Главная / Гуногун / Ба Ҳолландия пурратар тобеъ карда шудани Индонезия

Ба Ҳолландия пурратар тобеъ карда шудани Индонезия

Дар баробари Ҳолландия ба Индонезия сармояи давлатҳои дигари империалисти ҳам ворид мегардид. Ин раванд ҳукуматдорони Ҳолландияро ба ташвиш овард. Вале он ба фишори Англия тоб оварда натавонист. Ин буд, ки соли 1871 Ҳолландия ва Англия Созишномаи Суматраро ба имзо расониданд. Мувофиқи он Ҳолландия ба ивази ба Англия вогузор кардани мустамликаи дар соҳили Африкаи Ғарбӣ воқеъбудаи худ (дар Аче-Суматраи Шимолӣ, ки дар наздикии Мадай ва Сингапур воқеъ аст), ҳуқуқи озодона амал карданро ба даст даровард. Ҳолландия ба Англия дар Суматра шароити хуби тиҷоратӣ муҳаё сохт.

5241ind Nederlandse soldaten gaan aan land te Pasir Poetih op 21-7-1947.

Ҳукумати Ҳолландия аз султони Аче талаб кард, ки ӯ ба зери Созишномаи тобеияти худ ба Ҳолландия имзо гузорад. Лекин султон ҷавоби рад дод. Ҷавобан ба ин 26 марта соли 1873 Ҳолландия бар зидди Аче амалиёти ҷангиро cap кард. Баъди ҷангҳои шадид моҳи декабри ҳамон сол Ҳолландия лашкари Ачеро торумор намуд. Ҳукумат саросемавор ба мулкҳои Ҳолландия ҳамроҳ карда шудани Ачеро эълон кард. Вале ҷанги мазкур бо ҳамин хотима наёфт. Дере нагузашта “ҷанги муқаддас” бар зидди “кофирон” қариб тамоми Индонезияро фаро гирифт. Ҳолландия якчанд маротиба паси ҳам ба Аче сарбоз фиристонд. Ба артиши Ҳолландия танҳо соли 1879 муяссар шуд, ки ноҳияҳои наздисоҳилии султонии Ачеро ба даст дароранд.

Дар байни роҳбарони шӯриши озодихоҳонаи султонии Аче Тенгку Чик ди Тиро, Имом Лонгбата, Теуку Умар ва ҳамсари Умар – Чут Ния Дин буданд. Дастаҳои ҷанговари онҳо борҳо бар нерӯҳои душман дастболо шудаанд. Ҳолландиҳо диданд, ки Ачеро бо роҳи зӯрӣ истило карда наметавонанд, амалдорони мансабпараст ва молу сарватҳои маҳаллиро тавассути ришваю тӯҳфа, имтиёзҳо ва вазифаҳои сердаромад ба тарафи худ кашиданд Сарфи назар аз ин мубориза ба таври муташаккил то соли 1904 ва номуташаккил то соли 1913 давом кардааст.

Солҳои 70-ум ва 80-уми асри XIX ҳолландиҳо дар Индонезия князиҳои зиёди дигарро низ ба итоати худ дароварданд. Бо вуҷуди ин то соли 1900 дар ин ҷо боз қариб 350 князи феодалӣ, ё худ “свапрача” (“мулкҳои худидорашаванда”) мавҷуд буданд, онҳоро ашрофони феодалӣ, ё ки пешвоёни авлоду қабилаҳо идора мекарданд. Лекин ин князиҳо қудрат надоштанд, ки истиқлоли худро ҳимоя кунанд. Соли 1898 ҳукумати Ҳолландия бо номи “Изҳороти мухтасар” санадеро мураттаб сохт. Дар он гуфта мешуд, ки ҳокимони давлатчаҳои то ҳол “худидорашаванда” ҳуқуқ надоранд, мустақиман бо ягон давлати хориҷӣ робита кунанд. Онҳо вазифадоранд ҳамаи он фармонҳои ҳукуматиро, ки ба кори дохилиашон марбутанд, бечуну чаро иҷро намоянд. Дар зарфи 10 сол ҳамаи ҳокимони Индонезия маҷбур шуданд, ки ба зери ин санади асоратовар имзо гузоранд. Бо вуҷуди ин на дар ҳама ҷо халқи маҳаллӣ ба ҳолландиҳо итоат мекард. Дар ҷанубу ғарби Сулавеси, дар Ҷамби, Банҷармасии, Аче, ҷазираи Ломбок ва ба ҷойҳои дигар имзогузории маҷбурӣ ба “изҳорот” шӯришҳоро амал овард. Сарфи назар аз ин ба Ҳолландия муяссар шуд, аксарияти князиҳо ва султониҳои Индонезияро ба итоати худ дарорад. Танҳо як қисми ками онҳо насиби Англия шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …