Главная / Ҷамъият / Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад

Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад

Моддаи 102-и Кодекси Меҳнат. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад

  1. Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил мешаванд:

– вақти кори воқеӣ дар давоми соли корӣ;

– вақте, ки корманд воқеан кор накардааст, вале ҷойи кораш (мансабаш) барои ў нигоҳ дошта шудааст;

– вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;

– дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.

  1. Агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:

– вақти бе сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набудани корманд;

– вақти рухсатиҳои барои нигоҳубини кўдак то ба синни муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани ў;

– вақти рухсатиҳои бемузд, ки бо хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рўзи тақвимӣ дода шудааст.

  1. Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд қоидаҳои махсуси баҳисобгирии собиқаи кориро, ки барои гирифтани рухсатиҳои меҳнатии иловагӣ ҳуқуқ медиҳанд, пешбинӣ намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …