Главная / Ҷамъият / Бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок

Бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №2, мод. 46; соли 2005, №12, мод.648; соли 2007, №6, мод. 438, соли 2008, №6, мод. 456; №10, мод.815, ҚҶТ аз 28.12.2013с. №1053) 

Маҷлиси намояндагон 17 декабри соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 12 феврали соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини истифодаи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнокро танзим намуда, барои пешгирии садамаю ҳодисаҳои нохуши дар иншооти истеҳсолии хатарнок рухдиҳанда, таъмини омодагии ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ҷиҳати маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои чунин садамаҳо ва ҷуброни кафолатноки зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муҳити зист ва давлат расондаи садамаҳо нигаронида шудааст.

istehsoloty-bexatar

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок (дар оянда бехатарии саноатӣ) – ҳолати ҳимоявии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз садамаҳои хатарноки иншооти истеҳсолӣ ва оқибатҳои садамаҳои номбаршуда;

садама – вайроншавии иншоотҳо ва (ё) таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, таркиши идоранашаванда ва (ё) ба ҳаво хориҷ шудани моддаҳои хатарнок, инчунин вайронкунии ҷараёни технологӣ, расондани зарар ба механизмҳо, таҷҳизотҳо ва иншооте, ки боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо, муҳити зист ва хароб кардани объектҳои хоҷагидорӣ, зарари калони моддӣ, вайрон шудани шароити фаъолияти зиндагии одамон гардидаанд ё боиси он гардида метавонанд;

ҳодиса – аз кор баромадан ё вайрон шудани таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, баромадан аз низоми ҷараёни технологӣ, вайрон намудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии муайянкунандаи қоидаҳои пешбурди кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок.

 

Моддаи 2. Иншооти истеҳсолии хатарнок

Ба гурӯҳи иншоотҳои истеҳсолии хатарнок мувофиқи Қонуни мазкур корхонаҳо ё сех, қитъа, майдончаи онҳо, инчунин дигар иншоотҳои истеҳсолие дохил мешаванд, ки дар онҳо моддаҳои хатарноки зеринро истеҳсол менамоянд, истифода мебаранд, аз нав кор мекунанд, ба вуҷуд меоранд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, нобуд месозанд, механизмҳо, таҷҳизотҳо ва ҷараёни истеҳсолии технологӣ:

а) моддаҳои даргиранда – газҳое, ки дар ҳолати фишори мӯътадил ва омезиш бо ҳаво аланга мегиранд ва ҳарорати ҷӯшиши онҳо таҳти фишори мӯътадил баробари 20 дараҷаи Селсий ё пасттар аз он аст;

б) моддаҳои оксидшаванда – моддаҳои сӯхтанро қувватдиҳанда, сӯхтанро бавуҷудоваранда ва (ё) дар натиҷаи реаксияи оксидшавию барқароршавии экзотермикӣ ба сӯхтани дигар моддаҳо мусоидаткунанда;

в) моддаҳои сӯзанда – моеъҳо, газҳо, чангҳои худ ба худ даргиранда, инчунин аз манбаи даргиранда аланга гирифта, мустақилона сӯхтанро давомдиҳанда;

г) моддаҳои тарканда – моддаҳое, ки ҳангоми ягон навъи муайяни таъсири берунӣ ба зудӣ ба мубаддалшавии худ аз худи кимиёвии паҳншаванда қодир буда, гармӣ ҷудо мекунанд ва газҳоро ба вуҷуд меоваранд;

д) моддаҳои заҳрнок – моддаҳое, ки таъсирашон организмҳои зиндаро ба ҳалокат расонида, хосиятҳои зеринро доранд:

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба меъда дохил намудан аз 15 миллиграмм дар як килограмм то 200 миллиграмм дар як килограмм;

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба пӯст расидан аз 50 миллиграмм дар як килограмм то 400 миллиграмм дар як килограмм;

-миқдори миёнаи марговари ҷамъшавиашон дар ҳаво аз 0,5 миллиграмм дар 1 литр то 2 миллиграмм дар 1 литр;

е) моддаҳои заҳрнокиашон баланд – моддаҳое, ки таъсирашон организмҳои зиндаро ба ҳалокат расонида, хосиятҳои зерин доранд:

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба меъда дохил намудан на зиёда аз 15 миллиграмм дар як килограмм;

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми ба пӯст расидан на зиёда аз 50 миллиграмм дар як килограмм;

-миқдори миёнаи марговари ҷамъшавӣ дар ҳаво на зиёда аз 0,5 миллиграмм дар як литр;

ж) моддаҳои барои муҳити зист хатарнок – моддаҳое, ки дар муҳити обӣ барояшон нишондиҳандаҳои зерини заҳрнокии сахт хос аст:

-миқдори миёнаи марговар ҳангоми таъсири ингалятсионӣ ба моҳӣ на зиёда аз 10 миллиграмм дар 1 литр дар давоми 96 соат;

-ҷамъшавии миёнаи заҳр, ки ҳангоми таъсир ба кайки обӣ (дафния) дар давоми 48 соат на зиёдтар аз 10 миллиграмм дар як литр таъсири муайян мерасонад;

-миқдори ҷамъшавии ингибиратсионӣ ҳангоми таъсир ба обгиёҳҳо дар давоми 72 соат на зиёдтар аз 10 миллиграмм дар як литр;

з) таҷҳизоте истифода бурда мешавад, ки таҳти фишори зиёда аз 0,07 мегапаскал ё ҳангоми зиёда аз 115 дараҷаи Селсий гарм шудани об кор мекунад;

и) механизмҳои сайёр ва доимӣ васлшудаи борбардор, эскалаторҳо, лифтҳо,аттрактсионҳо роҳҳои танобӣ, фуникулерҳо истифода мешаванд; (ҚҶТ аз 28.12.2013с. №1053)

к) гудохтаҳои металлҳои сиёҳу ранга ва хӯлаҳое, ки дар асоси ин гудохтаҳо истеҳсол мешаванд;

л) корҳои кӯҳӣ, маъдантозакунӣ, инчунин корҳои зеризаминӣ  гузаронида мешаванд;

м) иншооти гидротехникӣ.

Иншооти истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ба қайд гирифта мешаванд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Талаботи бехатарии саноатӣ

Талаботи бехатарии саноатӣ – шартҳо, манъсозӣ, маҳдудият ва дигар талаботи ҳатмии дар ҳамин Қонун ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда, ки тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд ва риояи онҳо бехатарии саноатиро таъмин менамояд.

Талаботи бехатарии саноатӣ бояд ба меъёрҳои ҳифзи аҳолӣ ва минтақаҳо аз ҳолатҳои фавқулодда, беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, хифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, амнияти радиатсионӣ, муҳофизат аз сӯхтор, ҳифзи меҳнат, сохтмон, инчунин талаботи стандартҳои давлатӣ мувофиқ бошад.

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ аз инҳо иборат аст:

-таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва қабули барномаҳо дар соҳаи бехатарии саноатӣ;

-барои мақомоти давлатӣ муайян намудани тартиби амалӣ гардонидани назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ;

-муайян намудани мақомоти ваколатдори махсуси давлатии соҳаи бехатарии саноатӣ;

-ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ.

-тасдиқи Қоидаҳои  бақайдгирии  иншооти  истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи  давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок.

 

Моддаи 6. Мақоми ваколатдори махсуси давлатии соҳаи бехатарии саноатӣ

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори махсуси давлатии соҳаи бехатарии саноатиро (минбаъд дар матн – мақоми ваколатдор) муайян менамояд ва ба зиммаи он иҷрои корҳои дахлдори танзими меъёрӣ, инчунин вазифаҳои махсуси иҷозатдиҳӣ, санҷиш ва назоратиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мегузорад. Мақоми ваколатдор воҳидҳои тобеи худро дорад, ки тибқи тартиби муқарраргардида таъсис дода мешаванд.

Мақомоти давлатӣ, ки ба онҳо мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи анҷом додани функсияҳои алоҳидаи танзими меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолиятҳои махсуси иҷозатдиҳӣ, санҷиш ё назоратӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ супорида шудааст, вазифадоранд бо мақоми ваколатдор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии аз ҷониби онҳо қабулшавандаро мувофиқа намоянд, инчунин фаъолияташонро дар соҳаи бехатарии саноатӣ ҳамоҳанг созанд.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ

Мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ дар доираи салоҳияти худ ваколатҳои зайлро дорад:

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ;

-таҳия ва тасдиқи қоидаҳои бехатарии саноатӣ, инчунин тарғиботи дониш, омӯзиши аҳолӣ, шахсони вазифадор ва кормандони ташкилотҳо дар соҳаи бехатарии саноатӣ;

-гузаронидани тафтишоти сабабҳои садама ва ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок;

-муқаррар намудани талаботи ҳаммонандкунии (индентификатсия) иншооти истеҳсолии хатарнок;

-мансуб донистани иншоот ба гурӯҳи иншооти истеҳсолии хатарнок;

-гузаронидани тафтишоти сабабҳои садама ва ҳодисаҳои нохуш дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок;

-муқаррар намудани талаботи ҳаммонандкунии (индентификатсия) иншооти истеҳсолии хатарнок;

-мансуб донистани иншоот ба гурӯҳи иншооти истеҳсолии хатарнок;

-баҳисобгирии иншооти истеҳсолии хатарнок ва муайян намудани тартиби додани маълумот оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ;

-то вақти бартараф намудани хатар дар иншооти истеҳсолии хатарнок боздоштани фаъолияте, ки хатари ҳатмии садамаро дорад;

-амалӣ гардондани ҳамкории байналмилалӣ, танзими фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ.

 

Моддаи 8. Иҷозатномадиҳии ( литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ

Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 9. Таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда

Таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла истеҳсоли хориҷии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда бояд ба талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи иншооти истеҳсолии хатарнок мутобиқ карда шавад.

Таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда дар ҷараёни истифодабарӣ бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузарад.

 

Моддаи 10. Тайёрии касбии кормандони иншоотҳои истеҳсолии хатарнок 

Тайёрии касбӣ, баландбардории дараҷаи ихтисоси кормандони иншооти истеҳсолии хатарнок оид ба масъалаҳои бехатарии саноатӣ ба зиммаи маъмурияти ташкилоте, ки иншооти истеҳсолии хатарнок дорад, гузошта мешавад. Тартиб ва мӯҳлатҳои омӯзиши касбии шахсони мансабдор ва кормандони иншооти истеҳсолии хатарнокро оид ба бехатарии саноатӣ мақомоти ваколатдор муайян менамояд.

Моддаи 11. Талаботи бехатарии саноатӣ ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок

Яке аз шартҳои ҳатмии қабули қарор оид ба оғози сохтмон, васеъ ва таъмир намудан, азнавтаҷҳизонидани техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок мавҷудияти хулосаи мусбии экспертизаи бехатарии саноатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқнамуда мебошад.

Дур шудан аз меъёрҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар ҷараёни сохтмон, васеъ намудан, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок манъ аст. Дигаргуниҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон, васеъ намудан, таъмир кардан, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок дохил карда мешаванд, бояд аз экспертизаи бехатарии саноатӣ гузаронида шуда, бо мақоми ваколатдор мувофиқа карда шаванд.

Дар ҷараёни сохтмон, васеъ намудан, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳамдиҳии иншооти истеҳсолии хатарнок муассисаҳое, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро тайёр мекунанд, тибқи тартиби муқарраргардида назорати муаллифиро анҷом медиҳанд.

Ба истифодабарӣ қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад. Дар ҷараёни ба истифодабарӣ қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок мутобиқати иншооти истеҳсолии хатарнок ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, тайёрии ташкилот ба истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок ва амалиёт ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои садамаҳо санҷида мешавад.

 

Моддаи 12. Талаботи бехатарии саноатӣ оид ба истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок

Ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ӯҳдадор аст:

-талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро оид ба бехатарии саноатӣ риоя намояд;

-барои истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок иҷозатнома (литсензия) дошта бошад;

-миқдори кормандони иншооти истеҳсолии хатарнокро мувофиқи талаботи муайяншуда пурра таъмин намояд;

-ба кор дар иншооти истеҳсолии хатарнок шахсони ба талаботи дараҷавии ихтисос ҷавобдиҳандаро, ки ин кор ба онҳо зарари тиббӣ надорад, иҷозат диҳад;

-тайёрӣ ва аз аттестатсия дар соҳаи бехатарии саноатӣ гузаштани кормандонро таъмин намояд;

-дар иншооти истеҳсолии хатарнок ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникие, ки қоидаҳои коргузориро дар иншооти истеҳсолии хатарнок муқаррар менамоянд, дошта бошад;

-назорати истеҳсолиро оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ ташкил намояд ва гузаронад;

-мавҷудият ва амали асбобҳои зарурӣ ва низоми назоратро ба ҷараёни истеҳсолот тибқи талаботи муқарраргардида таъмин намояд;

-гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо, инчунин ташхис, озмоиш, муоинаи иншоот ва дастгоҳҳои техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашавандаро дар мӯҳлати муқарраршуда ва тибқи нишондоди бо тартиби муайяншуда пешниҳоднамудаи мақоми  ваколатдор таъмин намояд;

-даромадани шахсони бегонаро ба иншооти истеҳсолии хатарнок пешгирӣ намояд;

-эъломияи бехатарии саноатиро тартиб диҳад;

-барои расонидани зарар дар ҷараёни истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок шартномаи суғуртаи хатари масъулиятро ба имзо расонад;

-дастурҳо ва нишондодҳои мақоми ваколатдорро иҷро намояд;

-истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнокро мустақилона ё бо нишондоди мақоми ваколатдор, шахсони мансабдори он дар мавриди садама ё ҳодисаи ногувор дар иншооти истеҳсолии хатарнок, инчунин ҳангоми ошкор шудани ҳолатҳои нав, ки ба бехатарии саноатӣ таъсир мерасонад, боздорад;

-оид ба маҳдуд сохтан ва рафъи оқибатҳои садамаҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок тадбирҳоро иҷро намояд, ба мақомоти давлатӣ дар ҷараёни тафтиши сабабҳои садама ёрӣ расонад;

-дар тафтиши техникии сабабҳои садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок иштирок намояд, ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои муайяншуда ва пешгирии чунин садамаҳо чораҳо андешад;

-сабабҳои рух додани ҳодисаи нохушро дар иншооти истеҳсолии хатарнок таҳлил намояд, ҷиҳати бартарафсозии сабабҳои муайяншуда ва пешгирии чунин ҳодисаҳо чораҳо андешад;

-тибқи тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдор, инчунин мақомоти дигари давлатӣ ва аҳолӣ саривақт дар бораи садама дар иншооти истеҳсолӣ ахборот диҳад;

-оид ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок чораҳо андешад;

-садамаҳо ва ҳодисаҳои нохушро дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба ҳисоб гирад;

-оид ба миқдори садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш, сабабҳои рух додани онҳо ва чорабиниҳои гузаронидашуда ба мақоми ваколатдор маълумот пешниҳод намояд.

Маълумот дар бораи ташкили назорати истеҳсолӣ ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ ва дар бораи кормандоне, ки барои амалӣ гардондани он ваколат доранд, ба мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 13. Талаботи бехатарии саноатӣ оид ба омодагӣ барои маҳдуд сохтан ва рафъи оқибати садамаҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок 

Бо мақсади таъмини омодагӣ барои маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ӯҳдадор аст:

-ҷиҳати маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок чорабиниҳоро ба нақша гирад ва иҷро намояд;

-бо хадамоти садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ ё қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ (наҷотдиҳандаи кӯҳӣ) оид ба хизматрасонӣ шартномаҳо бандад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти садамавию наҷотдиҳандаи касбии худ ё қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи касбӣ, инчунин аз ҷумлаи кормандон қисмҳои садамавию наҷотдиҳандаи ғайриштатӣ ташкил намояд;

-барои маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садамаҳо мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои моддӣ дошта бошад;

-кормандонро ба фаъолият ҳангоми рух додани садама ё ҳодисаи нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок омӯзонад;

-сохторҳои мушоҳидавӣ, хабаррасонӣ, алоқа ва дастгирии амалиётро ҳангоми садама ташкил намояд ва ин сохторҳоро дар ҳолати омодагӣ барои истифода нигоҳ дорад.

 

Моддаи 14. Тафтиши техникии сабабҳои садама

Оид ба ҳар як ҳодисаи рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок тафтиши техникии сабабҳои он гузаронида мешавад.

Тафтиши техникии сабабҳои садамаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии намояндаи мақоми ваколатдор ё бахши маҳаллии он анҷом медиҳад.

Ба ҳайати комиссияи номбаршуда инчунин инҳо дохил мешаванд:

-намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки дар ҳудуди онҳо иншооти истеҳсолии хатарнок ҷойгир шудааст;

-намояндагони ташкилоте, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода мебарад;

-намояндагони иттифоқҳои касабаи соҳаи дахлдор;

-дигар намояндагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар бораи ташкили комиссияи давлатӣ оид ба тафтиши техникии сабабҳои садама қарор қабул кунад ва раиси ин комиссияро таъин намояд.

Комиссия оид ба тафтиши техникии сабабҳои садама метавонад  барои тафтиш ташкилотҳои экспертӣ ва мутахассисони соҳаҳои бехатарии саноатӣ, кашф, лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, суғуртакунӣ, тайёркунии таҷҳизот ва дигар соҳаҳоро ҷалб намояд.

Маводи тафтиши техникии сабабҳои садама аз ҷониби мақоми ваколатдор ба дигар мақомоти давлатии манфиатдор фиристода мешавад.

Тартиби гузаронидани тафтиши техникии сабабҳои садама ва таҳияи акти тафтиши техникии сабабҳои садамаро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

Маблағгузории хароҷоти тафтиши техники сабабҳои садамаро ташкилоте анҷом медиҳад, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода мебарад ва дар он садама рӯй додааст.

 

Моддаи 15. Экспертизаи бехатарии саноатӣ

Инҳо таҳти экспертизаи бехатарии саноатӣ қарор мегиранд:

-ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, таъмир, азнавтаҷҳизонии техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок;

-таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашаванда;

-биноҳо ва таҷҳизотҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок;

-эъломияи бехатарии саноатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок алоқаманданд.

Экспертизаи бехатарии саноатиро ташкилотҳое, ки барои гузаронидани ин экспертиза иҷозатнома доранд, аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте мегузаронанд, ки мехоҳад иншооти истеҳсолии хатарнокро истифода барад ё истифода бурда истодааст.

Тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот оид ба тайёр намудани хулосаи экспертизаи бехатарии саноатиро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

 

Моддаи 16. Таҳияи эъломияи бехатарии саноатӣ

Ҳангоми таҳияи эъломияи бехатарии саноатӣ бояд арзёбии хавфи эҳтимолии садама ва хатари вобаста ба он; таҳлили кифоягии чорабиниҳо оид ба пешгирии садамаҳо, таъмини омодагии ташкилотҳо барои истифодаи иншооти истеҳсолии хатарнок мувофиқи талаботи бехатарии саноатӣ, инчунин маҳдуд намудан ё рафъи оқибатҳои садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок; таҳияи чорабиниҳо, ки ба кам кардани миқёси оқибатҳои садама ва андозаи зарари он, ки дар сурати рӯй додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок расонида мешавад, бояд пешгирӣ карда шавад.

Номгӯи маълумоте, ки эъломияи бехатарии саноатӣ бояд дар бар гирад ва тартиби ба расмият даровардани онро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

Қонуни мазкур таҳияи ҳатмии эъломияҳои бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнокро, ки дар онҳо истеҳсол, истифода, истихроҷ, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобуд кардани моддаҳои хатарнок сурат гирифта, миқдорашонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муқаррар менамояд.

Эъломияи бехатарии саноатӣ ҳамроҳи ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ барои сохтмон, васеъкунӣ, азнавсозӣ, азнавтаҷҳизонидани техникӣ, муваққатан боздоштан ва барҳам додани иншооти истеҳсолии хатарнок тартиб дода мешавад.

Эъломияи бехатарии саноатӣ ҳангоми муроҷиат барои иҷозатномаи истифодабарии иншооти истеҳсолии хатарнок, тағйирёбии маълумот дар эъломияи бехатарии саноатӣ ё ҳангоми дигаргуншавии талаботи бехатарии саноатӣ аниқ карда ё аз нав тартиб дода мешавад.

Барои иншоотҳои истеҳсолии хатарнок, ки дар рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун фаъолият мекунанд, эъломияҳои бехатарии саноатӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд.

Эъломияи бехатарии саноатӣ аз тарафи роҳбари ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок тасдиқ карда мешавад.

Роҳбари ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок барои пуррагӣ ва саҳеҳии маълумоти дар эъломияи бехатарии саноатӣ мавҷуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

Эъломияи бехатарии саноатӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз экспертизаи бехатарии саноатӣ мегузарад.

Эъломияи бехатарии саноатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

 

Моддаи 17. Суғуртаи ҳатмии масъулият барои расонидани зарар ҳангоми истифодаи иншооти истеҳсолии хатарнок

Ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок бояд ҳатман барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони дигар ва муҳити зист ҳангоми рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок масъулиятро суғурта намояд.

Андозаи ҳадди ақали маблағи суғуртаи масъулият барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахсони дигар ва муҳити зист ҳангоми рух додани садама дар иншооти истеҳсолии хатарнок, барои:

а) иншооти истеҳсолии хатарноки дар қисми якуми моддаи 2 Қонуни мазкур зикршуда, агар дар онҳо:

– моддаҳои хатарноки миқдорашон ба миқдори муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ё зиёд истеҳсол, истифода, аз нав коркард, ташкил, нигоҳдорӣ, интиқол ё нобуд мешаванд – ҳафтод ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи бастани шартномаи суғуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст;

– моддаҳои хатарноки миқдорашон аз миқдори муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар истеҳсол, истифода, аз нав коркард, ташкил, нигоҳдорӣ, интиқол ё нобуд мешаванд – даҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи бастани шартномаи суғуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст;

б) иншооти истеҳсолии хатарноки дигар – як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи бастани шартномаи суғуртаи масъулияти хатар муқаррар гардидааст.

 

Моддаи 18. Назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ

Назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ мақоми ваколатдор мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд:

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок дароянд;

-бо ҳуҷҷатҳое, ки барои тафтиши аз тарафи ташкилоти истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок иҷро намудани талаботи бехатарии саноатӣ заруранд, шинос шаванд;

-дурустии гузаронидани тафтишоти техникии ҳодисаҳои нохуши дар иншооти истеҳсолии хатарнок рухдода, инчунин пуррагии чорабиниҳои дар асоси натиҷаҳои чунин тафтишот пешниҳодшударо тафтиш намоянд;

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи бехатарии саноатӣ нишондодҳо диҳанд;

-дар доираи ваколатҳои худ оид ба бехатарии саноатӣ, аз ҷумла зарурати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатии биноҳо ва иншооти воқеъ дар объектҳои хатарнок нишондодҳо диҳанд;

-ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок оид ба қатъи корҳое, ки бо вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ пеш бурда мешаванд, нишондодҳо диҳанд, ҳангоми зарурат барои қатъи фаъолияти иншооти истеҳсолии хатарнок, биноҳо ё таҷҳизоти техникии дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодашавандаро мӯҳр зананд, инчунин дар сурати таҳдиди хатар ба ҳаёт ва саломатии кормандон барои аз ҷои кор баровардани онҳо супориш диҳанд;

-шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ гунаҳгорро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, инчунин барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони зикршуда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристанд;

-тибқи тартиби муқарраргардида дар суд ҳамчун намояндаи мақоми ваколатдор бо даъвои ситонидани товони зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи шахсони дигар расонидашуда, ки дар натиҷаи вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ рух додааст, баромад кунанд;

-фаъолияти дигареро, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии саноатӣ пешбинӣ намудааст,анҷом диҳанд.

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи бехатарии саноати иншооти истеҳсолии хатарнок амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба вайрон намудани Қонуни мазкур гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе  28 феврали соли 2004

№ 14

 

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …