БУЖЗАНи, бо максади ташхис ва муолича ба баъзе узвхои найчашакл ворид сохтани асбобхои махсус – бужхо. Б. хангоми хадша бастани узвхои найчашакл истифода мегардад. Барои ин Б.-хои филизи ва чандир кор фармуда мешаванд (онхоро каблан стерилизатсия менамоянд).
Б.-ро дар амалияи урологи бахри ошкор сохтани дарачаи танг гаштани мачрои пешоб ва табобати он амали мегардонанд. Б. хангоми беморихои шадиди аъзои таносул ва пешоб (простатит, систит, пиелонефрит ва г.), хамчунин осеби найчахои пешобгузар чоиз нест. Ба мачрои пешоби мардхо ворид сохтани буж бинобар качии физиологии пешобдон душворихо пеш меорад. Дар сурати беэхтиёти буж метавонад девораи пешобдонро захми ё сурох намояд. Барои рох надодан ба чунин холат бехтараш аз бужхои пластмасси истифода шавад.
Б.-и гулу ва хирнойро бо бужхои чандир дар мавриди инкибози хадшавии онхо ба амал меоранд. Кабл аз огози кор рохи болои нафас ва халку бини карахт карда мешавад.
Б.-и сурхрударо низ хангоми инкибози хадшавии он ба амал меоранд. Барои ин ботартиб аз чанд навъи буж истифода мебаранд (аввал бужи борик фиристода мешавад). Б.-и сурхруда дар вакти илтихоби луобпардаи дахон ва гулу чоиз нест. Дар мавриди беэхтиётона истифода бурдани буж мумкин аст девораи сурхруда сурох шавад (дар он холат хатман ба чаррохи даст мезананд).
Б.-и найи сомеаро бо максади ошкор сохтани кобилияти гузарониш ё кабл аз чаррохи (тимпанопластика) васеъ кардани он амали мегардонанд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …