Главная / Чамъият / Бахисобгирии собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад

Бахисобгирии собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад

Моддаи 102-и Кодекси Мехнат. Бахисобгирии собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад

  1. Ба собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад, инхо дохил мешаванд:

– вакти кори вокеи дар давоми соли кори;

– вакте, ки корманд вокеан кор накардааст, вале чойи кораш (мансабаш) барои у нигох дошта шудааст;

– вакти ноилоч хозир нашудан ба кор хангоми гайриконуни аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав баркарор намудан ба кори пештара;

– дигар вактхое, ки шартномахои сохави (тарифи), коллективи ва дигар санадхои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартхои шартномаи мехнати пешбини намудаанд.

  1. Агар дар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, ба собикаи кор, ки барои рухсатии мехнатии харсола хукук медихад, инхо дохил карда намешаванд:

– вакти бе сабабхои узрнок дар кор хозир набудани корманд;

– вакти рухсатихои барои нигохубини кудак то ба синни муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон расидани у;

– вакти рухсатихои бемузд, ки бо хохиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рузи таквими дода шудааст.

  1. Санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд коидахои махсуси бахисобгирии собикаи кориро, ки барои гирифтани рухсатихои мехнатии иловаги хукук медиханд, пешбини намоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …