БАЛЪУМ (Pharynx, fauces), халкум, узве, ки чавфи биниро ба ханчара ва чавфи дахонро бо сурхруда мепайвандад. Б. аз се кисм иборат аст: кисми болои ё халкудимог (тавассути ду сурохии тухмшакл – хоана ба чавфи бини рох дорад); кисми мобайни ё дахони (ба чавфи дахон хамшафат буда, аз боло бо коми нарм, аз поён бо решаи забон ва аз пахлу бо камончахои пешу акиби ком, ки байни онхо бодомакхои ком чойгиранд, хамхудуд мебошад); кисми поёни ё кисми ханчараги (ба сурхруда ва ханчара кушода мешавад).
Дар Б. роххои нафас ва хозима якдигарро бурида мегузаранд. Сарфи назар аз алокаи озод ин чо байни нойи хозима ва нойи нафас хурок ба ханчара ворид намешавад. Яъне дар лахзаи фуру додани лукма коми нарм андаке боло шуда, халкудимогро аз дахону халк комилан чудо месозад, хамзамон сарпушаки гулу сурохи ханчараро руст мекунад. Дар деворахои пахлуии халкудимог сурохии шайпури Евстахий (шунавои) чойгир аст, ки онро бо гуши миёна мепайвандад: тавассути он тахвияи гуши миёна ба амал бароварда шуда, пардаи гушро баробар тазйик медихад. Бинобар ин хангоми парвоз бо самолёт дар сурати «махкам» шудани гуш култ задан онро боз мекунад. Девораи Б. бо луобпарда фаро гирифта шудааст, ки дорои гадудхои луоб ва рагхои хун мебошад (ба туфайли онхо хавои аз халкудимог гузаронида нам, гарм ва тоза мешавад). Мушакхои зери луобпарда кашиш хурда, Б.-и кисми миёна ва поёниро тазйик медиханд ва дар натича хурок ба сурхруда мефарояд; ин мушакхо хангоми ба Б. афтодани чисмхои бегона реаксияи мухофизиро низ таъмин мекунанд. Чавфи Б. дар баробари чавфи бини ва чавфхои иловагии бини резонатори овоз аст, ки ба туфайли он садо баланд шуда, оханги хос мегирад.
Ихтилоли кори Б. бар асари беморихои гуногун (мас., гулудард, аденоидхо, хунок, фарингит, омос ва г.) бо нишонахои душвории нафаскаши ва фурубари, инчунин иллати овоз (ниг. Манкаги) зохир мешавад. Барои Б. чисмхои бегона, захмдори, бо кислотаю ишкорхо сухтан хеле хавфнок аст; онхо метавонанд ба хаёти одам тахдид кунанд, аз ин лихоз дар аснои руй додани чунин холат фавран мошини ёрии таъчилиро даъват кардан зарур аст. Ниг. низ Захролуди.
КЛ
Чавфи балъум (намуд аз пушт; девораи кафои балъум чок карда шудааст): 1 – равоки балъум; 2 – тавораи бини; 3 – хоанахо; 4 – лулаи шайпур; 5 – мушаки дарафшию балъуми; 6 – девораи пахлуи балъум; 7 – сатхи болоии коми нарм; 8 – забончаи ком; 9 – камончаи кому балъум; 10 – бехи забон; 11 – сарпушаки гулу; 12 – чини болои халкум; 13 – сурохи балъум; 14 – чукурчаи нокмонанд; 15 – гадуди сипаршакл; 16 – сурхруда.
Ад.: Абдурахмонов Ф.А., Анатомияи одам, ч. 1 – 2, Д., 1995 – 2009; Хамон муаллиф, Краткий атлас анатомии человека, Д., 2000.
Ф.А. Абдурахмонов.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …