Главная / Илм / БРОМОДЕРМА

БРОМОДЕРМА

bromodermaБРОМОДЕРМА (Bromoderma; аз лот. bromum – бром ва юн. derma – пуст), бемории пуст, ки бинобар муддати зиёд истифода бурдани дорухои бром, хусусан бромиди калий, ба вучуд меояд. Хангоми Б. дар руй, сок ва сурин бусуроти гуногун медамад. Б. се навъ мешавад: наракмонанд, густаришёфта ва гирехчашакл. Б.-и наракмонанд нисбатан бештар ба назар мерасад. Он назар ба нараки мукаррари калонтар буда, рангаш кабудча аст. Б.-и густаришёфта асосан дар кудакон дучор меояд; зохиран ба сурхакон, саглес ва гулгуна монанд аст. Хангоми Б.-и гирехчашакл дар пуст гирехчахои омосшакли бунафштоб пайдо мешаванд. Кутри онхо то чанд сантиметр буда, руяшон бо карахш пушида шудааст.
Бо максади табобати Б. истифодаи дорухои бромиро катъ кардан лозим аст. Бромро аз организм бо ёрии давохои пешоброн ва исхоловар хорич мекунанд. Истифодаи обзани гарм бо махлули перманганати калий низ манфиат дорад. Ниг. низ Бромидхо.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …