Главная / Илм / БАНДИ КОСУ РОН

БАНДИ КОСУ РОН

bandi-kosu-ronБАНДИ КОСУ РОН (Articulatio coxae), пайванде, ки устухони хукка (косачаи кос) ва сараки устухони рон ба вучуд меоранд. Хукка дар махалли тамоси устухонхои тихигох, сурин (нишастгох) ва зихор карор дорад. Андозаи хукка нисбат ба андозаи сараки устухони рон хурд аст. Сатхи сараки устухони рон бо кабати тунуки тагояки гиалини фаро гирифта шудааст. Хукка бошад, факат дар сатхи хилолшаклии худ чунин тагояк дорад. Халтаи мафсилии Б. нихоят устувор аст; он аз канори комаи пайванд гузашта ба устухони рон мепайвандад. Кисми зиёди гарданаи устухони рон дар чавфи Б. чой гирифтааст. Бандаки сараки устухони рон андаруни пайванд карор дорад; ахамияти механикии бандак зиёд набошад хам, дар кабати он рагхое, ки сараки устухони косро бо гизо таъмин месозанд, чой гирифтаанд. Бинобар чукур мавкеъ доштани хукка ва бисёр мустахкам будани бандакхо харакати Б. махдуд аст. Он асосан харакатхои кат ва рост шуданро ичро мекунад, ба чапу рост мегардад, ба дарун ва берун давр мезанад.
КЛ
Расми 1. Бандакхои банди косу рони рост:
1 – мавзеи чойгиршавии халтаи зулолии тихигох; 2 – кисми борики халтаи зулоли; 3 – бандаки зихору рон; 4 – пардаи сидоди; 5 – дунгичаи сурин; 6 – хати байнигирднои; 7 – бандаки тихигоху рон.
Расми 2. Банди косу рон: 1 – сараки устухони рон; 2 – устухони кос; 3 – тагояки банд; 4 – чавфи банд; 5 – бандаки сараки устухони рон; 6 – бандаки кундаланги хукка; 7 – гилофаки банд; 8 – мавхеи доирашакл; 9 – лаби хукка.

С.С. Курбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …