Главная / Гуногун / Ба Холландия пурратар тобеъ карда шудани Индонезия

Ба Холландия пурратар тобеъ карда шудани Индонезия

Дар баробари Холландия ба Индонезия сармояи давлатхои дигари империалисти хам ворид мегардид. Ин раванд хукуматдорони Холландияро ба ташвиш овард. Вале он ба фишори Англия тоб оварда натавонист. Ин буд, ки соли 1871 Холландия ва Англия Созишномаи Суматраро ба имзо расониданд. Мувофики он Холландия ба ивази ба Англия вогузор кардани мустамликаи дар сохили Африкаи Гарби вокеъбудаи худ (дар Аче-Суматраи Шимоли, ки дар наздикии Мадай ва Сингапур вокеъ аст), хукуки озодона амал карданро ба даст даровард. Холландия ба Англия дар Суматра шароити хуби тичорати мухаё сохт.

5241ind Nederlandse soldaten gaan aan land te Pasir Poetih op 21-7-1947.

Хукумати Холландия аз султони Аче талаб кард, ки у ба зери Созишномаи тобеияти худ ба Холландия имзо гузорад. Лекин султон чавоби рад дод. Чавобан ба ин 26 марта соли 1873 Холландия бар зидди Аче амалиёти чангиро cap кард. Баъди чангхои шадид мохи декабри хамон сол Холландия лашкари Ачеро торумор намуд. Хукумат саросемавор ба мулкхои Холландия хамрох карда шудани Ачеро эълон кард. Вале чанги мазкур бо хамин хотима наёфт. Дере нагузашта “чанги мукаддас” бар зидди “кофирон” кариб тамоми Индонезияро фаро гирифт. Холландия якчанд маротиба паси хам ба Аче сарбоз фиристонд. Ба артиши Холландия танхо соли 1879 муяссар шуд, ки нохияхои наздисохилии султонии Ачеро ба даст дароранд.

Дар байни рохбарони шуриши озодихохонаи султонии Аче Тенгку Чик ди Тиро, Имом Лонгбата, Теуку Умар ва хамсари Умар – Чут Ния Дин буданд. Дастахои чанговари онхо борхо бар нерухои душман дастболо шудаанд. Холландихо диданд, ки Ачеро бо рохи зури истило карда наметавонанд, амалдорони мансабпараст ва молу сарватхои махаллиро тавассути ришваю тухфа, имтиёзхо ва вазифахои сердаромад ба тарафи худ кашиданд Сарфи назар аз ин мубориза ба таври муташаккил то соли 1904 ва номуташаккил то соли 1913 давом кардааст.

Солхои 70-ум ва 80-уми асри XIX холландихо дар Индонезия князихои зиёди дигарро низ ба итоати худ дароварданд. Бо вучуди ин то соли 1900 дар ин чо боз кариб 350 князи феодали, ё худ “свапрача” (“мулкхои худидорашаванда”) мавчуд буданд, онхоро ашрофони феодали, ё ки пешвоёни авлоду кабилахо идора мекарданд. Лекин ин князихо кудрат надоштанд, ки истиклоли худро химоя кунанд. Соли 1898 хукумати Холландия бо номи “Изхороти мухтасар” санадеро мураттаб сохт. Дар он гуфта мешуд, ки хокимони давлатчахои то хол “худидорашаванда” хукук надоранд, мустакиман бо ягон давлати хоричи робита кунанд. Онхо вазифадоранд хамаи он фармонхои хукуматиро, ки ба кори дохилиашон марбутанд, бечуну чаро ичро намоянд. Дар зарфи 10 сол хамаи хокимони Индонезия мачбур шуданд, ки ба зери ин санади асоратовар имзо гузоранд. Бо вучуди ин на дар хама чо халки махалли ба холландихо итоат мекард. Дар чанубу гарби Сулавеси, дар Чамби, Банчармасии, Аче, чазираи Ломбок ва ба чойхои дигар имзогузории мачбури ба “изхорот” шуришхоро амал овард. Сарфи назар аз ин ба Холландия муяссар шуд, аксарияти князихо ва султонихои Индонезияро ба итоати худ дарорад. Танхо як кисми ками онхо насиби Англия шуд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

1362470141_pero

Адабиёти реалисти

Адибони реалистии нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX камбудихои чомеаро нотарсона фош мекарданд. …