Бед

bed_daraxt-660x330Мурод аз беди шифобахш гуфтан беди одди аст, ки ба хама маьлум мебошад. Бехтаринаш дар лаби об руидаи он аст. Низ бед самар хам дорад, ки онро хушаи бед меноманд. Мизочи гулаш дар дарачаи дувум сард ва дар якум тар аст; мизочи баргаш сард ва хушк аст, мизочи хушааш дар дарачаи якум сард ва тар мебошад бо куввати кабзкунандаги, сузиш ва хушккунандаги. Ба русси онро «Ива ломкая» меноманд.

Хислатхои шифобахши он: ошомидани он саракунандаи бадан аст, ба дил ва майнаи гарммизоч кувват мебахшад, гирехи чигарро мекушояд, дарди сар, дардичашм ва дилтапак (дилбози)-ро дафъ мекунад; ташнагиро таскин медихад, сустии меъдаро ислох медихад, табхои тафснок ва сафровиро сихат мебахшад, хамаи беморихои аз гарми  баамаломадаро ба ибро меоварад. Дар хислатхои мазкура араки гулаш саратар аст-назар ба истеъмоли худи гулаш ва кавитар аз араки баргаш мебошад.

Чирми баргаш, яъне худи баргаш бо хислати радкунандагиаш намегузорад, ки моддахои нодаркор ва зарарнок ба узвхо рехта шаванд ва он моддахоро дар чояш кабз мекунад. Агар оби баргашро дар офтоб гафс гардонида бихуранд, моддахои балгам, сафро ва савдоро бо исхол дафъ месозад; барои иллати саръ (припадка) дору мешавад, ларзонидани табхоро манъ менамояд, гирехи чигарро мекушояд, зардпарвинро шифо мебахшад, сипурзи сахтшударо чун асли мулоим мегардонад, пешобро меронад, бугма (хафа) шудани бачадонро, ки гох-гох бехуши меоварад, ислох мекунад, дарди бугумхоро таскин медихад, никрис (подагра)-ро шифо мебахшад, барои каждумгазида ва захрхои дигар тарёк мебошад.

Оби барги бедро нимгарм дар гуш чаконанд, даруни онро аз чирк пок мекунад. Шоххои борик ва баргхои онро дар об чушонида, дар он об даромада нишинанд, фасоди аъзоро, яъне вайрон шудани холат ва феъли уэвхои баданро дафъ мекунад. Агар баргхои онро пахн намуда, дар болояш хобанд, харорати чигар ва дилро, яъне тафси ин узвхоро сокин месозад.

Хушаи бедро хох куфта гузошта банданд, хох дар об чуш дода, он обро бинушанд, зарбаи расидаро, ки ба саккои чашм осеб расида бошад, сихат мебахшад.

Агар инро куфта гузошта банданд, хунравиро манъ мекунад. Барги тарашро куфта гузошта банданд ва оби он баргро бинушанд, исхоли хунинро манъ месозад. Араки баргашро бинушанд, дилтапак (дилбози)-ро, ки аз гарми  бошад, дафъ мекунад, таби нагзак, табхои гармва таби дил (логаркунаида)-ро дафъ мекунад.

Шилми он, ки аз баргаш берун медамад, мисли шакар ширин мебошад, равшанкунанда ва кувватбахши чашм аст.

Хокистари чуби бедро бипошанд ё гузошта банданд, рафтани хунро манъ мекунад; агар инро бо сирко хамир карда, гузошта банданд, озахро хушк карда меафтонад, доначахо ва обилахои бар бадан дамидаро дур месозад, варами пистон ва варамхои дигари узвхои беруниро тахлил медихад, шаро (аллергия), обила ва варамхои гармро дафъ мекунад. Инчунин оби барги онро бардавом биёшоманд ё гузошта банданд, барои беморихои номбаршуда дармон мешавад.

Истеъмоли баргаш ба дарун моддахои нодаркори зарарноки ба узвхо фуроянда ва рехташавандаро рад мекунад ва намегузорад, ки бифуроянд, инчунин хамон тавр манъ мекунад.

Вале ошомидани махсулоти бед факат ба тихигох (холияки пахлу) зарар дорад. Дар ин холат ё гулоб ё шакар биёшоманд, ислохи зарар менамояд. Микдори як бор нушидан аз оби барг ва гули бед дар як руз аз 28 то 70 грамм аст, ки бояд бо шакар биёшоманд. Ба чойи ин ревоч (чукри) бихуранд, раво мебошад.

Хосил кардани оби барги бед чунин аст. Барги тару тозаи онро хуб куфта, фишурда, обашро меситонанд ва як шаб мегузоранд ва баъд мувофики микдор менушанд Нушидани ин барои дафъ кардани моддахои балгами, сафрови, хуни, инчунин барои кушодани гиреххои бадан, кави гардонидани меъда на узвхои иафас нафъ дорад ва ин бехтар ва кавитар аз оби косни мебошад.

bed_soxt-300x278Гирифтани араки гул ва барги бед чунин аст. Барг ё гулхои бедро чамъ намуда, покиза шуста, дар анбик бо оташи мулоим арак кашанд. Оби сархонаи анбик, ки камтар гарм гардад, он обро нав кунанд.

Мизочи ин арак дар дарачаи дувум сард ва дар якум хушк аст. Инро бинушанд, гиреххои чигарро мекушояд, дилтапак ва ташнагиро дафъ мекунад, барои сустии меъдаи гарммизоч, табхои тафснок ва бар зидди хамаи иллатхои аз гарми ба зухур оянда, дарди чашм ва дарди сари гарм дору мебошад.

Аз гули бед низ равган тартиб медиханд ба ин тарик. Гули бедро хар кадар, ки хоханд, мегиранд. Дар зарфи шиша то нима равгани кунчид ё равгани зайтун андохта, он равганро аз гули бед пур намуда, дар офтоб мегузоранд. Баъд аз як хафта ранг ва куввати гул ба равган мегузарад, сони гулро фишурда дур мекунанду аз гули нав пур менамоянд. Хамин тарик, то шаш мартаба гулро иваз намуда, охиронро низ фишурда партофта равганро соф мегардонанд — ин равгани гули бед аст.

Мизочи равгани гули бед сард ва хушк аст. Инро бихуранд, решхои тарро хушк мекунад, дарди сарро шифо мебахшад, намегузорад, ки бухорхои гарммизоч аз поини бадан ба майна бароянд, варамхои гармро тахлил медихад, инчунин моддахои гарм ва сарди но-даркорро аз бадан дафъ менамояд.

Агар инро бимоланд, дарди сарро таскин медихад, майнаро кувват мебахшад, бехобиро дафъ мекунад, варамхои гуногуни майна ва пардахои онро тахлил медихад. Ин равганро бо сирко ва гулоб даромехта бибуянд, дарди сарро таскин медихад, намегузорад, ки бухорхо ба магзи сар бароянд, Агар инро дар гуш чаконанд, дарди гуш ва дарди сарро таскин медихад, хушкии майнаро ислох менамояд. Ва агар дар дахан бигардонанд, дарди дандонро сокин мекунад ва чушиши даханро, ки аз охак хурдан баамаломада бошад, дафъ месозад.

Ин равганро бихуранд, хамаи моддахои часпакро аз бадан меравонад, исхоли сафровиро манъ месозад, тафси меъдаро басанда мегардонад, харошида шудан ва захми рудахо, инчунин дарди рудахоро басанда мекунад; аъзои баданро кувват мебахшад, дардхои дохилиро таскин медихад, исхолро мебандад.

Агар ин равганро батакрор бимоланд ва бо он хукна кунанд, захми рудахоро ба ибро меоварад. Онро ба шикам бимоланд, исхоли сафровиро боз медорад, моддахои часпакро бо исхол дафъ мекунад.

Агар инро б решхои чукур ва фурурафтабимоланд, гушт меруёнад, рутубатхои захм ва чарохатхоро хушк мекунад, моддахои бадфиолро аз он чои бадан дафъ месозад, инчунин аз обилахо начот медихад. Инро бо сафедаи тухми мург сиришта бимоланд, сухтагии оташ ва варами чашмро ба ибро меоварад, бо сирко сиришта бимоланд, шифобахши захмхо мебошад ва чушишхои гарммизочро дармон мешавад.

Ба хамаи ин илова кунем, ки агар чигар хушк на сахти кучак шуда бошад, хушаи бедро дар об чушонида, он обро бардавом бинушанд, чигарро ба холи асли ва сихаташ меоварад.

Микдори як бор хурдан аз равгани гули бед дар як руз то 25 грамм аст. Агар равгани гули ёфт нашавад, ба чойи он равгани гулисурхро истифода кунанд, раво мебошад, ё баробари ним вазни он равгани бунафшаро биёшоманд, низ чоиз аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …