Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ

БАРНОМАИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ

Замимаи 1 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “29” сентябри соли 2017 № 443 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои итгилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (минбаъд – Барнома) бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ таҳия гардидааст, ки амалишавии он барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
  2. Барнома аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, ҳадаф, афзалият ва тадбирҳои рушди технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсиониро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян менамояд.
  3. Барнома самтҳои афзалиятноки рушдро дар амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ инъикос намуда, мутобиқи мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин соҳа равона карда шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОМПЮТЕР ВА ТАҶҲИЗОТИ ИТТИЛООТӣ-КОММУНИКАТСИОНӣ

  1. Дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ -коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Чунонки тадқиқоти сершумор нишон медиҳанд, зиёд гардидани ҳаҷми итгилооте, ки дар соҳаи маориф истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ коркард карда шаванд. Дар ин шароит соҳаи маориф бе истифодабарии воситаю усулҳои муосири коркард, интиқол ва пешниҳоди иттилооти электронӣ самаранок буда наметавонад.
  2. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодаёарии технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи итгилоотии соҳам маорифи ҷумҳурӣ равона гардидааст.
  3. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №416 тасдиқ шуда, дар доираи амалишавии он як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла доир ба таҳкими заминаҳои моддӣ-техникӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи крмпютерӣ, ташкили шабакаҳои иттилоотӣ ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи Интернет амалӣ гардид.
  4. Муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 3452 синфхонаи компютерӣ буда, бо 56421 компютер таъмин мебошанд.
  5. Сарфи назар аз он ки ин нишондиҳандаҳо талаботи таълими фанни “Технологияи иттилоотӣ”-ро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин менамоянд, дар ин самт мушкилот ҳанўз зиёданд:

– сатҳу сифати машғулиятҳо аз фанни “Технологияи иттилоотӣ” ба талабот ҷавобгў нестанд;

– ба талаботи техникӣ мувофиқ набудани синфхонаҳои компютерӣ;

– ҷавобгў намудани заминаи моддӣ ва техникии марказ ва бахшҳои хизматрасонии компютерӣ;

– маблағгузории воҳидҳои кории марказҳо;

– бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин набудани синфхонаҳои компютерӣ.

  1. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи солҳои 2014-2017 теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 1,5 то 3 фоиз зиёд гардида, соли 2017 теъдоди хонандагон 53395 (3 фоиз) афзудааст. Агар дар панҷ соли оянда теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 фоизи зиёд шаванд, бояд шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 4334 расонида шавад. Бинобар ин, зарурати сохта ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии нав, инчунин синфхонаҳои компютерӣ ба миён меояд. Агар ба ҳисоби миёна ҳар як муассиса аз 25 синфхона иборат бошад, пас 468 муассисаи нав ва ҳамон миқдор синфхонаҳои комютерӣ зарур мешаванд.
  2. Аз ин лиҳоз, вобаста ба зиёд гардидани муассисаҳои таълимӣ дар оянда бояд муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ба нақша гирифта шавад. Дар ин замина дар Барномаи мазкур нақшаи дар панҷ соли оянда ташкил ва муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои компютерӣ бо компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо дар назар дошта шудааст.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

  1. Мақсади асосии Барномаи мазкур рушди низоми технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи технологияҳои таълимии муосир, усулҳои инноватсионии таълим ва ташкили фазои ягонаи иттилоотии соҳаи маориф мебошад.
  2. Баҳри ноил шудан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои зерин заруранд:

– барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ба роҳ мондани истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;

– таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти босифат тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи онҳо;

– таъмини рушди фарҳанги иттилоотии ҷомеа ва ба ин васила таҳким бахшидани мавқеи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ;

– таъмини рушди сифатан нави замимаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ба воситаи мунтазам таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияи ҳозиразамон;

– баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон оид ба истифодабарии таҷҳизоти техникӣ дар ҷараёни таълим тавассути ташкили курсҳои омўзишӣ;

– таҳия ва ба ҷараёни таҳсилот васеъ ворид намудани воситаҳои таълимии электронӣ ва ҳамоҳанг намудани онҳо бо воситаҳои таълимии анъанавӣ, ҳамчунин таҳияи технологияи коркарди онҳо;

– ташкили муҳити ягонаи иттилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ.

4. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛӣ НАМУДАНИ БАРНОМА

  1. Баҳри таъмини амалишавии технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2022 дар Барнома самтҳои афзалиятноки зерин муайян карда шудаанд:

– таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳои техникӣ;

– таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ;

– таҳияи маводи таълимин электронӣ-рақамӣ;

– баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон оид ба истифодабарии таҷҳизоти техникӣ дар ҷараёни таълим тавассути ташкили курсҳои омўзишӣ;

– ташкили муҳити ягонаи иттилоотии соҳаи маориф.

  1. Таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин стандартҳои техникӣ:

– таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои амалигардонии Барномаи мазкур;

– таҳия ва қабули стандартҳои техникӣ барои татбиқи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

  1. Бо мақсади таъмини саривақтии истифодаи мақсадноку самараноки воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим зарурати таҳияи стандарти фанни “Технологияи иттилоотй”, дигар санадҳо вобаста ба дастгирии иттилоотии ҷараёни таҳсилот, инкишофи шабакаҳои коммуникатсионӣ, ташкили системаҳои иттилоотӣ, системаи воридкунӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот ба вуҷуд омадааст. Вазифаҳои зикршуда дар доираи Барномаи мазкур амалӣ карда мешаванд.
  2. Дар самти татбиқи Барномаи мазкур бояд низоми ҳифзи хонандагон аз оқибатҳои манфии истифодаи ғайримеъёрии технологияҳои компютерӣ, ба монанди меъёрҳое, ки истифодаи воситаҳои иттилоотиро дар ҷараёни таҳсилот ба низом медароранд, ба роҳ монда мешавад.
  3. Назарияи илмии амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар низоми таҳсилот ҳалли масъалаи фарҳанги истифодабарии технологияҳои итгилоотӣ ва ғайраро ба миён мегузорад. Дар доираи амалишавии Барнома консепсияи бехатарии иттилоотӣ дар соҳаи маориф қабул карда мешавад.
  4. Таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Принсипҳои таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ бо технологаяҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ифода меёбанд бо:

– мунтазам таҷҳизонидани муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;

– таъминоти барномаҳои компютерии литсензионӣ;

– таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мебели махсусгардонидашуда;

– таъмини дастрасӣ ба шабакаи Интернет;

– таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо васитаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои коммуникатсионӣ;

– истифодаи хусусияти маҷмўии воситаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим;

– номгўйҳои зудтағйирёбандаи воситаҳои итгалоотӣ, хусусиятҳои техникии сохтор, интерфейсҳо, пайдоиши моделҳои усулан нав, ки ба таври назаррас ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро дар таҳсилот вусъат мебахшанд.

  1. Номгўй воситаҳои техникии ба муассисаҳои таълимӣ дастрасшаванда аз рўйи вазифаҳо ва нақшаи инкишофи муассиса бо назардошти имкониятҳои иқтисодӣ муайян карда мешаванд.
  2. Таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти техникӣ шурўъ аз зинаи дуюми таҳсилот имконият медиҳад, ки дастрасии хонандагон ва омўзгорон ба захираҳои сомонаҳои пурмазмуну самаранок таъмин карда шавад.
  3. Барои самаранокии кори омўзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пайваст намудани хатти шабакаи маҳаллӣ зарур мебошад. Ин имконият медиҳад, ки онҳо бо истифода аз маводи таълимии электронӣ фаъолияти худро самаранок ва сермаҳсул гардонанд.
  4. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин мешаванд бо:

– техникаи таълимӣ мувофиқи рўйхати таҷҳизоти зарурии тасдиқшуда (принтер, сканер, камераи рақамӣ, видеопроектор, ҳисобкунак, панелҳои графикӣ) баҳри истифодаи самарабахши техникаи компютерӣ;

– маҷмўи маводи таълимию методӣ аз рўйи тамоми самтҳои ҷараёни таълим;

– таҷҳизоти шабакавӣ;

– мебелҳои махсус барои синфхонаҳои компютерӣ.

  1. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техника бо назардошти талаботи махсуси ҷобаҷокунии компютерҳо таъмин карда мешаванд.
  2. Дар ҷараёни татбиқи Барнома лаборатория ва синфхонаҳои компютерӣ бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таъмин ва муҷаҳҳаз карда мешаванд.
  3. Мунтавам аз эътибор соқит кардани таҷҳизоти техникии куҳна ва корношоям тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ карда мешавад.
  4. Сатҳи ташкили хизматрасонии техникӣ дар таъмини сифат ва самарабахш истифода бурдани таҷҳизоти техникӣ ба хусусиятҳои таъмири техникаи компютерӣ ва таъминоти барномавии он вобаста мебошад.
  5. Хизматрасонии техникӣ асосан баъд аз анҷоми муҳлати кафолат гузаронида шуда, дастгирии таълимӣ-методӣ ва мутобиқшавии дастгоҳро ба ҷараёни таълим таъмин менамояд.
  6. Ташкили хизматрасонии техникӣ бояд ҳалли масьалаҳои зеринро дар бар гирад:

– таҳияи маводи меъёрӣ-техникӣ ва методӣ барои ташкили хизматрасонии техникӣ;

– ташкили таъминоти заминаи моддӣ-техникӣ ва омода намудани мутахассисони таъмири компютер барои маркази технологияи иттилоотӣкоммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои хизматрасонии техникӣ.

  1. Таҳияи маводи таълимии электронӣ дар бар мегирад:

– бунёди маводи таълимии электрониро бо забони давлатӣ барои ҳамаи фанҳо;

– харид ва насби маводи таълимии электронии мавҷударо;

– ташкили курсҳои омўзишӣ барои омўзгоронро.

  1. Иттилоотонии муасиссаҳои таълимӣ ин ҷараёни тағйироти мазмун, усулҳо ва шакли ташкили таълими хонандагон дар давраи гузариш ба таълим бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ мебошад.
  2. Дар доираи ислоҳоти раванди таълим, навсозии мазмуни он, усул ва шаклҳои ташкили ҷараёни таълим зарурати якҷоя намудани маводи электронӣ бо воситаҳои таълими анъанавӣ пайдо мешавад. Маводи электронии таълимӣ бояд дар асоси технологияҳои навин коркард карда шаванд. Ба ҷараёни таълим дохил намудани чунин маводи таълимии муосир ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ истифодаи самаранрки компютерҳо ва технологияҳои коммуникатсиониро таъмин хоҳанд кард.
  3. Дар рафти татбиқи Барнома таҳияи маводи электронии таълимӣ барои хонандагоие, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, ба назар гирифта мешавад.
  4. Дар доираи Барнома инкишофи захираҳои сомонаҳои таҳсилотӣ барои низоми таълими иловагии кўдакон вобаста ба барномаҳои гуногуни эҷодиёти кўдакону наврасон, таҳкими заминаи моддии муассисаҳои таълимии иловагӣ, ки барои гузаронидани корҳои беруназсинфӣ бо мактаббачагон муҳим мебошад, ба назар гирифта мешавад.
  5. Бо мақсади сохтани муҳити самараноки иттилоотӣ-таълимии педагогӣ дар торнамои таълимӣ коркард ва санҷиши таҷрибавии мавод, ба монанди китобҳои электронӣ, маводи методӣ, маълумотнома, бозиҳои инкишофдиҳанда, мавод барои омўзиши васеи забонҳои хориҷӣ, тестҳо, маводи ташхисӣ, модулҳо барои таҳсилоти олии педагогӣ ва ғайра гузаронида мешаванд.
  6. Дар навбати аввал коркард ва такмили маҷмўи таълимӣ-методии озмудашуда гузаронида мешавад, ки иҷрои нақшаи таълимии заминавии муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин месозад.
  7. Маводи таълимӣ дастури таълимии электронӣ, энсиклопедияи мултимедии муассисаи таълимӣ ва дигар маводи иттилоотӣ-маълумотӣ, ба монанди корҳои лаборатории электронӣ, маҷмўи омўзишӣ барои кори мустақилона, маҷмўи супоришҳои санҷишӣ-тестӣ ва маводи методиро барои омўзгорон дар бар мегирад.
  8. Баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон оид ба истифодабарии таҷҳизоти техникӣ дар ҷараёни таълим тавассути ташкили курсҳои омўзишӣ барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр, ноҳияҳо ва ташкили семинар-конференсияҳо оид ба омўзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ба роҳ монда мешавад.
  9. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии педагогии омўзгорон, равоншиносон, роҳбарони синф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барномаҳои омўзишии гуногун дар соҳаи технологияи навтарини иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ ташкил карда мешаванд.
  10. Баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон на танҳо омўхтани кор бо компютер, балки азхудкунии усулҳои инноватсионии таълими фанҳоро дар бар мегирад.
  11. Ташкили муҳити ягонаи иттилоотии соҳаи маориф:

– таҳия ва роҳандозии шабакаи ягонаи иттилотии соҳаи маориф;

– ҳамоҳангсозии маводи таълимии электронӣ бо маводи таълимии анъанавӣ дар системаи ягонаи иттилоотӣ;

– бунёди торнамои ягонаи таълимӣ дар заминаи маркази технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он бо реҷаи он-лайн ва офф-лайн дастрас аст;

– таъмини дастрасӣ ва иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ бо реҷаи он-лайн.

  1. Барои ташкил ва инкишофи воситаҳои иттилоотии таълимӣ тамоми иқтидори илмӣ-методӣ, иттилоотӣ, технологӣ, ташкилӣ ва педагогӣ, ки аз тарафи низоми таҳсилоти анъанавӣ ҷамъ оварда шудааст, бояд истифода гардад. Бо истифодаи таҷриба ва бартарияти низоми таълимии ҷорӣ зарурати бунёди системаи иттилоотӣ дар соҳаи маориф ба миён меояд, ки ба воситаи он ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва омўзгорон ба технологияҳои иттилооти дастрасӣ пайдо мекунанд.
  2. Китобхонаҳои электронӣ. Дар доираи Барнома заминаҳои зарурӣ барои ташкили китобхонаҳои электронӣ ҳамчун воситаи ҷамъ ва вусъатдиҳии захираҳои иттилоотӣ ва таълимӣ фароҳам оварда мешаванд.
  3. Дар доираи китобхонаҳои электронӣ, заминаи мавзўии хонандагон, рўйхати мавод ва дастрасии озод ба истифода аз шабакаи ҷаҳонӣ пайдо мешавад.
  4. Омўзиши фосилавӣ. Барои ташкил намудани омўзиши фосилавӣ маҷмўи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва маводи таъминкунандаи омўзшпи инфиродии шаҳрвандоне, ки имконияти гирифтани таълимро дар муассисаҳои таълимӣ надоранд, таҳш ва қабул карда мешаванд.
  5. Ташкили омўзиши фосилавӣ дар назар дорад:

– таҳияи принсип ва тартиби истифодаи технологияи кори гурўҳӣ бо шахсони гуногун барои ташкили ҷараёни дарс;

– таъмини усули интерактивии ҷараёни дарс;

– ташкили марказҳои минтақавӣ барои истифодаи дастаҷамъонаи фосилавии таҷҳизоти лабораторӣ.

  1. Самтҳои асосии татбиқи Барнома ба самтҳои афзалиятноки ҳар як зинаи таҳсилот мувофиқ гардонида мешавад.

5. НАТИҶАИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

  1. Дар натиҷаи амалишавии Барнома муҳити ягонаи иттилоотии соҳаи маориф ташкил хоҳад шуд, ки он имкон медиҳад:

– барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ шароит фароҳам ояд;

– омўзиши фанни “Технологияи иттилоотӣ” дар синфҳои 5-11 муқаррар карда шавад;

– таносуби воқеии дастрасии 1 компютер ба 2 хонанда ҳангоми таълим таъмин карда шавад (дар ҷараёни дарс);

– низоми таҳия ва коркарди маводи таълимии электронӣ ташкил карда шавад;

– дар муассисаҳои таълимӣ китобхонаҳои электронӣ бо шумули китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва илмию методӣ ташкил карда шавад;

– торнамои ягонаи маводи таълимии электронӣ ва дастрасӣ ба таҳсилоти фосилавӣ таъсис ёбад;

– меъёрҳо ва стандартҳои зарурӣ дар соҳаи истифодаву татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф таҳия ва қабул гарданд.

  1. Амалишавии мақсад ва вазифаҳои дар Барнома ба нақша гирифташуда тавассути амалӣ намудани чунин фаъолиятҳо имконпазир мегардад:

– такмили малакаи касбии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба истифода ва амалӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣкоммуникатсионӣ;

– ташкили системаи ягонаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ;

– мунтазам таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти рақамии муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;

– инкишоф додани фаъолияти таълимӣ ва инноватсионии муассисаҳои таълимӣ;

– ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар таълими ҳамаи фанҳо ва ба воситаи он баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ;

– баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонибинӣ ва фарҳанги техникии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки дорои донишҳои мукаммали техникӣ мебошанд ва сарвати миллӣ ҳастанд;

– баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва фарҳанги техникии омўзгорон, мубодилаи таҷрибаи омўзгорӣ тавассути интернет бо ҳамкасбони хориҷии худ;

– такмили таъминоти маводи таълимӣ-методӣ ва илмӣ-технологии раванди таҳсил;

– ташкил намудани чорабиниҳои гуногун, конференсияву озмунҳои илмӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ бо истифодаи технологияҳои навтарин ва шабакаи интернет.

6. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ барои рушди соҳа ҷудошуда, сармоягузориҳои соҳибкорони ватанӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ мебошанд.
  2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамасола дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинигардида маблағгузории Барномаи мазкурро ба нақша мегиранд.

7. НАЗОРАТИ ИҶРО ВА МОНИТОРИНГИ РАФТИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

  1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– ҷараёни татбиқи Барномаро ҳамоҳанг месозад;

– дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия менамояд, ки барои татбиқи Барнома заруранд;

– ҳар сол тибқи тартиби муқарраргардида оид ба дақиқ намудани иқдомҳо ва чорабиниҳои минбаъда ва дар доираи Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати маблағгузории самтҳои афзалиятнок таклифҳо пешниҳод менамояд;

– ҳар сол оид ба рафти амалишавии Барнома маълумот пешниҳод мекунад;

– фаъолияти низоми иттилоотии соҳаи маорифи ҷумҳуриро таъмин менамояд.

  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

– иҷрои талаботи Барномаро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин менамоянд;

– муассисаҳои таҳсилоти умумиро мунтазам бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таъмин мекунанд;

– ҳамасола:барои иҷрои Барнома ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети маҳаллӣ маблағгузориро ба нақша мегиранд.

Замимаи 2 Бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, № 443 тасдиқ шудааст

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

Р/Т Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати иҷро Масъулон
1. Таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин стандартҳои техникӣ
1 Таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои татбиқи Барномаи мазкур, аз қабили стандарти фанни “Технологияи иттилоотӣ”, барнома ва нақшаҳои таълимӣ 2018-2019 Вазорати маориф ва илм
2 Таҳия ва қабули стандартҳои техникӣ барои истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ 2018-2019 Вазорати маориф ва илм
2. Таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ
3 Мунтазам таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо компютерҳо ва ташкил намудани синфхонаҳои нави компютерӣ 2018-2022 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
4 Таъминоти барномаҳои компютерии иҷозатномавӣ (литсензионӣ) 2018-2022 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоюамияти давлатӣ
5 Таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо 2018-2022 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
6 Таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мебели махсусгардонидашудаи компютерӣ 2018-2022 Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ
7 Мунтазам аз эътибор соқит кардани таҷҳизоти техникии куҳна  ва корношоям тибқи тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ 2018-2022 Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
3. Таҳияи маводи таълимии электронӣ
8 Таҳияи маводи таълимии электронӣ бо забони давлатӣ барои ҳамаи фанҳо 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
9 Харид ва мутобиқсозии маводи таълимии электронӣ 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
10 Ташкили торнамои таҳсилоти фосилавӣ бо маводи таълимии электронӣ 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
4. Баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон оид ба истифодабарии таҷҳизоти техникӣ дар ҷараёни таълим тавассути ташкили курсҳои омӯзишӣ
11 Ташкили курсҳои омӯзиши барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
12 Ташкили курсҳои омӯзишӣ барои кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
13 Ташкили семинар-конференсияҳо оид ба азхудкуниву тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
5. Ташкили муҳити ягонаи иттилоотии соҳаи маориф
14 Таҳия ва роҳандозии шабакаи ягонаи иттилотии соҳаи маориф 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
15 Ҳамоҳангсозии маводи таълимии электронӣ бо маводи таълимии анъанавӣ дар низоми иттилоотӣ 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
16 Ташкили торнамои ягонаи таълимӣ дар заминаи маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатоионии Вазорати маориф ва илм, ки дар реҷаи он-лайн ва офф-лайн дастрас аст 2018-2022 Вазорати маориф ва илм
17 Таъмини дастрасӣ ва иштироки хонандагон дар озмуну олимлиадаҳои фосилавӣ 2018-2022 Вазорати маориф ва илм

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …