Главная / Техника / Барои чи барк нест – Свет чаро нестай?

Барои чи барк нест – Свет чаро нестай?

Дар Точикистон аз солхои 1992 инчониб  дар фасли сармо баркро мекушанд ва ба бисёрихо нофахмо аст, ки  чаро рушноии электрики хомуш карда мешавад.

Вобаста ба ин савол дар ин сахифа ба шумо хонандагони азиз маълумот оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар як сол дар Точикистон ба микдори 17 млр. киловатт соат барк истехсол мешавад  вале дар асл талабот 2-маротиба бештар аст ва аз хамин сабаб  дар мавсими кам шудани об дар моххои сентябр-феврал дар обанборхои кишвар хукумат мачбур мешавад, ки соатхои истифодаи баркро дар кишвар махдуд (кам) кунад.

Ба хисоби миёна дар моххои сентябр-март хамасола  дар як шабонаруз 6-8 соат барк ба шахру нохияхои кишвар таъмин карда мешавад. Вале чунин махдудият ба Пойтахти кишвар дахл надорад ва ба баъзе шахрхои калон аз он чумла Хучанд, Кулоб, Кургонтеппа ва баъзеи дигарон. Дар шахри Хоруг аз сабаби сохиб будани Неъругохи Баркии Оби худи минтакави низ барк (свет) хомуш карда намешавад.

Бояд гуфт, ки дар чахон кариб 1 миллард одам ки 13%-и ахолии дунёро ташкил мекунанд умуман барк надоранд ва аз онхо 200 миллионаш дар Хиндустон зиндагони мекунанд.

Бояд гуфт, ки хомуш кардани барк дар кишвархои хамсоя низ вучуд дорад аз чумла дар Узбекистон, Киргизистон ва Афгонистон. Бояд гуфт, ки агар Точикистон ба мустакилияти энергетики бо сохтани НБО Рогун сохиб шавад пас дар ин самт Узбакистон аз Точикистон дар акиб мемонад.

Хукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 –ум ба мустакилияти энергетики ноил гардида ба хомуш намудани барк дар Точикистонро хотима дихад. Албатта алакай мушохида кардан мумкин, ки мохи ноябри соли 2018 алакай бо кушодашавии агрегати якуми НБО Рогун куштани барк дар Точикистон аз байн бардошта шуд вале ин хам бошад аз хисоби асосан дар моххои сентябр-ноябри соли 2018 махдуд кардани баркдихи (сар додани об дар НБО Норак) буд ва моххои ноябр –декабр сербориш шуд.

elektrichestva

Умуман Точикистон аз хисоби дар мавсими гарми зиёд будани об дар дарёи Вахш ва Обанбори Норак кувваи барк барзиёд истехсол шуда ба кишвархои хамсоя аз чумла Афгонистону Узбекистон фурухта мешавад. Вале дар мавсими сард (сентябр-феврал) дарёхо камоб шуда обанборхо камоб мешаванд ва мутаносибан барк хам кам истехсол мешавад. Лек аз хисоби дар кишвархои хамсоя кам будани барк харидани он аз онхо имконнопазир аст ва бар иловаи ин харочотхои вазнин бар бучаи кишвар мешавад. Барои маълумот метавон гуфт, ки дар як сол ба хисоби миёна 16-17 млрд. кв. барк истехсол мешавад ва ин нишондихандаи чандон паст нест, агар дар таносуб бо дигар кишвархои дунё киёс намоем.

Ба хисоби миёна Точикистон хар тобистон (солхои 2005-2010) ба маблаги 30-50 млн доллар барк мефурушад ва инчунин метавон гуфт, ки ба сари як нафар ахолии кишвар истеъмоли барк дар як сол 1,5 хазор киловат рост меояд, холл он ки ин нишондиханда дар Узекистон 1,6 хазор, Киргизистон 1,9хазор, Туркманистон 2,7 хазор, Казокистон 5,6 хаз,  Руссия 4,9хаз, Амрико (ИМА) – 6,9 хазор баробар аст.

Точикистон сохиби 5%-и кувваи гидроэнергетики дунёро сохиб аст, китакрибан ба 500 млрд. кв. баробар аст ва аз ин хамаги такрибан 5%-ашро истифода намуда истодааст ва боки 95% -и захирахо холо истифода намешаванд.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

samolet_1

Барои чи ширкатхои хавопаймои бояд сугурта шаванд?

 Иктибос аз кодекси фазои хавоии Чумхурии Точикистон  Моддаи 124. Сугуртаи хатмии масъулияти молики хавопаймо дар …