Главная / Илм / БЕХДОШТИ САНИТАРИИ САРХАД

БЕХДОШТИ САНИТАРИИ САРХАД

granicaБЕХДОШТИ САНИТАРИИ САРХАД, мачмуи тадбирхои маъмури ва санитарию зиддиэпидемияви, ки барои ба худуди мамлакат рох наёфтани беморихои сироятию карантини равона шудаанд. Беморихои карантини номи шартии чанд навъ бемории гузарандаест, ки онхо багоят сироятноканд ва бештар боиси фавти маризон мегарданд (мас., тоун, вабо, табларзаи зард ва г.).
Руихати тадбирхое, ки бахри Б. гузаронида мешаванд, дар асоси дастурхои махсуси Вазорати тандурусти ва Созишномахои байналхалкии санитари мукаррар мегардад. Номгуи беморихои сироятии мансуб ба гурухи амрози карантиниро низ Созишномахои байналхалки муайян месозанд.
Дар Точикистон амрози карантини чун беморихои оммави бархам дода шудаанд, вале дар нохияхое, ки хавфи пайдоиши онхо вучуд дорад, тартиби санитарию зиддиэпидемияви чори гаштааст. Пайдоиш ва пахн гардидани беморихои карантини дар чумхури факат дар сурати онхоро аз мамолики хорича бо худ овардани одамон мумкин аст (дар ин маврид нишонахои клиникии бемори хануз зохир нагаштаанд).
Тадбирхои санитарию зиддиэпидемияви чунинанд: муоинаи тиббии одамон, тафтиши бор ва накилиёт; бистаригардонии беморон, чудо кардани онхое, ки бемор буданашон аз эхтимол дур нест, обсерватсияи шахсони бо бемор тамосдошта; аз бемории карантини очилан хабардор кардани ташкилотхои нигахдории тандурусти; дезинфексия, дезинсектсия ва дератизатсияи васоити наклиёт ва борхои шубхаовар; моягузаронии шахсоне, ки ба хоричи кишвар мераванд.
Ташкил ва дар амал татбик намудани ин тадбирхо ба зиммаи муассисахои махсуси санитарию пешгирии эпидемия (бунгоххои санитарии карантини) аст. Ин муассисахо дар аэропорт, бандархо, истгоххои сархадии наклиёти рохи охан, ки ба воситаи онхо хамлу накли байналхалки ба амал меоянд, чойгир шудаанд.
Дар гумрукхонахо наклиёти аз сархади давлати гузарандаро аз назар гузаронда, хуччатхои санитарии экипаж ва мусофиронро тафтиш мекунанд, ба аъзои экипаж оид ба риояи тадбирхои карантини дастур медиханд, дар сурати зарурат ба мусофирон ва аъзои экипаж талаботи санитарию эпидемияви пешниход намуда, тадбирхои зарурии тибби меандешанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …