихати махдуд ва рафъ кардани окибатхои садамахо дар иншооти истехсолии хатарнок чорабинихоро ба накша гирад ва ичро намояд;

-бо хадамоти садамавию начотдихандаи касби ё кисмхои садамавию начотдихандаи касби (начотдихандаи кухи) оид ба хизматрасони шартномахо бандад ва дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хадамоти садамавию начотдихандаи касбии худ ё кисмхои садамавию начотдихандаи касби, инчунин аз чумлаи кормандон кисмхои садамавию начотдихандаи гайриштати ташкил намояд;

-барои махдуд ва рафъ кардани окибатхои садамахо мутобики конунгузории чории Чумхурии Точикистон захирахои модди дошта бошад;

-кормандонро ба фаъолият хангоми рух додани садама ё ходисаи нохуш дар иншооти истехсолии хатарнок омузонад;

-сохторхои мушохидави, хабаррасони, алока ва дастгирии амалиётро хангоми садама ташкил намояд ва ин сохторхоро дар холати омодаги барои истифода нигох дорад.

 

Моддаи 14. Тафтиши техникии сабабхои садама

Оид ба хар як ходисаи рух додани садама дар иншооти истехсолии хатарнок тафтиши техникии сабабхои он гузаронида мешавад.

Тафтиши техникии сабабхои садамаро комиссияи махсус тахти рохбарии намояндаи макоми ваколатдор ё бахши махаллии он анчом медихад.

Ба хайати комиссияи номбаршуда инчунин инхо дохил мешаванд:

-намояндагони макомоти хокимияти ичроия дар махалхо, ки дар худуди онхо иншооти истехсолии хатарнок чойгир шудааст;

-намояндагони ташкилоте, ки иншооти истехсолии хатарнокро истифода мебарад;

-намояндагони иттифокхои касабаи сохаи дахлдор;

-дигар намояндагон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад дар бораи ташкили комиссияи давлати оид ба тафтиши техникии сабабхои садама карор кабул кунад ва раиси ин комиссияро таъин намояд.

Комиссия оид ба тафтиши техникии сабабхои садама метавонад  барои тафтиш ташкилотхои эксперти ва мутахассисони сохахои бехатарии саноати, кашф, лоихакаши, илмию тадкикоти ва тачрибавию конструктори, сугуртакуни, тайёркунии тачхизот ва дигар сохахоро чалб намояд.

Маводи тафтиши техникии сабабхои садама аз чониби макоми ваколатдор ба дигар макомоти давлатии манфиатдор фиристода мешавад.

Тартиби гузаронидани тафтиши техникии сабабхои садама ва тахияи акти тафтиши техникии сабабхои садамаро макоми ваколатдор мукаррар менамояд.

Маблаггузории харочоти тафтиши техники сабабхои садамаро ташкилоте анчом медихад, ки иншооти истехсолии хатарнокро истифода мебарад ва дар он садама руй додааст.

 

Моддаи 15. Экспертизаи бехатарии саноати

Инхо тахти экспертизаи бехатарии саноати карор мегиранд:

-хуччатхои лоихакаши барои сохтмон, васеъкуни, таъмир, азнавтачхизонии техники, муваккатан боздоштан ва бархам додани иншооти истехсолии хатарнок;

-тачхизоти техникии дар иншооти истехсолии хатарнок истифодашаванда;

-бинохо ва тачхизотхо дар иншооти истехсолии хатарнок;

-эъломияи бехатарии саноати ва дигар хуччатхое, ки ба истифодабарии иншооти истехсолии хатарнок алокаманданд.

Экспертизаи бехатарии саноатиро ташкилотхое, ки барои гузаронидани ин экспертиза ичозатнома доранд, аз хисоби маблагхои ташкилоте мегузаронанд, ки мехохад иншооти истехсолии хатарнокро истифода барад ё истифода бурда истодааст.

Тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати ва талабот оид ба тайёр намудани хулосаи экспертизаи бехатарии саноатиро макоми ваколатдор мукаррар менамояд.

 

Моддаи 16. Тахияи эъломияи бехатарии саноати

Хангоми тахияи эъломияи бехатарии саноати бояд арзёбии хавфи эхтимолии садама ва хатари вобаста ба он; тахлили кифоягии чорабинихо оид ба пешгирии садамахо, таъмини омодагии ташкилотхо барои истифодаи иншооти истехсолии хатарнок мувофики талаботи бехатарии саноати, инчунин махдуд намудан ё рафъи окибатхои садама дар иншооти истехсолии хатарнок; тахияи чорабинихо, ки ба кам кардани микёси окибатхои садама ва андозаи зарари он, ки дар сурати руй додани садама дар иншооти истехсолии хатарнок расонида мешавад, бояд пешгири карда шавад.

Номгуи маълумоте, ки эъломияи бехатарии саноати бояд дар бар гирад ва тартиби ба расмият даровардани онро макоми ваколатдор муайян менамояд.

Конуни мазкур тахияи хатмии эъломияхои бехатарии саноатии иншооти истехсолии хатарнокро, ки дар онхо истехсол, истифода, истихроч, нигахдори, интикол ва нобуд кардани моддахои хатарнок сурат гирифта, микдорашонро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад, мукаррар менамояд.

Эъломияи бехатарии саноати хамрохи хуччатхои лоихакаши барои сохтмон, васеъкуни, азнавсози, азнавтачхизонидани техники, муваккатан боздоштан ва бархам додани иншооти истехсолии хатарнок тартиб дода мешавад.

Эъломияи бехатарии саноати хангоми мурочиат барои ичозатномаи истифодабарии иншооти истехсолии хатарнок, тагйирёбии маълумот дар эъломияи бехатарии саноати ё хангоми дигаргуншавии талаботи бехатарии саноати аник карда ё аз нав тартиб дода мешавад.

Барои иншоотхои истехсолии хатарнок, ки дар рузи эътибор пайдо кардани хамин Конун фаъолият мекунанд, эъломияхои бехатарии саноати дар мухлати мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тартиб дода мешаванд.

Эъломияи бехатарии саноати аз тарафи рохбари ташкилоти истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок тасдик карда мешавад.

Рохбари ташкилоти истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок барои пурраги ва сахехии маълумоти дар эъломияи бехатарии саноати мавчуда мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон масъулият дорад.

Эъломияи бехатарии саноати тибки тартиби мукарраргардида аз экспертизаи бехатарии саноати мегузарад.

Эъломияи бехатарии саноати ба шахсони вокеи ва хукуки тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешавад.

 

Моддаи 17. Сугуртаи хатмии масъулият барои расонидани зарар хангоми истифодаи иншооти истехсолии хатарнок

Ташкилоти истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок бояд хатман барои расонидани зарар ба хаёт, саломати ё амволи шахсони дигар ва мухити зист хангоми рух додани садама дар иншооти истехсолии хатарнок масъулиятро сугурта намояд.

Андозаи хадди акали маблаги сугуртаи масъулият барои расонидани зарар ба хаёт, саломати ё амволи шахсони дигар ва мухити зист хангоми рух додани садама дар иншооти истехсолии хатарнок, барои:

а) иншооти истехсолии хатарноки дар кисми якуми моддаи 2 Конуни мазкур зикршуда, агар дар онхо:

– моддахои хатарноки микдорашон ба микдори муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон баробар ё зиёд истехсол, истифода, аз нав коркард, ташкил, нигохдори, интикол ё нобуд мешаванд – хафтод хазор нишондиханда барои хисобхо, ки дар рузи бастани шартномаи сугуртаи масъулияти хатар мукаррар гардидааст;

– моддахои хатарноки микдорашон аз микдори муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон камтар истехсол, истифода, аз нав коркард, ташкил, нигохдори, интикол ё нобуд мешаванд – дах хазор нишондиханда барои хисобхо, ки дар рузи бастани шартномаи сугуртаи масъулияти хатар мукаррар гардидааст;

б) иншооти истехсолии хатарноки дигар – як хазор нишондиханда барои хисобхо, ки дар рузи бастани шартномаи сугуртаи масъулияти хатар мукаррар гардидааст.

 

Моддаи 18. Назорати давлати дар сохаи бехатарии саноати

Назорати давлатиро дар сохаи бехатарии саноати макоми ваколатдор мувофики конунгузории чории Чумхурии Точикистон анчом медихад.

Шахсони мансабдори макоми ваколатдори сохаи бехатарии саноати хангоми ичрои вазифахои худ хукук доранд:

-ба ташкилотхои истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок дароянд;

-бо хуччатхое, ки барои тафтиши аз тарафи ташкилоти истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок ичро намудани талаботи бехатарии саноати заруранд, шинос шаванд;

-дурустии гузаронидани тафтишоти техникии ходисахои нохуши дар иншооти истехсолии хатарнок рухдода, инчунин пуррагии чорабинихои дар асоси натичахои чунин тафтишот пешниходшударо тафтиш намоянд;

-ба ташкилотхои истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок чихати рафъи вайронкунихои ошкоршудаи талаботи бехатарии саноати нишондодхо диханд;

-дар доираи ваколатхои худ оид ба бехатарии саноати, аз чумла зарурати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии бинохо ва иншооти вокеъ дар объектхои хатарнок нишондодхо диханд;

-ба ташкилотхои истифодабарандаи иншооти истехсолии хатарнок оид ба катъи корхое, ки бо вайронкунии талаботи бехатарии саноати пеш бурда мешаванд, нишондодхо диханд, хангоми зарурат барои катъи фаъолияти иншооти истехсолии хатарнок, бинохо ё тачхизоти техникии дар иншооти истехсолии хатарнок истифодашавандаро мухр зананд, инчунин дар сурати тахдиди хатар ба хаёт ва саломатии кормандон барои аз чои кор баровардани онхо супориш диханд;

-шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноати гунахгорро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарии маъмури кашанд, инчунин барои ба чавобгарии чинояти кашидани шахсони зикршуда хуччатхоро ба макомоти хифзи хукук фиристанд;

-тибки тартиби мукарраргардида дар суд хамчун намояндаи макоми ваколатдор бо даъвои ситонидани товони зарари ба хаёт, саломати ва амволи шахсони дигар расонидашуда, ки дар натичаи вайронкунии талаботи бехатарии саноати рух додааст, баромад кунанд;

-фаъолияти дигареро, ки конунгузории чории Чумхурии Точикистон барои таъмини бехатарии саноати пешбини намудааст,анчом диханд.

Назорати давлатии фаъолияти субъектхои хочагидор новобаста аз шакли моликият мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон» бо рохи гузаронидани санчиши риояи конунгузори дар бораи бехатарии саноати иншооти истехсолии хатарнок амали карда мешавад.

 

Моддаи 19. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки, ки ба вайрон намудани Конуни мазкур гунахкоранд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон                        Э.Рахмонов

 

ш.Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 14

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …