Главная / Илм / БОДХуРДА

БОДХуРДА

bodkhurdaБОДХуРДА (Lupus erythematodes), бемории музмини илтихобии бофтаю рагхо. Бештар занхои синни таваллуд бемор мешаванд. Сабаби Б. маълум нест. Тахмин мекунанд, ки он дар натичаи сирояти нихонии вирусхо, ихтилоли гадудхои усораи дохили ва тамоюли ирси доштани одам ба вучуд меояд. Баъзе дорухо (мас., гидралазин, изониазид ва г.) низ метавонанд мучиби беморихои ба Б. монанд шаванд, вале онхо баъди хотима бахшидан ба истифодаи дорухои мазкур комилан рафъ мегарданд. Ба омилхое, ки чараёни Б.-ро тезу тунд месозанд, инсолятсия, истифодаи ваксинаю зардобхо, хомилаги ва таваллуд мансуб мебошанд.
Б. навъхои гуногун дорад. Хусусан Б.-и системави бештар дучор меояд. Хангоми он узвхои дохили, дастгохи такяву харакат, силсилаи асабхои маркази осеб меёбанд. Беморон аз сустию бехоли, хароби, рехтани муй, табу тасф шикоят мекунанд; дар махалли байни абрувон ва рухсора эритемаи монанд ба шапалак ба вучуд меояд; дар луобпардаи дахон доначахои сершумор медаманд; рух намудани артрит, артралгия, осеби бандхои зону, оринч ва банди даст, дарди устухону мушакхо, перикардит, перитонит, миокардит, эндокардит, васкулт ва г. низ аз эхтимол дур нест.
Б.-и системави шадид, зершадид ва музмин мешавад. Табобати он бояд дар беморхона огоз ёбад. Муоличаи физиотерапевти ва курорти нафъ надорад. Масъалаи хомилаги ва таваллудро бо духтур хал кардан лозим аст.
Дар мавриди Б. пуст низ зиён мебинад. Б.-и пуст курсшакл, амик ва сатхи мешавад. Хангоми Б.-и курсшакл дар бини ва рухсора догхои гирдаи сурх пайдо шуда, онхо тадричан шакли шапалакро мегиранд. Чараёни бемори дуру дароз аст (бахору тобистон хуруч мекунад). Аломатхои Б.-и амик бештар дар манах, гохо дар тан падид меоянд. Нишонахои Б.-и сатхи дар бини ва рухсора пайдо мешаванд.
Барои маризон кор дар зери офтоб, сеххои гарм, хамчунин тамос бо моддахои химияви манъ аст. Онхо бояд бахору тобистон аз кремхои мухофизати истифода кунанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …