Главная / Илм / БУСИР

БУСИР

verbascum_thapsusБУСИР (Verbassum thapsus), бурмис, думи гов, марги мохи, гиёхест дусола. Аз 30 то 180 см кад мекашад. Пояаш рост, сербарг. Баргхои назди решааш дарозруяи яклухт, баргхои мобайни байзашакл, баргхои назди гул дарозруяи нугтез. Гулаш зард, дар хушагули сараки поя чойгир аст. Гузааш байзашакл, тухмаш майдаи буртоб. Июн – авг. гулу мева мекунад. Дар чойхои камнам, нишебихои серсангу шагал, баъзан дар хамворихо, атрофи чашмахо месабзад. Дар мавзеъхои Хисору Дарвоз, Точикистони Шарки ва Помири Гарби (дар баландии 1700 – 2900 м аз с.б.) вомехурад.
Ба сифати даво хушагули Б. истифода мешавад. Онро дар давраи пурра шукуфтанаш ва дар хавои офтоби чамъ меоранд. Рузи борони ё баъди рехтани шабнам гун овардани растани чоиз нест, зеро он пусида корношоям мешавад. Хушагулхоро дар чои соя мехушконанд. Гулбаргхои нагз хушкида ранги зарди кушод доранд. Онхоро то 2 сол нигох доштан мумкин аст.
Дар тибби халкии Точикистон гулчойи Б. чун давои исхоловар, балгамрон, пешоброн ва зидди илтихоб аз кадим маълум аст. Чушоби баргхои поёнии онро хангоми назлаи меъда, руда, беморихои чигар, испурч, тарбод, инчунин барои муоличаи зики нафас, нафастанги, сили шуш ва г. тавсия медиханд.
Дар тибби муосир гул ва гохо барги Б. кор фармуда мешавад (дар мавриди сулфа, беморихои шуш ва меъда). Бахри ин 15 – 20 гироми онро дар як истакон оби чуш тар карда, рузе 1 – 2 кошуки 3 – 4 маротиба менушанд. Бо ин максад аз накеъи гули он низ истифода мекунанд (2 кошук гули майдакардаро дар як истакон оби чуш андохта мемонанд ва дар давоми руз менушанд; кудакон онро бояд дар 2 руз истеъмол намоянд).
Бо максади табобати сулфаи кудакон аз гули Б. ва решаи гулхайри шарбат тахия месозанд: ба як истакон оби чуш аз харду яккошукчаги андохта, 200 г шакар илова мекунанд ва то гафс шудан, мечушонанд; сипас даворо хунук карда меполонанд ва рузе 4 – 6 маротиба бо кошуки чойнуши меошоманд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …