Главная / Илм / БЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХАВО

БЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХАВО

provetrivanie-pomeshheniyБЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХАВО, мачмуи тадбирхои конунбарори, ташкили, мухандисию техники ва санитарию бехдоштист, ки барои дар атмосфера пахн насохтани партови моддахои зарарнок ё махдуд намудани онхо равона шудаанд.
Масъалаи ифлос гаштани хавои атмосфера дар баробари тараккиёти истехсолоти саноати ба миён омад. Пешрафти илму техника истифодаи сарватхои табииро вусъат дода, масъаларо боз хам мураккаб сохт. Адади элементхои химиявие, ки дар истехсолот татбик шудаанд, беш аз пеш меафзояд. Ин боиси тагийр ёфтани таркиби партовхои саноати гардид. Ибт. а. 20 чунин мешумориданд, ки хавои атмосфераро дуди сузишвории сахт ифлос менамояд, Холо бошад, атмосфераро гайр аз дуд, инчунин аэрозолхои металлхои вазнин ва нодир, пайвастхои синтезие, ки дар табиат вучуд надоранд, захрхои химияви ва г. ифлос мекунанд.
Ифлос шудани хавои атмосфера боиси сар задани ходисахои номатлуб мегардад. Моддахои зарарнок ба саломатии одамон ва растанихо таъсири бад расонда, хаворо губоролуд мекунанд. Бо дарназардошти ин хама ба идорахои дахлдор тасдик кардани лоихаи сохтмони корхонахои саноатие, ки баъди ба истифода додани онхо атмосфера аз моддахои зарарнок ифлос хохад шуд (агар дар лоиха безараргардонии партовхо пешбини нашуда бошад), манъ карда шудааст. Тадбирхои амалии мухофизати хаво дар барномахои кишоварзи пешбини шуда, онхоро хукумат тасдик менамояд.
Мутобики моддаи 227 Кодекси чиноятии ЧТ (Олуда сохтани фазо) барои ифлос намудани хаво чазо мукаррар карда шудааст. Конунгузории ЧТ оид ба хифзи атмосфера масъалахои зиёдро дарбар мегирад. Бисёр санадхои меъёрии хукуки кабул гардидаанд, ки микдори партовхоро ба хавои атмосфера ва кори дастгоххою иншоотро танзим менамоянд. Ниг . низ Хифзи мухити зист.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

УСУЛХОИ ТАХКИКИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулхои тахкики илми география – Ахамияти тахкикоти географи Хангоми омузиши ходисахои табии, хар як илм …