Главная / Илм / БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТҲОИ КЛАВИАТУРА ВА МУШ

БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТҲОИ КЛАВИАТУРА ВА МУШ

Танзимкунии клавиатура. Аз мавзўъҳои гузашта огоҳем, ки клавиатура ва муш воситаҳои асосии идоракунии система ва дохилкунии информатсия ба ҳисоб мераванд. Барои батанзимдарории кори клавиатура дар равзанаи Панели идоракунӣ (Расми 11) ба нишонаи Клавиатура бо ёрии муш ду маротиба таъсир мерасонем. Дарнатиҷа равзанаи робитавии Свойства: Клавиатура (Хосиятҳои клавиатура) кушода мешавад (Расми 49). Равзанаи Хосиятҳои клавиатура аз ду тугмаи қабатӣ – Скорость (Суръат) ва Язык (Забон) иборат аст.

Ба воситаи тугмаи қабатии Суръат суръати такроршавии автоматии символҳои клавиатура ва зудии лаппиши курсори экран ба танзим оварда мешаванд. Тугмаи қабатии Забон бошад, барои интихоб кунии комбинатсияҳои клавиатурии гузариши байни алифбои русӣ ва лотинӣ ва ҳамчунин ба клавиатура ҳамроҳкунии . Равзанаи танзимкунии Клавиатура алифбои нав хизмат мерасонад. Барои ба система ҳамроҳкунии алифбои нав аз тугмаи командавии Добавить (Ҳамроҳ кардан) истифода мебаранд. Тугмаи командавии Удалить (Нест кардан), барои аз система хориҷкунии алифбои ҳамроҳкардашуда хизмат мерасонад.

mush

Барои дар Панели масъалаҳои Мизи корӣ пайдо шудани индикатори нишонаҳои алифбоҳо зарур аст, ки командаи Ввести индикатор (Индикатор дохил карда шавад)-ро фаъол гардонем. Пас аз дар Панели масъалаҳо пайдошавии индикатори гузариши алифбоҳо, равзанаи робитавии танзимкунии клавиатураро ба воситаи ин индикатор кушодан қулайтар мегардад.

Танзимкунии муш. Агар параметрҳои ба таври ноошкор додашудаи муш, рафтори он дар қолинча ва тарзи ҳаракати нишондиҳандааш дар экран моро қаноат нанамоянд, он гоҳ метавонем хосиятҳои мушро тағйир диҳем. Барои ин кифоя аст, ки дар равзанаи Панели идоракунӣ ба нишонаи Мышь (Муш) ба воситаи нишондиҳандаи муш ду маро. Равзанаи хосиятҳои муш тиба таъсир расонем. Дар натиҷа равзанаи робитавии Свойства: Мышь (Хосиятҳои муш) кушода мешавад.

Дар равзанаи Хосиятҳои муш чор тугмаи қабатӣ пешбинӣ шудааст: Кнопки мыши (Тугмаҳои муш), Указатели (Нишондиҳандаҳои муш), Перемещение (Ҷойивазкунии муш), Общие (Умумӣ). Бо ёрии тугмаи қабатии Тугмаҳои муш воситаҳои муайянкунии тугмаи асосӣ – чап ё рост ва интихоби фосилаи байни пахшкуниҳои дукаратаи тугмаи асосӣ, пешбинӣ карда шудааст. Ба таври ноошкор тугмаи асосӣ тугмаи чапи муш ба ҳисоб меравад.

Тугмаи қабатии Нишондиҳандаҳои муш барои интихобкунии шаклҳои нишондиҳандаи муш дар экран хизмат мерасонад. Дар тугмаи қабатии Ҷойивазкунии муш бошад, воситаи идоракунии ҳассосияти нишондиҳандаи муш нисбат ба ҳаракати муш дар қолинча, пешбинӣ карда шудааст. Барои тағйир додани суръати реаксияи нишондиҳандаи муш, тезда- ваки панели суръати ҷойивазкуниро ба тарафи рост (суръати баланд) ё чап (суръати паст) ҳаракат кунонидан лозим аст.

Пас аз муайянкунии суръат, тугмаҳои командавии Ок ё Применить (Тадбиқ карда шавад)-ро пахш кардан зарур аст.

Саволҳо:

  1. Кадом нишонаҳои майдони кории равзанаи программаи Панели идоракунӣ барои батанзимории клавиатура ва муш хизмат мерасонанд?
  2. Равзанаи Хосиятҳои клавиатура аз кадом тугмаҳои қабатӣ иборат аст?
  3. Вазифаи тугмаи қабатии Суръат дар чист? Вазифаи тугмаи қабатии Забон чӣ?
  4. Равзанаи Хосиятҳои муш чанд-то тугмаи қабатӣ дорад?
  5. Функсияҳои тугмаҳои чап ва рости мушро чӣ гуна иваз кардан мумкин аст?
  6. Бо ёрии равзанаи Хосиятҳои муш боз кадом амалиёти ба муш вобастаро гузаронидан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва мазмуни онро мухтасар дар дафтар сабт намоед.
  2. Равзанаи Хосиятҳои клавиатураро кушоед ва аз тугмаҳои қабатии Суръат ва Забони он истифода бурда суръати такроршавии автоматии символҳои клавиатура, зудди лаппиши курсори экран ва комбинатсияи клавиатурии гузариши байни алифбоҳои русӣ ва лотиниро ба танзим оред.
  3. Ба системаи компютерӣ алифбои нави украиниро ҳамроҳ намоед ва пас аз истифодабарӣ онро аз рўйхати алифбоҳо хориҷ кунед.
  4. Аз имкониятҳои равзанаи Хосиятҳои муш истифода бурда функсияи тугмаҳои чапу рости муш, фосилаи байни пахшкуниҳои дукаратаи тугмаи асосӣ, шаклҳои нишондиҳандаи муш ва дигар хосиятҳои мушро ба танзим оред.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

exnologiyai-info

РАВАНДҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Тавре қайд кардем, мафҳуми информатсия бо амалиётҳои дарёфт, ғункунӣ, қабул, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, ирсол, сабт …