Главная / Илм / БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТХОИ КЛАВИАТУРА ВА МУШ

БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТХОИ КЛАВИАТУРА ВА МУШ

Танзимкунии клавиатура. Аз мавзуъхои гузашта огохем, ки клавиатура ва муш воситахои асосии идоракунии система ва дохилкунии информатсия ба хисоб мераванд. Барои батанзимдарории кори клавиатура дар равзанаи Панели идоракуни (Расми 11) ба нишонаи Клавиатура бо ёрии муш ду маротиба таъсир мерасонем. Дарнатича равзанаи робитавии Свойства: Клавиатура (Хосиятхои клавиатура) кушода мешавад (Расми 49). Равзанаи Хосиятхои клавиатура аз ду тугмаи кабати – Скорость (Суръат) ва Язык (Забон) иборат аст.

Ба воситаи тугмаи кабатии Суръат суръати такроршавии автоматии символхои клавиатура ва зудии лаппиши курсори экран ба танзим оварда мешаванд. Тугмаи кабатии Забон бошад, барои интихоб кунии комбинатсияхои клавиатурии гузариши байни алифбои руси ва лотини ва хамчунин ба клавиатура хамрохкунии . Равзанаи танзимкунии Клавиатура алифбои нав хизмат мерасонад. Барои ба система хамрохкунии алифбои нав аз тугмаи командавии Добавить (Хамрох кардан) истифода мебаранд. Тугмаи командавии Удалить (Нест кардан), барои аз система хоричкунии алифбои хамрохкардашуда хизмат мерасонад.

mush

Барои дар Панели масъалахои Мизи кори пайдо шудани индикатори нишонахои алифбохо зарур аст, ки командаи Ввести индикатор (Индикатор дохил карда шавад)-ро фаъол гардонем. Пас аз дар Панели масъалахо пайдошавии индикатори гузариши алифбохо, равзанаи робитавии танзимкунии клавиатураро ба воситаи ин индикатор кушодан кулайтар мегардад.

Танзимкунии муш. Агар параметрхои ба таври ноошкор додашудаи муш, рафтори он дар колинча ва тарзи харакати нишондихандааш дар экран моро каноат нанамоянд, он гох метавонем хосиятхои мушро тагйир дихем. Барои ин кифоя аст, ки дар равзанаи Панели идоракуни ба нишонаи Мышь (Муш) ба воситаи нишондихандаи муш ду маро. Равзанаи хосиятхои муш тиба таъсир расонем. Дар натича равзанаи робитавии Свойства: Мышь (Хосиятхои муш) кушода мешавад.

Дар равзанаи Хосиятхои муш чор тугмаи кабати пешбини шудааст: Кнопки мыши (Тугмахои муш), Указатели (Нишондихандахои муш), Перемещение (Чойивазкунии муш), Общие (Умуми). Бо ёрии тугмаи кабатии Тугмахои муш воситахои муайянкунии тугмаи асоси – чап ё рост ва интихоби фосилаи байни пахшкунихои дукаратаи тугмаи асоси, пешбини карда шудааст. Ба таври ноошкор тугмаи асоси тугмаи чапи муш ба хисоб меравад.

Тугмаи кабатии Нишондихандахои муш барои интихобкунии шаклхои нишондихандаи муш дар экран хизмат мерасонад. Дар тугмаи кабатии Чойивазкунии муш бошад, воситаи идоракунии хассосияти нишондихандаи муш нисбат ба харакати муш дар колинча, пешбини карда шудааст. Барои тагйир додани суръати реаксияи нишондихандаи муш, тезда- ваки панели суръати чойивазкуниро ба тарафи рост (суръати баланд) ё чап (суръати паст) харакат кунонидан лозим аст.

Пас аз муайянкунии суръат, тугмахои командавии Ок ё Применить (Тадбик карда шавад)-ро пахш кардан зарур аст.

Саволхо:

  1. Кадом нишонахои майдони кории равзанаи программаи Панели идоракуни барои батанзимории клавиатура ва муш хизмат мерасонанд?
  2. Равзанаи Хосиятхои клавиатура аз кадом тугмахои кабати иборат аст?
  3. Вазифаи тугмаи кабатии Суръат дар чист? Вазифаи тугмаи кабатии Забон чи?
  4. Равзанаи Хосиятхои муш чанд-то тугмаи кабати дорад?
  5. Функсияхои тугмахои чап ва рости мушро чи гуна иваз кардан мумкин аст?
  6. Бо ёрии равзанаи Хосиятхои муш боз кадом амалиёти ба муш вобастаро гузаронидан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва мазмуни онро мухтасар дар дафтар сабт намоед.
  2. Равзанаи Хосиятхои клавиатураро кушоед ва аз тугмахои кабатии Суръат ва Забони он истифода бурда суръати такроршавии автоматии символхои клавиатура, зудди лаппиши курсори экран ва комбинатсияи клавиатурии гузариши байни алифбохои руси ва лотиниро ба танзим оред.
  3. Ба системаи компютери алифбои нави украиниро хамрох намоед ва пас аз истифодабари онро аз руйхати алифбохо хорич кунед.
  4. Аз имкониятхои равзанаи Хосиятхои муш истифода бурда функсияи тугмахои чапу рости муш, фосилаи байни пахшкунихои дукаратаи тугмаи асоси, шаклхои нишондихандаи муш ва дигар хосиятхои мушро ба танзим оред.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …