Главная / Илм / БАРШОР

БАРШОР

rodnikБАРШОР, чашмаи минералии обаш сард дар нох. Ишкошим. Дар сох. рости д. Панч, 71 км чанубтари ш. Хоруг, дар баландии 2280 м аз с. б. вокеъ аст. Дебиташ 0,8 л/сон., харор. обаш +10 – +150С. Дар таркиби оби чашма натрий (349 мг/л), калсий (308 мг/л), магний (77,0 мг/л), охан (10,0 мг/л), хлоридхо (354 мг/л), сулфатхо (200,0 мг/л), гидрокарбонатхо (13,9 мг/л), ангидриди озоди карбон (1013 мг/л), кислотаи силикат (109 мг/л), хамчунин титан, мис, никел, бор, фтор, рух, маргимуш ва молибден мавчуданд. Дар 1 л об 2,6 г намакхои минерали дида мешавад. Аз руи таркиби химияви ба оби чашмахои минералии Ессентуки 17 ва 4 (Гурчистон), хамчунин Налчик (вил. Камчаткаи ФР) наздик аст. Онро метавон барои кабули обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Аз Б. оби маъдании «Бадахшон» истехсол мекунанд, ки барои табобати амрози меъда (невроз бо ихтилоли фаъолияти тарашух ва тахрикии меъда), захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, оризахои чаррохии меъда (баъди 2 – 3 мохи чаррохи), рудахо (энтерити музмин, энтероколит, проктосигмоидит), чигар ва талхадон (гепатити музмин, холесистит ва холангит), амрози мубодилаи моддахо (диабети канд, фарбехи) ва г. нафъ дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …