Главная / Чамъият / БАРНОМАИ АМАЛИ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯХОИ ИТТИЛООТИ

БАРНОМАИ АМАЛИ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯХОИ ИТТИЛООТИ

Замимаи 1 Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “29” сентябри соли 2017 № 443 тасдик шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛИ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯХОИ ИТТИЛООТИ-КОММУНИКАТСИОНИ ДАР МУАССИСАХОИ ТАХСИЛОТИ УМУМИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2018-2022

1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  1. Барномаи давлатии амали намудани технологияхои итгилоотикоммуникатсиони дар муассисахои тахсилоти умумии Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2022 (минбаъд – Барнома) бо максади таъмин намудани муассисахои тахсилоти умуми бо технологияхои иттилоотикоммуникатсиони тахия гардидааст, ки амалишавии он барои халли вазифахои мухими ислохоти сохаи маорифи Точикистон дар чахони муосир мусоидат менамояд.
  2. Барнома аз меъёрхои Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос гирифта, хадаф, афзалият ва тадбирхои рушди технологияхои иттилоотикоммуникатсиониро дар муассисахои тахсилоти умуми муайян менамояд.
  3. Барнома самтхои афзалиятноки рушдро дар амали намудани технологияхои иттилооти-коммуникатсиони дар муассисахои тахсилоти умуми инъикос намуда, мутобики максадхои Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 чихати амали намудани сиёсати давлати дар ин соха равона карда шудааст.

2. ТАХЛИЛИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ МУАССИСАХОИ ТАХСИЛОТИ УМУМИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БО КОМПЮТЕР ВА ТАЧХИЗОТИ ИТТИЛООТи-КОММУНИКАТСИОНи

  1. Дар чахони муосири бо суръат тараккиёбанда фаъолият ва рушди сохаи маорифро бе истифодаи воситахо ва технологияхои муосири иттилооти -коммуникатсиони тасаввур кардан имконнопазир аст. Чунонки тадкикоти сершумор нишон медиханд, зиёд гардидани хачми итгилооте, ки дар сохаи маориф истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилооти асос ёфта, ба таври замонави коркард карда шаванд. Дар ин шароит сохаи маориф бе истифодабарии воситаю усулхои муосири коркард, интикол ва пешниходи иттилооти электрони самаранок буда наметавонад.
  2. Сиёсати давлати дар сохаи маориф ба истифодаёарии технологияхои иттилооти дар муассисахои тахсилоти умуми, ба баланд бардоштани сатху сифати тахсилот мутобик ба стандартхои байналмилали, ташкили махзани ракамии ягонаи маводи таълимии электрони, рушди заминахои муосири моддию техникии муассисахои тахсилоти умуми ба воситаи мунтазам аз нав тачхизонидани онхо бо техникаву технологияхои хозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи итгилоотии сохам маорифи чумхури равона гардидааст.
  3. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисахои тахсилоти умумии Чумхурии Точикистон бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2 сентябри соли 2010, №416 тасдик шуда, дар доираи амалишавии он як катор чорабинихо, аз чумла доир ба тахкими заминахои модди-техники, таъмини муассисахои тахсилоти умуми бо техникаи крмпютери, ташкили шабакахои иттилооти ва пайвастшавии онхо ба шабакаи Интернет амали гардид.
  4. Муассисахои тахсилоти умумии Чумхурии Точикистон дорои 3452 синфхонаи компютери буда, бо 56421 компютер таъмин мебошанд.
  5. Сарфи назар аз он ки ин нишондихандахо талаботи таълими фанни “Технологияи иттилооти”-ро дар муассисахои тахсилоти умуми таъмин менамоянд, дар ин самт мушкилот хануз зиёданд:

– сатху сифати машгулиятхо аз фанни “Технологияи иттилооти” ба талабот чавобгу нестанд;

– ба талаботи техники мувофик набудани синфхонахои компютери;

– чавобгу намудани заминаи модди ва техникии марказ ва бахшхои хизматрасонии компютери;

– маблаггузории вохидхои кории марказхо;

– бо тахтахои электрони ва видеопроекторхо таъмин набудани синфхонахои компютери.

  1. Аз тахлилхо бармеояд, ки дар давраи солхои 2014-2017 теъдоди хонандагони муассисахои тахсилоти умуми аз 1,5 то 3 фоиз зиёд гардида, соли 2017 теъдоди хонандагон 53395 (3 фоиз) афзудааст. Агар дар панч соли оянда теъдоди хонандагони муассисахои тахсилоти умуми 3 фоизи зиёд шаванд, бояд шумораи муассисахои тахсилоти умуми ба 4334 расонида шавад. Бинобар ин, зарурати сохта ва ба истифода додани муассисахои таълимии нав, инчунин синфхонахои компютери ба миён меояд. Агар ба хисоби миёна хар як муассиса аз 25 синфхона иборат бошад, пас 468 муассисаи нав ва хамон микдор синфхонахои комютери зарур мешаванд.
  2. Аз ин лихоз, вобаста ба зиёд гардидани муассисахои таълими дар оянда бояд мучаххаз гардонидани кабинетхои фанни ба накша гирифта шавад. Дар ин замина дар Барномаи мазкур накшаи дар панч соли оянда ташкил ва мучаххаз гардонидани синфхонахои компютери бо компютер, тахтаи электрони ва видеопроекторхо дар назар дошта шудааст.

3. МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ БАРНОМА

  1. Максади асосии Барномаи мазкур рушди низоми технологияхои иттилооти-коммуникатсиони ва баланд бардоштани сифати тахсилот мутобик ба стандартхои байналмилали бо истифодаи технологияхои таълимии муосир, усулхои инноватсионии таълим ва ташкили фазои ягонаи иттилоотии сохаи маориф мебошад.
  2. Бахри ноил шудан ба ин максад ичрои вазифахои зерин заруранд:

– барои баланд бардоштани сифати тахсилот ба рох мондани истифодаи васеи технологияхои иттилооти-коммуникатсиони;

– таъмини хукукхои шахрвандон барои гирифтани тахсилоти босифат тавассути чори намудани технологияхои иттилооти-коммуникатсиони ва истифодаи хамачонибаи онхо;

– таъмини рушди фарханги иттилоотии чомеа ва ба ин васила тахким бахшидани мавкеи сохаи маорифи чумхури дар сатхи чахони;

– таъмини рушди сифатан нави замимахои моддию техникии муассисахои таълими ба воситаи мунтазам тачхизонидани онхо бо техникаву технологияи хозиразамон;

– баланд бардоштани махорати касбии омузгорон оид ба истифодабарии тачхизоти техники дар чараёни таълим тавассути ташкили курсхои омузиши;

– тахия ва ба чараёни тахсилот васеъ ворид намудани воситахои таълимии электрони ва хамоханг намудани онхо бо воситахои таълимии анъанави, хамчунин тахияи технологияи коркарди онхо;

– ташкили мухити ягонаи иттилоотии сохаи маорифи чумхури.

4. САМТХОИ АСОСИИ АМАЛи НАМУДАНИ БАРНОМА

  1. Бахри таъмини амалишавии технологияхои иттилоотикоммуникатсиони дар муассисахои тахсилоти умумии Чумхурии Точикистон то соли 2022 дар Барнома самтхои афзалиятноки зерин муайян карда шудаанд:

– тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки, стандартхои техники;

– тахкими заминаи модди-техники;

– тахияи маводи таълимин электрони-раками;

– баланд бардоштани махорати касбии омузгорон оид ба истифодабарии тачхизоти техники дар чараёни таълим тавассути ташкили курсхои омузиши;

– ташкили мухити ягонаи иттилоотии сохаи маориф.

  1. Тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки, инчунин стандартхои техники:

– тахия ва кабули санадхои меъёрии хукукии барои амалигардонии Барномаи мазкур;

– тахия ва кабули стандартхои техники барои татбики максадноки технологияхои иттилооти – коммуникатсиони дар муассисахои тахсилоти умуми.

  1. Бо максади таъмини саривактии истифодаи максадноку самараноки воситахои технологияхои иттилооти-коммуникатсиони дар раванди таълим зарурати тахияи стандарти фанни “Технологияи иттилоотй”, дигар санадхо вобаста ба дастгирии иттилоотии чараёни тахсилот, инкишофи шабакахои коммуникатсиони, ташкили системахои иттилооти, системаи воридкуни, нигохдори ва коркарди маълумот ба вучуд омадааст. Вазифахои зикршуда дар доираи Барномаи мазкур амали карда мешаванд.
  2. Дар самти татбики Барномаи мазкур бояд низоми хифзи хонандагон аз окибатхои манфии истифодаи гайримеъёрии технологияхои компютери, ба монанди меъёрхое, ки истифодаи воситахои иттилоотиро дар чараёни тахсилот ба низом медароранд, ба рох монда мешавад.
  3. Назарияи илмии амнияти иттилоотии Точикистон дар низоми тахсилот халли масъалаи фарханги истифодабарии технологияхои итгилооти ва гайраро ба миён мегузорад. Дар доираи амалишавии Барнома консепсияи бехатарии иттилооти дар сохаи маориф кабул карда мешавад.
  4. Тахкими заминаи модди-техникии муассисахои тахсилоти умуми. Принсипхои тахкими заминаи модди-техникии муассисахои таълими бо технологаяхои иттилооти – коммуникатсиони ифода меёбанд бо:

– мунтазам тачхизонидани муассисахо бо тачхизоти муосири иттилооти-коммуникатсиони;

– таъминоти барномахои компютерии литсензиони;

– таъмини муассисахои таълими бо мебели махсусгардонидашуда;

– таъмини дастраси ба шабакаи Интернет;

– таъминоти муассисахои таълими бо васитахои иттилооти ва технологияхои коммуникатсиони;

– истифодаи хусусияти мачмуии воситахои иттилооти ва технологияхои коммуникатсиони дар чараёни таълим;

– номгуйхои зудтагйирёбандаи воситахои итгалооти, хусусиятхои техникии сохтор, интерфейсхо, пайдоиши моделхои усулан нав, ки ба таври назаррас чори намудани технологияхои иттилооти-коммуникатсиониро дар тахсилот вусъат мебахшанд.

  1. Номгуй воситахои техникии ба муассисахои таълими дастрасшаванда аз руйи вазифахо ва накшаи инкишофи муассиса бо назардошти имкониятхои иктисоди муайян карда мешаванд.
  2. Таъминоти муассисахои таълими бо тачхизоти техники шуруъ аз зинаи дуюми тахсилот имконият медихад, ки дастрасии хонандагон ва омузгорон ба захирахои сомонахои пурмазмуну самаранок таъмин карда шавад.
  3. Барои самаранокии кори омузгорон дар муассисахои тахсилоти умуми пайваст намудани хатти шабакаи махалли зарур мебошад. Ин имконият медихад, ки онхо бо истифода аз маводи таълимии электрони фаъолияти худро самаранок ва сермахсул гардонанд.
  4. Муассисахои тахсилоти умуми таъмин мешаванд бо:

– техникаи таълими мувофики руйхати тачхизоти зарурии тасдикшуда (принтер, сканер, камераи раками, видеопроектор, хисобкунак, панелхои графики) бахри истифодаи самарабахши техникаи компютери;

– мачмуи маводи таълимию методи аз руйи тамоми самтхои чараёни таълим;

– тачхизоти шабакави;

– мебелхои махсус барои синфхонахои компютери.

  1. Муассисахои тахсилоти умуми бо техника бо назардошти талаботи махсуси чобачокунии компютерхо таъмин карда мешаванд.
  2. Дар чараёни татбики Барнома лаборатория ва синфхонахои компютери бо тахтахои электрони ва видеопроекторхо таъмин ва мучаххаз карда мешаванд.
  3. Мунтавам аз эътибор сокит кардани тачхизоти техникии кухна ва корношоям тибки тартиби мукарраргардида барраси карда мешавад.
  4. Сатхи ташкили хизматрасонии техники дар таъмини сифат ва самарабахш истифода бурдани тачхизоти техники ба хусусиятхои таъмири техникаи компютери ва таъминоти барномавии он вобаста мебошад.
  5. Хизматрасонии техники асосан баъд аз анчоми мухлати кафолат гузаронида шуда, дастгирии таълими-методи ва мутобикшавии дастгохро ба чараёни таълим таъмин менамояд.
  6. Ташкили хизматрасонии техники бояд халли масьалахои зеринро дар бар гирад:

– тахияи маводи меъёри-техники ва методи барои ташкили хизматрасонии техники;

– ташкили таъминоти заминаи модди-техники ва омода намудани мутахассисони таъмири компютер барои маркази технологияи иттилоотикоммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон ва бахшхои хизматрасонии техники.

  1. Тахияи маводи таълимии электрони дар бар мегирад:

– бунёди маводи таълимии электрониро бо забони давлати барои хамаи фанхо;

– харид ва насби маводи таълимии электронии мавчударо;

– ташкили курсхои омузиши барои омузгоронро.

  1. Иттилоотонии муасиссахои таълими ин чараёни тагйироти мазмун, усулхо ва шакли ташкили таълими хонандагон дар давраи гузариш ба таълим бо истифода аз технологияхои инноватсиони мебошад.
  2. Дар доираи ислохоти раванди таълим, навсозии мазмуни он, усул ва шаклхои ташкили чараёни таълим зарурати якчоя намудани маводи электрони бо воситахои таълими анъанави пайдо мешавад. Маводи электронии таълими бояд дар асоси технологияхои навин коркард карда шаванд. Ба чараёни таълим дохил намудани чунин маводи таълимии муосир ба муассисахои тахсилоти умуми истифодаи самаранрки компютерхо ва технологияхои коммуникатсиониро таъмин хоханд кард.
  3. Дар рафти татбики Барнома тахияи маводи электронии таълими барои хонандагоие, ки имкониятхои махдуд доранд, ба назар гирифта мешавад.
  4. Дар доираи Барнома инкишофи захирахои сомонахои тахсилоти барои низоми таълими иловагии кудакон вобаста ба барномахои гуногуни эчодиёти кудакону наврасон, тахкими заминаи моддии муассисахои таълимии иловаги, ки барои гузаронидани корхои беруназсинфи бо мактаббачагон мухим мебошад, ба назар гирифта мешавад.
  5. Бо максади сохтани мухити самараноки иттилооти-таълимии педагоги дар торнамои таълими коркард ва санчиши тачрибавии мавод, ба монанди китобхои электрони, маводи методи, маълумотнома, бозихои инкишофдиханда, мавод барои омузиши васеи забонхои хоричи, тестхо, маводи ташхиси, модулхо барои тахсилоти олии педагоги ва гайра гузаронида мешаванд.
  6. Дар навбати аввал коркард ва такмили мачмуи таълими-методии озмудашуда гузаронида мешавад, ки ичрои накшаи таълимии заминавии муассисахои тахсилоти умумиро таъмин месозад.
  7. Маводи таълими дастури таълимии электрони, энсиклопедияи мултимедии муассисаи таълими ва дигар маводи иттилооти-маълумоти, ба монанди корхои лаборатории электрони, мачмуи омузиши барои кори мустакилона, мачмуи супоришхои санчиши-тести ва маводи методиро барои омузгорон дар бар мегирад.
  8. Баланд бардоштани махорати касбии омузгорон оид ба истифодабарии тачхизоти техники дар чараёни таълим тавассути ташкили курсхои омузиши барои омузгорони муассисахои тахсилоти умуми, кормандони раёсату шуъбахои маорифи вилоят, шахр, нохияхо ва ташкили семинар-конференсияхо оид ба омузиш ва таргиби тачрибаи пешкадами педагоги, ба рох монда мешавад.
  9. Бо максади баланд бардоштани махорати касбии педагогии омузгорон, равоншиносон, рохбарони синф ва рохбарони муассисахои таълими барномахои омузишии гуногун дар сохаи технологияи навтарини иттилооти-телекоммуникатсиони ташкил карда мешаванд.
  10. Баланд бардоштани махорати касбии омузгорон на танхо омухтани кор бо компютер, балки азхудкунии усулхои инноватсионии таълими фанхоро дар бар мегирад.
  11. Ташкили мухити ягонаи иттилоотии сохаи маориф:

– тахия ва рохандозии шабакаи ягонаи иттилотии сохаи маориф;

– хамохангсозии маводи таълимии электрони бо маводи таълимии анъанави дар системаи ягонаи иттилооти;

– бунёди торнамои ягонаи таълими дар заминаи маркази технологияи иттилооти-коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, ки он бо речаи он-лайн ва офф-лайн дастрас аст;

– таъмини дастраси ва иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадахои байналмилали бо речаи он-лайн.

  1. Барои ташкил ва инкишофи воситахои иттилоотии таълими тамоми иктидори илми-методи, иттилооти, технологи, ташкили ва педагоги, ки аз тарафи низоми тахсилоти анъанави чамъ оварда шудааст, бояд истифода гардад. Бо истифодаи тачриба ва бартарияти низоми таълимии чори зарурати бунёди системаи иттилооти дар сохаи маориф ба миён меояд, ки ба воситаи он хамаи муассисахои таълими ва омузгорон ба технологияхои иттилооти дастраси пайдо мекунанд.
  2. Китобхонахои электрони. Дар доираи Барнома заминахои зарури барои ташкили китобхонахои электрони хамчун воситаи чамъ ва вусъатдихии захирахои иттилооти ва таълими фарохам оварда мешаванд.
  3. Дар доираи китобхонахои электрони, заминаи мавзуии хонандагон, руйхати мавод ва дастрасии озод ба истифода аз шабакаи чахони пайдо мешавад.
  4. Омузиши фосилави. Барои ташкил намудани омузиши фосилави мачмуи хуччатхои зарури ва маводи таъминкунандаи омузшпи инфиродии шахрвандоне, ки имконияти гирифтани таълимро дар муассисахои таълими надоранд, тахш ва кабул карда мешаванд.
  5. Ташкили омузиши фосилави дар назар дорад:

– тахияи принсип ва тартиби истифодаи технологияи кори гурухи бо шахсони гуногун барои ташкили чараёни дарс;

– таъмини усули интерактивии чараёни дарс;

– ташкили марказхои минтакави барои истифодаи дастачамъонаи фосилавии тачхизоти лаборатори.

  1. Самтхои асосии татбики Барнома ба самтхои афзалиятноки хар як зинаи тахсилот мувофик гардонида мешавад.

5. НАТИЧАИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

  1. Дар натичаи амалишавии Барнома мухити ягонаи иттилоотии сохаи маориф ташкил хохад шуд, ки он имкон медихад:

– барои баланд бардоштани сифати тахсилот тавассути истифодаи технологияхои иттилооти-коммуникатсиони шароит фарохам ояд;

– омузиши фанни “Технологияи иттилооти” дар синфхои 5-11 мукаррар карда шавад;

– таносуби вокеии дастрасии 1 компютер ба 2 хонанда хангоми таълим таъмин карда шавад (дар чараёни дарс);

– низоми тахия ва коркарди маводи таълимии электрони ташкил карда шавад;

– дар муассисахои таълими китобхонахои электрони бо шумули китобхои дарси, бадеи ва илмию методи ташкил карда шавад;

– торнамои ягонаи маводи таълимии электрони ва дастраси ба тахсилоти фосилави таъсис ёбад;

– меъёрхо ва стандартхои зарури дар сохаи истифодаву татбики технологияхои иттилооти ва коммуникатсиони дар сохаи маориф тахия ва кабул гарданд.

  1. Амалишавии максад ва вазифахои дар Барнома ба накша гирифташуда тавассути амали намудани чунин фаъолиятхо имконпазир мегардад:

– такмили малакаи касбии омузгорони муассисахои тахсилоти умуми оид ба истифода ва амали намудани технологияхои нави иттилоотикоммуникатсиони;

– ташкили системаи ягонаи иттилооти идоракунии сохаи маориф дар чумхури;

– мунтазам тачхизонидани муассисахои тахсилоти умуми бо тачхизоти ракамии муосири иттилооти ва коммуникатсиони;

– инкишоф додани фаъолияти таълими ва инноватсионии муассисахои таълими;

– ба рох мондани истифодаи технологияхои иттилооти дар таълими хамаи фанхо ва ба воситаи он баланд бардоштани сифати таълим дар муассисахои таълими;

– баланд бардоштани сатхи донишу чахонибини ва фарханги техникии хонандагони муассисахои таълими, ки дорои донишхои мукаммали техники мебошанд ва сарвати милли хастанд;

– баланд бардоштани сатхи донишу малака ва фарханги техникии омузгорон, мубодилаи тачрибаи омузгори тавассути интернет бо хамкасбони хоричии худ;

– такмили таъминоти маводи таълими-методи ва илми-технологии раванди тахсил;

– ташкил намудани чорабинихои гуногун, конференсияву озмунхои илми ва олимпиадахои фанни бо истифодаи технологияхои навтарин ва шабакаи интернет.

6. МАНБАЪХОИ МАБЛАГГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Сарчашмахои асосии маблаггузории Барнома маблагхои хамасола аз бучети давлати барои рушди соха чудошуда, сармоягузорихои сохибкорони ватани ва грантхои фондхои байналмилали мебошанд.
  2. Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхои тобеи чумхури хамасола дар доираи маблагхои барои сохаи маориф пешбинигардида маблаггузории Барномаи мазкурро ба накша мегиранд.

7. НАЗОРАТИ ИЧРО ВА МОНИТОРИНГИ РАФТИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

  1. Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон:

– чараёни татбики Барномаро хамоханг месозад;

– дар доираи ваколатхои худ санадхои меъёрии хукуки тахия менамояд, ки барои татбики Барнома заруранд;

– хар сол тибки тартиби мукарраргардида оид ба дакик намудани икдомхо ва чорабинихои минбаъда ва дар доираи Барномаи миёнамухлати харочоти давлати чихати маблаггузории самтхои афзалиятнок таклифхо пешниход менамояд;

– хар сол оид ба рафти амалишавии Барнома маълумот пешниход мекунад;

– фаъолияти низоми иттилоотии сохаи маорифи чумхуриро таъмин менамояд.

  1. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати:

– ичрои талаботи Барномаро дар муассисахои таълими таъмин менамоянд;

– муассисахои тахсилоти умумиро мунтазам бо тачхизоти муосири иттилооти ва коммуникатсиони таъмин мекунанд;

– хамасола:барои ичрои Барнома хангоми тахияи лоихаи бучети махалли маблаггузориро ба накша мегиранд.

Замимаи 2 Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 29 сентябри соли 2017, № 443 тасдик шудааст

НАКШАИ ЧОРАБИНИХО ОИД БА ИЧРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛИ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯХОИ ИТТИЛООТИ-КОММУНИКАТСИОНИ ДАР МУАССИСАХОИ ТАХСИЛОТИ УМУМИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2018-2022

Р/Т Номгуи чорабинихо Мухлати ичро Масъулон
1. Тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки, инчунин стандартхои техники
1 Тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки барои татбики Барномаи мазкур, аз кабили стандарти фанни “Технологияи иттилооти”, барнома ва накшахои таълими 2018-2019 Вазорати маориф ва илм
2 Тахия ва кабули стандартхои техники барои истифодаи максадноки технологияхои иттилооти-коммуникатсиони дар муассисахои таълими 2018-2019 Вазорати маориф ва илм
2. Тахкими заминаи модди-техники
3 Мунтазам тачхизонидани муассисахои тахсилоти умуми бо компютерхо ва ташкил намудани синфхонахои нави компютери 2018-2022 Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати
4 Таъминоти барномахои компютерии ичозатномави (литсензиони) 2018-2022 Макомоти ичроияи махаллии хоюамияти давлати
5 Таъмини муассисахои тахсилоти умумии чумхури бо тахтахои электрони ва видеопроекторхо 2018-2022 Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, Муассисахои тахсилоти миёнаи умуми
6 Таъмини муассисахои тахсилоти умуми бо мебели махсусгардонидашудаи компютери 2018-2022 Макомоти ичроияи махаллии  хокимияти давлати
7 Мунтазам аз эътибор сокит кардани тачхизоти техникии кухна  ва корношоям тибки тартиби аз эътибор сокит намудани воситахои асоси 2018-2022 Муассисахои тахсилоти умуми
3. Тахияи маводи таълимии электрони
8 Тахияи маводи таълимии электрони бо забони давлати барои хамаи фанхо 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
9 Харид ва мутобиксозии маводи таълимии электрони 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
10 Ташкили торнамои тахсилоти фосилави бо маводи таълимии электрони 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
4. Баланд бардоштани махорати касбии омузгорон оид ба истифодабарии тачхизоти техники дар чараёни таълим тавассути ташкили курсхои омузиши
11 Ташкили курсхои омузиши барои омузгорони муассисахои тахсилоти умуми 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
12 Ташкили курсхои омузиши барои кормандони раёсату шуъбахои маорифи вилоят, шахр ва нохияхо 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
13 Ташкили семинар-конференсияхо оид ба азхудкуниву таргиби тачрибаи пешкадами омузгори 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
5. Ташкили мухити ягонаи иттилоотии сохаи маориф
14 Тахия ва рохандозии шабакаи ягонаи иттилотии сохаи маориф 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
15 Хамохангсозии маводи таълимии электрони бо маводи таълимии анъанави дар низоми иттилооти 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
16 Ташкили торнамои ягонаи таълими дар заминаи маркази технологияхои иттилооти ва коммуникатоионии Вазорати маориф ва илм, ки дар речаи он-лайн ва офф-лайн дастрас аст 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
17 Таъмини дастраси ва иштироки хонандагон дар озмуну олимлиадахои фосилави 2018-2022 Вазорати маориф ва илм

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисчумхури Точикистон, Владимир Путинро бо зодрузаш табрик намуд

Эмомали Рахмон, раисчумхури Точикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрузаш табрик намудааст.  Бино …