Главная / Чамъият / БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

ДАР БОРАИ БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2006, № 4, мод. 201; с. 2008, № 12, к. 2, мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89; с. 2011, №3, мод. 178, № 6, мод. 444; с. 2015, № 3, мод. 220, №11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, №3, мод. 144, мод. 145; Конуни ЧТ аз 18.07.2017 с., №1451)

БОБИ 1

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Муносибатхое, ки бо  Конуни мазкур танзим мегарданд

zagz-dushanbeКонуни мазкур тартиби бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди, тартиби тагйир додан, ислох, баркарор ва бекор намудани сабти асноди холати шахрванди, тартиби ташкил намудани китобхои бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди, тартиб ва мухлати нигох доштани китобхои бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди (китобхои аснод) ва вазъи хукукии макомоте, ки асноди холати шахрвандиро ба кайди давлати мегиранд, танзим мекунад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки онхоро Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1451)

 Моддаи 3. Асноди холати шахрванди

Асноди холати шахрванди амали шахрванд ё ходисаест, ки боиси ба вучуд омадан, тагйир додан ва катъ намудани хукук ва ухдадорихо гардида, холати хукукии шахрвандонро муайян менамоянд.

  1. Таваллуд, вафот, акди никох, бекор кардани акди никох, фарзандхонди, мукаррар кардани падари, иваз кардани ном, номи падар ва насаб, ворид намудани ислох, тагйирот, илова, баркарор ё бекор намудани сабти асноди холати шахрванди бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ба кайди давлати гирифта мешаванд. (КЧТ аз 31.12.08 с., №483)

Моддаи 4. Бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди

 

  1. Бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди бо максади хифзи хукукхои молумулки ва шахсии гайримолумулкии шахрвандон ва ба манфиати давлат ва чамъият мукаррар карда мешавад.
  2. Бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди ба воситаи тартиб додани сабти дахлдори асноди холати шахрванди, ки дар асоси он шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди дода мешавад, сурат мегирад.
  3. Дохил намудани маълумоти зарури ба сабти аснод дар бораи таваллуд, вафот, акди никох, бекор кардани акди никох, фарзандхонди, мукаррар намудани падари, иваз кардани ном, номи падар, насаб, ворид намудани ислох, тагйирот, илова, баркарор ё бекор намудани сабти асноди холати шахрванди ва додани  шаходатнома дар асоси   ин сабтхо бо Конуни мазкур мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.08 с., №483)
  4. Шаклхои бланкхои сабти асноди холати шахрванди ва бланкхои шаходатномае, ки дар асоси ин сабтхо дода мешаванд, тартиби пур кардани онхо, шакли бланкхои дигар хуччатхо, ки фактхои бакайдгирии давлатии асноди холати шахрвандиро тасдик мекунанд, инчунин шакли варакахои ариза дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд. Бланкхои шаходатномаи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди бо тартиби мукарраргардида дар матбаа ба тарзи мутамарказонидашуда дар когази хифзшаванда тайёр карда шуда, хар яки ин бланк дорои силсила, ракам ва Нишони Чумхурии Точикистон мебошад.
  5. Коргузори дар макомоти сабти асноди холати шахрванди бо забони давлатии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  6. Корманди макомоти сабти асноди холати шахрванди хукуки ба чо овардани бакайдгирии давлатии сабти асноди холати шахрвандиро нисбати худ, хамсараш, хешовандони худ ва хешовандони хамсараш (падару модар, фарзанд, набера, бобою биби, бародар ва хохар) надорад. Бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди дар ин холатхо аз тарафи корманди дигари макомоти сабти асноди холати шахрванди ба чо оварда мешавад.

 

Моддаи 41. Фаъолият дар макомоти сабти асноди холати шахрванди

(КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

  1. Ба кор дар макомоти сабти асноди холати шахрванди танхо шахрванди Чумхурии Точикистон, ки тахсилоти олии хукукшиноси дорад ва муддати шаш мох хамчун коромуз фаъолият намудааст, баъд аз гузаштан аз аттестатсияи комиссияи аттестатсиони кабул шуда метавонад. Низомномаи комиссияи аттестатсионии Раёсати асноди холати шахрвандии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1451)
  2. Ба вазифаи рохбари макомоти сабти асноди холати танхо шахрванди шахрванди Чумхурии Точикистон, ки тахсилоти олии хукукшиноси ва на камтар аз се сол собикаи кории касби дошта бошад, таъин карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1451)
  3. Рохбари макомоти сабти асноди холати шахрвандиро рохбари макоми ваколатдор бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

Моддаи 5. Сабти асноди холати шахрванди

 

  1. Хангоми ба чо овардани сабти асноди холати шахрванди бояд хуччатхои тасдиккунандаи фактхои дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ба кайди давлати гирифташаванда ва хуччати тасдиккунандаи шахсияти арзкунанда пешниход карда шаванд. Хуччатхои шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки аз тарафи макомоти ваколатдори давлатхои хоричи дода шудаанд ва барои бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди пешниход карда шудаанд, бояд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик (легализатсия) шаванд ё ба онхо апостил гузошта шавад, агар дар санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад ва хуччатхои мазкур бояд ба забони давлатии Чумхурии Точикистон тарчума карда шуда бошанд. Дурустии тарчума бояд дар идораи нотариалии давлати тасдик карда шавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., №1240)
  2. Сабти асноди холати шахрванди дар ду нусха тартиб дода мешавад.
  3. Хар як сабт, ки ба китоби аснод дохил карда мешавад, бояд аз тарафи арзкунанда хонда шуда, имзои у, шахси мансабдори бакайдгиранда ва мухри макомоти сабти асноди холати шахрванди гузошта шавад.
  4. Нусхаи якуми сабти асноди холати шахрванди (хар як намуди сабти асноди холати шахрвандии алохида), ки дар давоми сол тартиб дода шудааст, дар китоби аснод бо тарики пайдархами чамъ оварда мешаванд. Бо чунин тартиб нусхахои дуюми сабт низ ба китоби  аснод чамъ оварда мешаванд.

 

Моддаи 6. Макомоте, ки асноди холати шахрвандиро ба кайди давлати мегиранд

 

  1. Бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди дар шахру нохияхо аз тарафи шуъбахои сабти асноди холати шахрвандии шахр ва нохия, дар шахраку дехот бошад, чамоатхои шахрак ва дехот сурат мегирад. Бакайдгирии давлатии акди никох дар Кох ва Хонахои акди никох низ сурат гирифта  метавонад.
  2. Бакайдгирии давлатии асноди холати шахрвандии шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, дар муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар давлатхои хоричи бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур сурат мегирад.
  3. Дигар макомот ё шахсони мансабдор барои бакайдгирии асноди холати шахрванди хукук  надоранд.

 

Моддаи 7. Салохияти макомоте, ки бакайдгирии давлатии асноди холати шахрвандиро ба чо

                     меоранд

 

  1. Макомоти сабти асноди холати шахрвандии нохия ва шахр таваллуд, вафот, акди никох, бекор кардани акди никох, фарзандхонди, мукаррар намудани падари, иваз кардани насаб, ном ва номи падарро ба кайди давлати гирифта, асноди холати шахрвандиро тагйир медиханд, пурра, ислох ва бекор мекунанд, сабтхои гумшударо баркарор менамоянд, инчунин китобхои аснодро нигох медоранд, шаходатномаи такрори ва маълумотномахои дахлдор медиханд. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)
  2. Чамоатхои шахрак ва дехот таваллуд, вафот, акди никох, ба истиснои акди никохи шахрвандони Чумхурии Точикистон бо шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд ва мукаррар намудани падариро ба кайди давлати мегиранд ва хар мох ба макомоти сабти асноди холати шахрвандии шахри (нохияи) дахлдор хисобот пешниход менамоянд. (КЧТ аз 28.06.11 с., №733; аз 18.03.15 с., №1198)
  3. Макомоте, ки асноди холати шахрвандиро ба кайди давлати мегиранд, инчунин дигар хизматрасонихои иловагиро ба чо меоранд. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

Моддаи 8. Салохияти муассисахои консулии Чумхурии Точикистон  берун аз худуди

                      Чумхурии Точикистон оид ба бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди

 

Муассисахои консулии Чумхурии Точикистон, ки  берун аз худуди Чумхурии Точикистон вокеанд:

– бакайдгирии давлатии асноди холати шахрвандиро, ки дар моддаи 3 хамин Конун пешбини шудааст, ба чо меоранд;

– дар асоси аризаи шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат менамоянд, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар бораи ворид намудани ислох ва тагйирот ба сабти асноди холати шахрванди, ки дар худуди Чумхурии Точикистон тартиб дода шудааст, карор кабул менамоянд;

– ба сабти асноди холати шахрванди, ки онхо нигох медоранд, ислох ва тагйирот ворид менамоянд;

– дар асоси сабтхои асноди холати шахрванди, ки онхоро нигох медоранд, шаходатномаи такрори дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди ва дигар хуччатхои тасдиккунандаи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрвандиро медиханд;

– дигар салохиятхоеро, ки доир ба бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди вобастаанд, ичро менамоянд.

 

Моддаи 9. Макоми рохбарикунанда, назорати ва хамохангсозаидам фаъолияти макомоти

                      сабти асноди холати шахрванди

 

  1. Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон макоми ваколатдори рохбарикунандаи фаъолияти макомоти сабти асноди холати шахрванди мебошад. Максад, вазифа ва ваколатхои Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон дар сохаи идоракунии макомоти сабти асноди холати шахрванди бо Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)
  2. Раёсати асноди холати шахрвандии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон макоми назорати ва хамохангсозандаи фаъолияти макомоти сабти асноди холати шахрванди мебошад.
  3. Раёсати асноди холати шахрвандии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон дар асоси хабарномаи макомоти сабти асноди холати шахрванди ба нусхаи дуюми сабти асноди холати шахрванди ислох, тагйиру илова ворид менамояд, аз руи сабти аснод фехристи чумхурияви тартиб медихад, дар асоси сабти асноди холати шахрванди ва китобхои метрики шаходатномахои такрори ва маълумотномахои дахлдор (ба истиснои маълумотнома оид ба вазъи оилави) медихад. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)
  4. Низомномаи Раёсати асноди холати шахрвандии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистонро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

 

Моддаи 10. Шаходатномаи бакайдгирии  давлатии асноди холати шахрванди

 

  1. Ба арзкунандагон дар бораи сабти асноди холати шахрванди шаходатномаи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди дода мешавад. Шаходатномаи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди аз тарафи рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди имзо карда, ба он мухри макомоти сабти асноди холати шахрванди гузошта мешавад.
  2. Бланкхои шаходатномаи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди дар матбаа ба таври мутамарказонидашуда аз чониби макомоти ваколатдор тайёр карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Шаходатномаи такрории бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди

 

  1. Дар сурати гум кардани шаходатномаи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди, инчунин корношоям гардидани он, шаходатномаи такрории бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди аз руи аризаи шахрванд дар асоси сабти китоби аснод ё китоби метрики аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрвандии шахр ва нохия ва дар холатхои истиснои аз тарафи бойгонии вилояти ва чумхуриявии макомоти сабти асноди холати шахрванди дода мешавад. Дар кунчи болои тарафи рости шаходатномаи такрории бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди кайди «Такрори» гузошта мешавад.
  2. Шаходатномаи такрории бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди дода мешавад:

–  ба шахсе, ки нисбат ба у  сабти асноди холати шахрванди тартиб дода шудааст;

–  ба хешовандони шахси  вафоткарда  ё дигар шахси манфиатдор дар холате, ки агар шахсе, ки нисбат ба у  пештар сабти асноди холати шахрванди тартиб дода шуда буд, вафот карда бошад;

– ба падару модар (ё шахсони онхоро ивазкунанда), намояндаи макомоти васоят ва парастори ва маъмурияти муассисахои кудакон, ки кудак дар тарбияи онхо  мебошад, дар холати мавчуд будани сабти аснод дар бораи таваллуд нисбат ба у, агар кудак  то рузи додани шаходатномаи такрори ба балогат нарасида бошад;

– ба шахси дигар дар  холати пешниходи бовариномаи дар идораи нотариалии давлати тасдикшуда, ки ба у аз чониби шахси тибки хамин модда барои гирифтани шаходатномаи такрори дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди хукукдошта дода шудааст.

  1. Шаходатномаи такрории бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди дода намешавад:

–  шаходатномаи таваллуди кудак ба падару модари (яке аз онхо) кудаке, ки аз хукуки падару модари махрум карда шудаанд ё хукуки падару модарии онхо махдуд карда шудааст;

– шаходатномаи акди никох ба шахсоне, ки акди никохашонро бекор кардаанд ва шахсоне, ки никохашон беэътибор дониста шудааст.

Бо хохиши шахсони зикргардида ба онхо хуччати тасдиккунандаи факти бакайдгирии давлатии таваллуди кудак ва ё акди никох дода мешавад.

4.Шаходатномаи такрории бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди ба шахсе, ки ба макомоти сабти асноди холати шахрванди мурочиат намудааст, дар рузи мурочиат намуд дар муддати дах руз бо пешниход намудани хуччатхои тасдиккунандаи шахсияташ дода мешавад. Дар сурате, ки агар  шахс бо дархост дар шакли хатти ба сурогаи макомоти сабти асноди холати шахрванди мурочиат намояд, шаходатномаи такрори дар муддати як мох ба макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикоматаш равон карда,  ба аризадиханда дар ин бора хабар дода мешавад.  (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

 

Моддаи 111. Маблаггузории макомоти сабти асноди холати шахрванди

 

Макомоти сабти асноди холати шахрванди бо тартиби мукарраргардида аз хисоби бучети чумхурияви маблаггузори карда мешаванд.

(КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

Моддаи 12. Ситонидани бочи давлати ва хизматрасонии иловагии музднок барои ба чо

                         овардани амалиёти бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди

 

  1. Бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бочи давлати» барои бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди бочи давлати ситонида мешавад.
  2. Бакайдгирии давлатии асноди холати шахрвандиро кормандони макомоти сабти асноди холати шахрванди ва шахсони ваколатдор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон танхо баъди аз чониби шахсони вокеи ва хукуки пешниход намудани хуччати тасдиккунандаи пардохти бочи давлати ва дигар пардохтхои мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки ба чо меоранд.
  3. Кормандони макомоти сабти асноди холати шахрванди ва дигар шахсони ваколатдор барои хизматрасонихои иловагии музднок, ки бо сабти асноди холати шахрванди алокаманданд, аз шахсони вокеи ва хукуки пардохти хакки хизматро меситонанд. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасонихои иловагии музднокро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

(КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

Моддаи 13. Рад кардани бакайдгирии  давлатии асноди холати шахрванди

 

  1. Дар холатхои зерин бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди рад карда мешавад, агар:

– бакайдгирии давлати хилофи  Конуни мазкур бошад;

– хуччатхои пешниходшуда ба талаботи пешбининамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки чавобгу набошанд.

  1. Рохбарони макомоти сабти асноди холати шахрванди ухдадоранд бо талаби шахсе (намояндаи у), ки нисбат ба у бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди рад карда шудааст, сабаби рад карданро дар шакли хатти ба арзкунанда пешниход намоянд.
  2. Шахси манфиатдор дар бораи рад кардани бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди метавонад ба макомоти дахлдоре, ки ба салохияти вай ташкили фаъолияти макомоти сабти асноди холати шахрванди дохил мешавад ва ё ба суд шикоят намояд.

 

Моддаи 14. Фош накардани маълумоте, ки ба корманди макомоти сабти асноди холати

                        шахрванди дар натичаи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди маълум

                        гардидааст

 

Маълумоте, ки дар натичаи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди ба корманди макомоти сабти асноди холати шахрванди маълум гардидаанд, махфи буда, фош кардани онхо, ба истиснои  холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон манъ аст.

 

Моддаи 15. Дар Чумхурии Точикистон эътиборнок хисобидани хуччатхои тасдиккунандаи

                        асноди холати шахрвандие, ки аз тарафи макомоти  ваколатдори давлатхои

                        хоричи дода шудаанд

 

Хуччатхои тасдиккунандаи асноди холати шахрванди, ки аз тарафи макомоти  ваколатдори давлатхои хоричи берун аз худуди Чумхурии Точикистон дар асоси конунгузории давлати хоричи нисбат ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дода шудаанд, дар худуди Чумхурии Точикистон  эътиборнок хисобида мешаванд, агар онхо тасдик (легализатсия) шуда бошанд ё ба онхо апостил гузошта шуда бошад ва дар санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад. (КЧТ аз 23.11.15 с., №1240)

 

БОБИ 2

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАВАЛЛУД

 

Моддаи 16. Асосхои бакайдгирии давлатии таваллуд

 

  1. Асосхои бакайдгирии давлатии таваллуд:

– хуччати дорои шакли мукарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббии чойи таваллуд дода шудааст;

– хуччати дорои шакли мукарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи табиб ва ё корманди миёнаи тиббии муассисаи тибби, ки дар давраи таваллуд ба зан ёрии тибби расонидааст ва ё  модар баъд аз таваллуд ба у мурочиат намудааст, ё шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тибби машгул аст, хангоми таваллуд берун аз муассисаи тибби  додааст;

– аризаи шахсе, ки хангоми берун аз муассисаи тибби бе кумаки тибби таваллуд ёфтани кудак бевосита иштирок намудааст; (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

– хуччатхо дар бораи ёфт шудан, синну сол ва чинси кудаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи макомоти корхои дохили, васояту парастори ва ташкилоти тибби дода шудаанд.

  1. Дар сурати мавчуд набудани асосхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур бакайдгирии давлатии таваллуди кудак дар асоси халномаи суд дар бораи мукаррар намудани факти таваллуди кудак аз тарафи хамин зан ба чо оварда мешавад.

 

Моддаи 17. Чойи бакайдгирии давлатии таваллуд

 

  1. Бакайдгирии давлатии таваллуд дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати падару модари (яке аз онхо) кудак гузаронида мешавад. Дар холатхои истисноии муайяннамудаи Конуни мазкур бакайдгирии таваллуд дар чойи таваллуди кудак гузаронида мешавад.
  2. Дар сабти асноди таваллуд чойи таваллуди кудак ё номи маконе, ки кудак дар он чо ёфт шудааст, нишон дода мешавад.
  3. Дар сурате, ки агар кудак дар хавопаймо, катора ва ё дигар наклиёт хангоми сафар таваллуд шуда бошад, бакайдгирии давлатии таваллуд дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати доимии падару модар (яке аз онхо) ба чо оварда мешавад. Чойи таваллуди кудак чойи бакайдгирии давлатии таваллуди кудак хисоб мешавад.
  4. Бакайдгирии давлатии таваллуди кудаке, ки дар экспедитсия ё дар махалли дур чойгиршуда, ки дар он чо макомоти сабти асноди холати шахрванди вокеъ нест, таваллуд ёфтааст, дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати доимии падару модар (яке аз онхо) на дертар аз як мохи пас аз баргаштан ба чо оварда мешавад.

 

Моддаи 18. Ариза дар бораи таваллуди кудак

 

  1. Падару модар (яке аз онхо) ба макомоти сабти асноди холати шахрванди дар бораи бакайдгирии таваллуди кудак аризаи хатти пешниход мекунанд.
  2. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онхо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бакайдгирии таваллуди кудакро надошта бошанд, ариза аз чониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз чониби падару модар (яке аз онхо) ваколатдоршуда, макомоти васоят ва парастори, ё ки шахси мансабдори муассисаи тибби, ки кудак дар он чо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки  модар дар давраи таваллуд дар он чо буд ва ё кудаки таваллудшуда дар он чо карор дорад, дода мешавад.
  3. Дар баробари додани ариза дар бораи бакайдгирии таваллуди кудак бояд хуччати тасдиккунандаи факти таваллуди кудак, инчунин хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти падару модар (яке аз онхо) ё шахсияти аризадиханда, хуччатхои тасдиккунандаи ваколатхои у ва хуччатхое, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кудак асос шуда метавонанд, пешниход карда шаванд.
  4. Ариза дар бораи бакайдгирии таваллуди кудак бояд на дертар аз се мох баъд аз таваллуди кудак пешниход гардад. Гузаронидани мухлати мукарраршуда барои рад кардани бакайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди асос шуда наметавонад.
  5. Падар ё модаре, ки дар мухлати мукаррарнамудаи кисми 4 моддаи мазкур барои ба кайди давлати гирифтани кудакаш ба макомоти сабти асноди холати шахрванди ариза пешниход намекунад, бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

 

Моддаи 19. Тартиби ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди

                         таваллуди кудак

 

  1. Дар китоби сабти таваллуд мувофики аризаи падар ва модар, ки дар никохи якдигар мебошанд, падару модари кудак навишта мешаванд. Маълумот дар бораи модари кудак ба сабти асноди таваллуди кудак дар асоси хуччатхои пешбининамудаи моддаи 16 Конуни мазкур ва маълумот дар бораи падари кудак дар асоси шаходатномаи акди никохи падару модар дохил карда мешавад.
  2. Дар сурате, ки агар акди никохи байни падару модари кудак бекор карда, аз тарафи суд беэътибор дониста шуда бошад ва ё хамсар вафот карда бошад, вале аз рузи бекор намудани акди никох беэътибор донистани он ва ё аз рузи вафоти хамсар то рузи таваллуди кудак сесад руз нагузашта бошад, маълумот дар бораи модари кудак ба сабти асноди таваллуди кудак бо тартиби мукаррарнамудаи кисми 1  моддаи мазкур ва  маълумот дар бораи падари кудак дар асоси шаходатномаи акди никохи падару модар ё дигар хуччати тасдиккунандаи факти бакайдгирии давлатии акди никох, инчунин хуччати тасдиккунандаи факт ва вакти катъи акди никох дохил карда мешавад.
  3. Дар холате, ки агар падару модар дар акди никохи якдигар карор надошта бошанд, маълумот дар бораи модар ба сабти асноди таваллуди кудак бо тартиби мукаррарнамудаи кисми 1 моддаи мазкур дохил карда мешавад. Маълумот дар бораи падар бошад, дар холатхои зерин дохил карда мешавад:

– дар асоси сабти аснод дар бораи мукаррар намудани падари;

– бо аризаи модари кудак дар холате, ки агар падари мукаррар нашуда бошад.

Насаби падари кудак бо насаби модар, ном ва номи падари кудак бо хохиши модар дар асоси аризаи хатти сабт карда мешавад.

Маълумоти дохилкардашуда барои халли масъалаи мукаррар намудани падари монеа шуда наметавонад.

4.Шахсоне, ки дар акди никох карор доранд ва барои истифодаи чойгирсозии (имплантатсияи) чанини онхо ариза навишта, ризо шудаанд, дар холати таваллуди кудак бо ин усул дар китоби сабти таваллуд хамчун падару модари у сабт карда мешаванд. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

 

Моддаи 20. Номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар

  1. Хар шахс дар мавриди бакайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном, инчунин номи падари ба арзишхои таърихи ва фарханги миллии точики асоснок хукук дорад. Номгузори ва шакли дурусти навишти он дар Чумхурии Точикистон тибки фарханг, анъанахои милли ва Фехристи номхои миллии точики, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, амали мегардад.
  2. Дар хуччатхои тасдиккунандаи шахсият, ки номгуи он бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хуччатхои тасдиккунандаи шахсият» мукаррар гардидааст, насаб, ном, номи падари шахе (агар дошта бошад) сабт карда мешаванд.
  3. Насаби кудак дар вакти бакайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад. Дар сурати гуногун будани насаби падару модар насаби кудак бо мувофикаи падару модар бо насаби падар ё модар ё ин ки тибки талаботи кисмхои 4, 7 ва 8 хамин модда сабт карда мешавад.
  4. Насаби шахс тибки анъанахои миллии точики метавонад аз номи падар ё решаи насаби у бо иловаи пасвандхои насабсози -й, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад. Насаби шахс хамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандхои насабсоз ташаккул ёбад.
  5. Номи кудак бо мувофикаи падару модар тибки талаботи кисми 1 хамин модда сабт карда мешавад. Ба кудак гузоштани номи ба фарханги миллии точики бегона, номи ашё, мол, хайвонот ва парандагон, инчунин ном ва иборахои тахкиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табакахо чудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусхои «мулло», «халифа», «тура», «хоча», «хуча», «шайх», «вали», «охун», «амир», «суфи» ва ба инхо монанд, ки боиси тафрикаандози дар байни одамон мегарданд, манъ аст.
  6. Номи падар бо иловаи пасвандхои ташаккулдихандаи -зод, -зода, – ёр, -ниё, -фар ва ё бе иловаи чунин пасвандхо ташаккул меёбад.
  7. Дар ташаккулёбии насаб ва номи падар такроран истифода бурдани як пасванд, инчунин истифодаи як ном бе иловаи пасванд хам дар ташаккули насаб ва хам дар ташаккули номи падар манъ аст.
  8. Дар сурати мавчуд набудани розигии байни падару модар номи кудак ва (ё) насаби у (дар сурати насабхои гуногун доштани падару модар) дар китоби сабти таваллуди кудак аз руи карори макомоти васоят ва парастори сабт карда мешаванд.
  9. Дар холати дар акди никох, набудани модар бо падари кудак ва агар падари мукаррар нашуда бошад, номи кудак ва номи падари у бо тартиби мукаррарнамудаи моддаи 19 Конуни мазкур ба кайд гирифта мешаванд.
  10. Тарзи навишти насаб, ном ва номи падар дар хуччатхои тасдиккунандаи шахсият тибки Коидахои имлои забони точики ба рох монда мешавад.
  11. Хукуки акаллиятхои милли ба ном дар Чумхурии Точикистон тибки анъанахои миллиашон кафолат дода мешавад. Намояндагони акаллиятхои милли, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд, бо хохиши худ метавонанд номгузории кудаконашонро тибки Фехристи номхои миллии точики ё анъанахои миллиашон амали намоянд. Тартиби навишти насаб, ном ва номи падари шахрвандон-намояндагони акаллиятхои милли мутобики коидахои имлои забони дахлдор амали карда мешавад. Истифодаи санадхои хукукии байналмилали вобаста ба номгузори бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад (кЧТ аз 15.03.2016 с., №1292).

 

Моддаи 21. Бакайдгирии давлатии таваллуди кудаки ёфтшуда (партофташуда)

 

1.Макомоти корхои дохили, макомоти васоят ва парастори, муассисаи тибби, муассисаи тарбияви ё шуъбаи хифзи ичтимоии ахоли, ки кудаки ёфтшуда (партофташуда) дар он чо чойгир карда шудааст, вазифадоранд дар муддати на дертар аз хафт руз аз рузи ёфт шудани кудаке, ки падару модараш маълум нест, дар бораи бакайдгирии давлатии таваллуди у ба макомоти сабти асноди холати шахрванди хабар диханд. Шахсе, ки кудакро ёфтааст, вазифадор аст дар муддати чилу хашт соат ба макомоти корхои дохили ё ба  макомоти васоят ё парастории чойи ёфта шудани кудак хабар дихад. (КЧТ 31.12.08 с., №483)

  1. Якчоя бо аризаи бакайдгирии давлатии таваллуди кудаки ёфтшуда (партофташуда) бояд хуччатхои зерин пешниход карда шаванд:

–  хуччати ёфт шудани кудак, ки аз тарафи макомоти корхои дохили ё макомоти васоят ва парастори дода шудааст, ки дар он чой, вакт ва холатхои ёфт шудани кудак нишон дода шудаанд;

– хуччати тасдиккунандаи синну сол ва чинси кудаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи муассисаи тибби дода шудааст.

  1. Маълумот дар бораи насаб, ном ва номи падари кудаки ёфтшуда (партофташуда) ба сабти асноди таваллуди кудак бо нишондоди макомот ё муассисаи дар кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда дохил карда мешавад. Маълумот дар бораи падару модари кудаки ёфтшуда (партофташуда) ба сабти асноди таваллуди у дохил карда намешавад. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

Моддаи 22. Бакайдгирии давлатии таваллуди кудаки мурда таваллудшуда ва ё дар хафтаи

                        аввали баъд аз таваллуд  вафоткарда

 

  1. Бакайдгирии давлатии таваллуди кудаке, ки мурда таваллуд шудааст, дар асоси хуччати шакли мукарраршуда дар бораи вафот, ки аз тарафи муассисаи тибби, ё табиби бо фаъолияти хусуси машгулбуда дода шудааст, анчом дода мешавад. Шаходатномаи таваллуди кудаки мурда таваллудшуда дода намешавад. Бо хохиши падару модар (яке аз онхо) хуччате дода мешавад, ки факти бакайдгирии давлатии таваллуди кудаки мурдаро тасдик мекунад. Бакайдгирии давлатии фавти кудаке, ки мурда таваллуд шудааст,  гузаронида намешавад.
  2. Дар холате, ки агар кудак дар хафтаи аввали баъд аз таваллуд вафот карда бошад, таваллуд ва вафоти у ба кайди давлати гирифта мешавад. Бакайдгирии давлатии таваллуд ва вафоти кудаки дар хафтаи аввали таваллуд вафоткарда дар асоси хуччати шакли мукарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тибби ё табиби бо фаъолияти хусуси машгулбуда дода шудааст, гузаронида мешавад. Дар асоси сабти асноди тартибдодашуда дар бораи таваллуд ва вафот танхо шаходатномаи вафоти кудак дода мешавад. Бо хохиши падару модар (яке аз онхо) хуччати тасдиккунандаи факти кайди давлатии таваллуди кудаке, ки дар хафтаи аввали баъд аз таваллуд вафот  кардааст, дода мешавад.
  3. Масъулият барои арз намудан ба макомоти сабти асноди холати шахрванди оид ба таваллуди кудаки мурда таваллудшуда ё дар хафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда ба зиммаи инхо гузошта мешавад:

– ба рохбари муассисаи тибби, ки кудак дар он таваллуд шудааст ё вафот кардааст;

– ба рохбари муассисаи тиббие, ки табиби он факти таваллуди кудаки мурда таваллудшуда ё кудаки дар хафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткардаро мукаррар кардааст ё дар сурати таваллуди кудак берун аз муассисаи тибби, ки табиби  бо фаъолияти хусуси машгулбуда онро мукаррар кардааст.

  1. Ариза дар бораи таваллуди кудаки мурда таваллудшуда ё дар хафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда бояд на дертар аз се руз аз рузи муайян шудани факти таваллуди кудаки мурда таваллудшуда ё факти дар хафтаи аввали баъд аз таваллуд  вафот кардани  кудак тартиб дода шавад.
  2. Бакайдгирии давлатии таваллуди кудаки мурда таваллудшуда ва ё дар хафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда ройгон анчом дода мешавад.

 

Моддаи 23. Бакайдгирии давлатии таваллуди кудаки ба синни як расида ё аз он калонтар

 

  1. Кайди давлатии таваллуди кудаки ба синни як расида ё аз он калонтар дар асоси аризаи падару модар (яке аз онхо) ё шахсони манфиатдор дар сурати мавчуд будани хуччати шакли мукарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тибби ё табиби ба фаъолияти хусуси машгулбуда дода шудааст, гузаронида мешавад. Хангоми бакайдгирии давлатии таваллуди кудаки ба синни як расида  ё аз он калонтар маълумотнома дар бораи мавчуд набудани хуччатхои у, ки аз чониби бойгонии дахлдори макомоти сабти асноди холати  шахрванди дода шудааст, инчунин маълумотнома аз чойи таваллуд, чойи истикомати кудак ва аз муассисаи тахсилоти умумие, ки кудак дар он чо тахсил мекунад, пешниход карда мешавад. Маълумотномаи бойгонии макомоти сабти асноди холати шахрванди дар асоси санчиши мухлати панчсола (соли таваллуди кудак, ду соли пеш ва ду соли баъди таваллуди у) тартиб дода шавад. Кайди давлатии таваллуди кудаки ба синни як расида ё аз он калонтар танхо аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрвандии нохия ва шахр гузаронида мешавад. 
  2. Кайди давлатии таваллуди кудаке, ки ба балогат расидааст, дар асоси аризаи худи у гузаронида мешавад. Дар ин маврид баробари ариза ба макомоти сабти асноди холати шахрванди хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:

– маълумотнома аз чойи истикомат;

– маълумотнома аз бойгонии макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи таваллуд ва Раёсати асноди холати шахрванди;

– шаходатномаи акди никохи падару модар;

– нусхаи хуччати тасдиккунандаи шахсияти падару модар.

  1. Макомоти сабти асноди холати шахрванди парванда омода намуда, барои санчиши шахсияти зикргардида онро ба шуъбаи корхои дохилии чойи зисти шахрванд мефиристад. Пас аз гирифтани чавоби хаттии натичаи санчиш макомоти сабти асноди холати шахрванди оид ба рад намудан ё конеъ гардонидани мурочиати воридгашта хулоса тахия менамояд.
  2. Дар сурати мавчуд набудани хуччати шакли мукарраршуда дар бораи таваллуд кайди давлатии таваллуди кудаки ба синни як расида ва ё аз он калонтар дар асоси халномаи суд дар бораи мукаррар намудани факти таваллуд ба чо оварда мешавад.

(КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

Моддаи 24.  Мухтавои сабти асноди таваллуд

 

  1. Ба сабти асноди таваллуд маълумоти зерин дохил карда мешаванд:

– ном, номи падар, насаб, чинс, сана, вакт, мухлати хомиладори, вазн ва дарозии кади кудак, чойи таваллуди кудак, кудаки зинда ва ё мурда таваллудшуда;

–  шумораи кудакони таваллудшуда (якто, дугоник ва ё аз ду зиёда кудак);

– маълумот дар бораи хуччати тасдиккунандаи факти таваллуди кудак;

– ном, номи падар, насаб,  сана ва чои таваллуд, шахрванди, миллат, чойи  истикомати падару модар (яке аз онхо);

– маълумот дар бораи хуччате, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падар асос шуда метавонад;

– ном, номи падар, насаб  ва чойи истикомати аризадиханда ва ё ном ва махалли чойгиршавии макомот ё ташкилоте, ки дар бораи таваллуди кудак хабар додааст;

– ракам ва силсилаи шаходатномаи додашуда дар бораи таваллуд

ракам ва таърихи тартиб додани сабт. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

  1. Дар сурати таваллуд шудани дугоник ва ё аз ду зиёда кудак дар як вакт ба хар кадоми онхо бо нишон додани пайдархамии таваллуди онхо асноди алохида тартиб дода мешавад.
  2. Дар сурати мурда таваллуд шудани дугоник ва ё аз ду зиёда кудак асноди алохида тартиб дода мешавад.
  3. Дар сурати мурда таваллуд шудани кудак маълумот дар бораи ном ва номи падари у ба сабти асноди таваллуд дохил карда намешавад.

 

Моддаи 25. Шаходатномаи таваллуд

 

Шаходатномаи таваллуд дорои маълумотхои зерин мебошад:

– ном, номи падар, насаб, чинс,  сана ва чойи таваллуди кудак;

– ном, номи падар, насаб,  миллат ва шахрвандии падару модар (яке аз онхо);

– рузи тартиб додан ва раками кайди сабти асноди таваллуд;

– чойи бакайдгирии давлатии таваллуд (номи макомоти сабти асноди холати шахрванди);

– силсила, ракам ва таърихи дода шудани шаходатномаи таваллуд. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

 

Моддаи 26. Додани шаходатномаи таваллуд

 

  1. Шаходатномаи таваллуд баъд аз бакайдгирии давлатии сабти асноди таваллуд ва имзо намудани он аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди ба арзкунанда дода мешавад.
  2. Бо хохиши арзкунанда ба у инчунин маълумотномаи таваллуд барои гирифтани кумакпули оид ба таваллуди кудак дода мешавад.

 

БОБИ 3

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ВАФОТ

 

Моддаи 27.  Асосхо барои бакайдгирии давлатии вафот

 

Асосхо барои бакайдгирии давлатии вафот:

– хуччати шаклаш мукарраршуда оид ба вафот, ки аз тарафи муассисаи тибби ё табиби бо фаъолияти хусуси машгулбуда дода шудааст;

– халномаи суд дар бораи мукаррар намудани факти вафот ё фавтида эълон намудани шахс, ки ба кувваи конуни даромадааст.

 

Моддаи 28.  Бакайдгирии давлатии вафот

 

  1. Бакайдгирии давлатии вафот аз чониби макомоти сабти асноди холати шахрванди дар махалли истикомати охирини шахси фавтида, махалли вафот, махалли ёфта шудани часади шахси фавтида ё дар махалли чойгиршавии суде, ки халнома оид ба мукаррар намудани факти вафот ё фавтида эълон намудани шахсро баровардааст, гузаронида мешавад.

Вафоти шахсоне, ки зиёда аз як сол пеш вафот кардаанд, инчунин шахсоне, ки аз руи тартиби конунгузори мурда хисоб карда шудаанд, аз чониби макомоти сабти асноди холати шахрвандии шахру нохияхо бо тартиби мукаррарнамудаи конуни мазкур ба кайди давлати гирифта  мешаванд.

Санае, ки бо халномаи суд мукаррар карда шудааст, рузи вафот хисоб карда мешавад ва агар дар  халномаи  суд чунин сана нишон дода нашуда бошад, санаи эътибор  пайдо кардани халномаи суд  нишон дода мешавад.

  1. Агар шахс дар катора, хавопаймо ва ё дигар воситаи наклиёт хангоми сафар фавтида бошад, кайди давлатии вафот дар макомоти сабти асноди холати шахрвандие, ки  дар худуди  махалли аз воситаи наклиёт фаровардани  шахси  вафоткарда чойгир шудааст, гузаронида шуда метавонад.
  2. Дар сурате, ки агар шахс дар экспедитсия ва ё дар махалли дур чойгиршуда, ки дар он чо макомоти сабти асноди холати шахрванди вокеъ нест, фавтида бошад, бакайдгирии давлатии вафот дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати охирини ин шахс, ки то ба сафар баромаданаш дар он чо истикомат мекард ва ё дар чойи истикомати хешовандонаш ба чо оварда мешавад.
  3. Дар вакти кайди вафоти шахсони номаълум (шахсони шинохтанашуда) дар аснод факат хамон маълумоти барои кайд зарур навишта мешавад, ки дар хулосаи экспертизаи судии тибби кайд шуда бошад.
  4. Вафоти шахсоне, ки бар асари офатхои табии (заминларза, обхези ва г.) вафот кардаанд, дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати доими ё чойи фавт дар асоси хулосаи комиссияи пешгирии офатхои табиии чумхурияви, вилояти, шахри, нохияви ба кайди давлатии вафот гирифта мешавад.

 

Моддаи 29. Бакайдгирии давлатии вафоти хизматчиёни харби

 

  1. Вафоти хизматчиёни харби бо тартиби умуми ба кайди давлати гирифта мешавад.
  2. Дар замони чанг тартиби махсуси кайди вафоти хизматчиёни харби мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 30.  Ариза дар бораи вафот

 

  1. Ба макомоти сабти асноди холати шахрванди дар бораи вафоти шахс дар шакли хатти ухдадоранд арз намоянд:

– хамсар, дигар аъзои оилаи шахси  фавтида, инчунин шахсе, ки дар вакти вафот кардани шахс хузур дошт ва ё дар бораи вафоти шахс хабар дорад;

– муассисаи тибби ё муассисаи хифзи ичтимоии ахоли, ки шахс хангоми дар он чо карор доштанаш фавтида бошад;

– муассисаи ичрои чазои чинояти, агар махкумшуда хангоми адо кардани чазои чинояти дар чойхои махруми аз озоди вафот карда бошад;

– макомоти тахкики ибтидои ё тафтиш, дар сурате ки агар оид ба марги шахс ё оид ба  факти марг тафтиш бурда шавад ва шахсияти фавтида муайян нашуда бошад;

– командири кисми харби, агар шахс  дар давраи адо намудани хизмати харби вафот карда бошад.

  1. Ариза дар бораи вафоти шахс бояд на дертар аз се руз аз рузи фаро расидани марг ва ё аз рузи ёфт шудани часади фавтида дода шавад. Гузаронидани мухлати мукарраршуда барои рад кардани бакайдгирии давлатии вафот аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди асос шуда наметавонад. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)
  2. Макомоти сабти асноди холати шахрванди бакайдгирии давлатии вафотро дар рузи мурочиат (дар холати мавчуд будани хамаи хуччатхои зарури) амали менамояд. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

Моддаи 31. Мухтавои сабти асноди вафот

 

  1. Ба сабти асноди вафот маълумоти зерин дохил карда мешаванд:

– ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуд, махалли охирини истикомат, чойи кор, вазъи оилави, тахсилот, чинс, шахрванди, миллат, сана, чойи вафот ва кайдхои махсус;

– сабаби вафот (дар асоси хуччати тасдиккунандаи факти вафот);

– маълумоти тасдиккунандаи факти вафот;

– ном, номи падар, насаб, чойи истикомати мурочиаткунанда ва ё ном ва  сурогаи хукукии макомот, ташкилот ё муассисае, ки дар бораи вафот арз кардааст;

– силсила ва раками шаходатномаи вафот;

– ном, номи падар, насаб,  чойи истикомати шахсе, ки ба у шаходатномаи вафот дода шудааст.

  1. Агар бакайдгирии давлатии вафоти шахс дар асоси халномаи суд дар бораи фавтида эълон намудани у гузаронида шавад, санаи вафоти шахс дар асноди вафот, санаи ба кувваи конуни даромадани халномаи суд ё санаи бо  халномаи суд мукарраршуда дар бораи вафот санаи вафоти шахс хисобида мешавад.
  2. Бакайдгирии давлатии вафот ройгон аст.

 

Моддаи 32. Шаходатномаи вафот

 

Шаходатномаи вафот маълумоти  зеринро дар бар мегирад:

– ном, номи падар, насаб, сана, чойи таваллуд, шахрванди, сана, чой ва сабаби вафот;

–  санаи тартиб додан ва раками сабти асноди вафот;

– чойи бакайдгирии давлатии вафот (номи макомоти сабти асноди холати шахрванди, ки аз тарафи он бакайдгирии давлатии вафоти шахс  гузаронида шудааст);

–  санаи додани шаходатномаи вафот;

–  силсила ва раками шаходатномаи вафот.

 

БОБИ 4

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АКДИ НИКОХ

 

Моддаи 33.  Асос барои бакайдгирии давлатии акди никох

 

Асос барои бакайдгирии давлатии акди никох аризаи муштараки шахсони никохшаванда  ба хисоб меравад.

 

Моддаи 34. Чои бакайдгирии давлатии акди никох

 

  1. Акди никох аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди мувофики хохиши шахсони никохшаванда дар чойи истикомати яке аз онхо ё чойи истикомати падару модарашон ба кайди давлати гирифта мешавад.
  2. Акди никохи шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, дар муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар давлатхои хоричи ба кайди давлати гирифта мешавад. Акди никохе, ки дар муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар давлатхои хоричи ба кайд гирифта шудаанд, ба акди никохе, ки дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ба кайд гирифта шудааст, баробар дониста мешавад.

 

Моддаи 35. Ариза дар бораи акди никох

 

  1. Шахсони никохшаванда ба макомоти сабти асноди холати шахрванди аризаи хаттии муштарак пешниход менамоянд. Дар аризаи онхо бояд розигии тарафхо барои бастани акди никох ва инчунин мавчуд набудани монеахои акди никох, ки моддаи 14 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, кайд шуда бошад. Дар аризаи муштараки онхо инчунин бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

–  ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуд, синну сол, шахрванди, миллат, чойи истикомати хар  кадоме аз шахсони никохшаванда;

насабе, ки никохшавандагон барои  худ  интихоб намудаанд;

– оид ба хуччатхое, ки шахсияти никохшавандагонро тасдик менамоянд.

Никохшавандагон дар аризаи  муштарак оид ба бастани акди никох имзо мегузоранд ва санаи тартиб додани  онро кайд менамоянд.

Дар баробари аризаи  муштарак дар бораи бастани акди никох хуччатхои зерин низ пешниход карда мешаванд:

–  хуччати тасдиккунандаи шахсияти никохшавандагон;

– хуччати тасдиккунандаи бекор шудани акди никохи аввала, агар шахс (шахсон) пеш аз ин дар акди никохи дигар бошанд;

хуччати тасдиккунандаи муоинаи тиббии хатмии шахсони никохшаванда;  (кЧТ аз 15.03.2016 с., №1291)

– нусхаи шаходатномаи вафот, агар зан ё шавхар фавтида бошанд;

– халномаи суд дар хусуси розиги додан  барои бастани акди никох, дар сурате ки агар никохшавандагон ноболиг буда, ба синни никохи тибки кисми 2 моддаи 13 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон нарасида бошанд;

– агар яке аз тарафхои никохшаванда шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд бошад, бояд хатман хуччати тасдиккунандаи истикомат дар худуди Чумхурии Точикистон дар мухлати на камтар аз як соли охир ва ахдномаи никохи басташуда пешниход карда шавад. (КЧТ аз 25.03.11с., №711; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1451)

  1. Агар яке аз никохшавандагон имконияти хозир шуданро ба макомоти сабти асноди холати шахрванди барои додани аризаи муштарак, ки дар кисми 1 хамин модда пешбини шудааст, надошта бошад, изхори иродаи шахсони никохшаванда метавонад дар асоси аризахои алохидаи пешниходнамудаашон ба расмият дароварда шавад. Имзои шахси ба макомоти сабти асноди холати шахрванди хозирнашуда бояд дар идораи нотариалии давлати тасдик карда шавад.

 

Моддаи 36. Тартиби  бакайдгирии давлатии акди никох

 

  1. Бакайдгирии давлатии акди никох бо риоя намудани тартиби пешбининамудаи конунгузории оилаи Чумхурии Точикистон ба чо оварда мешавад.
  2. Бакайдгирии давлатии акди никох пас аз гузаштани як мох аз рузи ба макомоти сабти асноди холати шахрванди аризаи муштарак додани шахсоне, ки хохиши акди никох карданро доранд, ба чо оварда мешавад.
  3. Дар асоси аризаи муштараки никохшавандагон мухлати мукаррарнамудаи кисми 2 хамин модда метавонад аз тарафи рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди, дар шахрак ва дехот бошад, аз тарафи раиси чамоати шахрак ва дехот бо асосхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тагйир дода шавад.
  4. Бакайдгирии давлатии акди никохи шахсоне, ки синни никохиашон мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун кам карда шудааст, бо хохиши ин шахсон, бе муайян намудани мухлати якмохаи интизори ба амал бароварда мешавад.
  5. Бакайдгирии давлатии акди никох дар хузури шахсони никохшаванда ба чо оварда мешавад.
  6. Бо хохиши никохшавандагон бакайдгирии давлатии акди никох дар вазъияти ботантана дар бинои макомоти сабти асноди холати шахрванди ва ё берун аз он сурат мегирад. Бакайдгирии давлатии акди никох берун аз бинои макомоти сабти асноди холати шахрванди танхо бо розигии рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди сурат мегирад. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496) Коххо ва хонахои акди никох маросими бакайдгирии давлатии акди никохро дар вазъияти ботантана танхо дар дохили бинохои худ амали менамоянд. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)
  7. Дар холате, ки агар шахсони никохшаванда (яке аз онхо) бо сабаби бемори ё дигар сабабхои узрнок ба макомоти сабти асноди холати шахрванди хозир шуда натавонанд, бакайдгирии давлатии акди никох дар хона, муассисаи тибби ва ё дар дигар ташкилот дар хузури шахсони никохшаванда сурат мегирад.
  8. Бакайдгирии давлатии акди никох бо шахсе, ки дар чойхои махруми аз озоди мухлати чазоро адо менамояд, дар чое, ки рохбари муассисаи дахлдор бо мувофикаи рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди муайян намудааст, ба чо оварда мешавад.
  9. Акди никох бо шахрвандони хоричи дар асоси Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба кайди давлати гирифта мешавад.
  10. Дар сурати мавчуд будани монеахои акди никох, ки дар моддаи 14 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, никох ба кайди давлати гирифта намешавад.
  11. Агар рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди дар бораи чой доштани монеахо барои акди никох маълумотхои тасдиккунанда дошта бошад, метавонад бакайдгирии давлатии акди никохро рад намояд.

 

Моддаи 37. Тартиби  сабт кардани насаби хамсарон хангоми бакайдгирии давлатии акди

                        никох

 

  1. Зану шавхар хангоми бакайдгирии давлатии акди никох ихтиёран насаби якеро хамчун насаби умуми интихоб менамоянд ё хар яке аз зану шавхар насаби то акди никох доштаашро нигох медорад.
  2. Ба сифати насаби умумии хамсарон метавонад насабе навишта шавад, ки бо рохи илова кардани насаби яке аз хамсарон ба насаби хамсари дигар ташаккул ёфтааст. Агар хар ду ё яке аз хамсарон насаби дутаркиба дошта бошанд, ба хам пайвастани насабхо манъ аст.
  3. Ивазшавии насаби яке аз хамсарон боиси иваз шудани насаби хамсари дигар намегардад.

 

Моддаи 38. Мухтавои сабти асноди акди никох

 

  1. Ба сабти асноди акди никох маълумоти зерин дохил карда мешаванд:

– ном, номи падар, насаб (то ва баъд аз бастани акди никох),  сана ва чойи таваллуд, синну сол, шахрванди, миллат, вазъи оилави, маълумот дар бораи кудакони умуми,  санаи бастани акди никох, чойи истикомати хар кадоме аз  никохшавандагон, вазифа ва чои кор, тахсилот, ном, номи падар, насаби шохидони акди никох; (КЧТ аз 31.12.08 с., №483; аз 26.03.09, № 496)

– маълумот оид ба хуччати тасдиккунандаи бекор шудани акди никохи аввала дар сурате, ки агар шахси (шахсони) никохшаванда пештар дар акди никох карор дошт;

– маълумоти хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти никохшавандагон;

–  санаи тартиб додан ва раками  сабти асноди акди никох;

– номи макомоти сабти асноди холати шахрвандие, ки дар он кайди давлатии акди никох ба чо оварда шудааст;

– силсила ва раками шаходатномаи акди никохи додашуда.

  1. Дар холате, ки агар никох бекор карда ё беэътибор дониста шуда бошад, ба сабти асноди акди никох маълумот дар бораи бекор кардан ва ё беэътибор дониста шудани никох дохил карда мешавад. Ин гуна маълумот дар асоси халномаи суд дар бораи катъ шудани акди никох ё сабти асноди катъи акди никох хангоми катъи акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ва ё дар асоси халномаи суд дар бораи беэътибор  дониста шудани акди никох дохил карда мешавад.

 

Моддаи 39. Шаходатномаи акди никох

 

Шаходатномаи акди никох маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– ном, номи падар, насаб (то ва баъд аз бастани акди никох),  сана, чойи таваллуд, шахрванди, миллати хар кадоме аз никохшавандагон;

– санаи бастани акди никох;

– санаи тартиб додан ва раками  сабти асноди акди никох;

– чойи бакайдгирии давлатии акди никох (номи макомоти сабти асноди холати шахрванди);

– санаи дода шудани шаходатномаи акди никох;

силсила ва раками шаходатнома. (КЧТ аз 26.03.09, №496)

 

БОБИ 5

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ БЕКОР КАРДАНИ АКДИ НИКОХ

 

Моддаи 40. Асосхои бакайдгирии давлатии  бекор кардани акди никох

 

Асосхои бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох инхоянд:

– аризаи муштараки хамсарон дар бораи бекор кардани акди никох, ки фарзандони  умумии ноболиг надоранд;

– ариза  дар бораи бекор кардани акди никох, ки аз чониби яке аз хамсарон дода шудааст ва халномаи ба кувваи конуни даромадаи суд нисбат ба хамсари дигар, агар у аз чониби суд бедарак гайбзада ё гайри кобили амал эътироф шуда бошад ё барои содир намудани чиноят ба мухлати зиёда аз се сол махкум шуда бошад;

– хуччати шаклаш мукарраршуда оид ба вафоти яке аз хамсарон ва ё халномаи ба кувваи конуни даромадаи суд оид ба фавтида эълон намудани яке аз хамсарон;

– халномаи суд дар бораи бекор кардани акди никох, ки ба  кувваи конуни даромадааст.

 

Моддаи 41. Махалли бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох

 

Бекор кардани акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати хамсарон ва ё яке аз онхо ба кайд гирифта мешавад.

 

Моддаи 42. Тартиби бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох бо розигии хамсароне,

                       ки  фарзандони умумии ноболиг надоранд

 

  1. Хангоми мавчуд будани розигии мутакобилаи хамсарон барои бекор кардани акди никох, ки аз хамин акди никох фарзандони умумии ноболиг надоранд, акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди бекор карда мешавад.
  2. Хамсароне, ки хохиши бекор кардани акди никохро доранд, ба макомоти сабти асноди холати шахрванди дар шакли хатти аризаи муштаракро оид ба бекор кардани акди никох пешниход менамоянд. Ба ариза дар бораи бекор кардани акди никох бояд шаходатномаи акди никох низ замима карда шавад.

Дар аризаи муштарак дар бораи бекор кардани акди никох хамсарон бояд розигии хамдигарро барои бекор кардани акди никох ва надоштани фарзандони  умумии ноболиг тасдик намоянд. Инчунин дар аризаи якчояи хамсарон дар бораи бекор кардани акди никох бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

– ном, номи падар, насаб, сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллат,  махалли истикомати хар кадоме аз  хамсарон;

– маълумоти сабти асноди акди никох;

насабе, ки хар яке аз хамсарон хангоми бекор кардани акди никох кабул менамоянд;

– маълумоти хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти  хамсарон;

сабаби мурочиати онхо барои бекор кардани акди никох. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

Хамсароне, ки хохиши бекор кардани акди никохро доранд, ба аризаи  муштарак имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро  нишон медиханд.

  1. Агар яке аз хамсарон имконияти хозир шуданро ба макомоти сабти асноди холати шахрванди барои додани аризаи якчоя, ки дар кисми 2 моддаи мазкур пешбини шудааст, надошта бошанд, изхори иродаи онхо метавонад  дар асоси аризахои алохидаи пешниходнамудаашон ба расмият дароварда шавад. Имзои аризаи хамсаре, ки имконияти хозир шуданро ба макомоти сабти асноди холати шахрванди надорад, бояд дар идораи нотариалии давлати тасдик карда шавад.
  2. Бекор кардани акди никох ва кайди давлатии бекор намудани он дар хузури хамсарон ва ё яке аз онхо бо гузаштани як мох аз рузи додани аризаи муштараки хамсарон дар бораи бекор кардани акди никох ба чо оварда мешавад.

 

Моддаи 43. Тартиби бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох бо аризаи яке аз

                       хамсарон

 

  1. Дар асоси аризаи яке аз хамсарон акди никох дар макомоти сабти асноди холати шахрванди бекор карда мешавад, агар хамсари дигар:

–  аз чониби  суд бедарак гайбзада эътироф гардида бошад;

– аз чониби суд гайри кобили амал эътироф шуда бошад;

– вафот карда бошад ё аз чониби суд фавтида эътироф гардида бошад;

– барои содир кардани чиноят ба мухлати зиёда аз се сол махкум шуда бошад.

  1. Макомоти сабти асноди холати шахрванди, ки ариза дар бораи бекор кардани акди никохро кабул намудааст, дар муддати се руз хамсареро, ки чазоро дар муассисахои ислохи адо намуда истодааст ё васии хамсари гайри кобили амал эътирофшударо ва ё идоракунандаи молу мулки хамсари бедарак гайбзадаро, дар холати мавчуд набудани ин гуна шахсон макомоти васоят ва парасториро дар бораи дохил шудани ариза ва рузи муайяншудаи бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох хабардор менамояд.

Дар сурате, ки агар акди никох бо хамсари гайри кобили амал эътирофшуда  ва ё бо хукми суд барои содир намудани чиноят ба мухлати зиёда аз се сол ба махруми аз озоди махкумшуда бекор карда шавад, дар хабарнома инчунин зарурати то санаи  таъиншудаи бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох хабар додани он насабе, ки шахс мехохад пас аз бекор кардани акди никох кабул намояд, нишон дода шавад.

  1. Бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох бо аризаи яке аз хамсарон дар хузури у бо гузаштани як мох аз рузи пешниход кардани ариза дар бораи бекор кардани акди никох ба чо оварда мешавад.

 

Моддаи 44. Тартиби бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох  дар асоси халномаи

                        суд

 

  1. Бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох дар асоси халномаи суд дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати собик хамсарон (яке аз онхо) дар асоси иктибос аз халномаи суд ва аризаи собик хамсарон (яке аз онхо) ё аризаи васии хамсари гайри кобили амал ба чо оварда мешавад.
  2. Дар сурате, ки агар яке аз собик хамсарон дар макомоти сабти асноди холати шахрванди бекор карда шудани никохро кайд карда бошад ва хамсари дигар ба хамин макомоти сабти асноди холати шахрванди дертар мурочиат намояд, маълумот дар бораи хамсари собик ба сабти асноди бекор кардани акди никох, ки пештар тартиб дода шуда буд, дохил карда мешавад.

 

Моддаи 45. Нигох доштан ё тагйир додани насаби  хамсарон пас аз бекор  кардани акди

                      никох

 

Хамсаре, ки хангоми акди никох насаби худро тагйир додааст, пас аз бекор кардани акди никох хукук дорад бо ризоияти  хамсари дигар  насабашро тагйир надихад ё бо талаби у хангоми  бакайдгирии бекор кардани акди никох аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди ба у насаби то акди никох доштааш дода шавад.

 

Моддаи 46Мухтавои сабти аснод оид ба бекор кардани акди никох

 

Ба сабти асноди бекор кардани акди никох маълумоти зерин дохил карда мешаванд:

– ном, номи падар, насаб ( то ва баъд аз  бекор кардани акди никох), сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллат, вазифа ва чои кор, махалли истикомати хар кадоме аз шахсоне, ки никохашонро бекор намудаанд; (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

– санаи тартиб дода шудан, раками сабти асноди акди никох ва номи макомоти сабти асноди холати шахрвандие, ки дар он бакайдгирии давлатии акди никох гузаронида шудааст;

– маълумот дар бораи хуччатхое, ки барои бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох асос шудаанд;

–  санаи катъ шудани акди никох;

– маълумоти хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти касоне, ки никохашонро бекор менамоянд;

– силсила ва раками шаходатнома дар бораи  бекор кардани акди никох.

 

Моддаи 47. Шаходатномаи  бекор кардани акди никох

 

  1. Шаходатномаи бекор кардани акди никох дорои маълумоти зерин мебошад:

насаб, ном ва номи падари (то ва баъд аз бекор кардани акди никох), сана ва чойи таваллуди хар яке аз шахсоне, ки никохашонро бекор намудаанд; (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

– санаи катъи акди никох;

– санаи тартиб дода шудан ва раками  сабти аснод оид ба бекор кардани  акди никох;

– чойи бакайдгирии давлатии бекор кардани акди никох (номи макомоти сабти асноди холати шахрвандие, ки  аз тарафи он бакайдгирии давлатии акди никохи  бекоршуда гузаронида шудааст);

насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ба у шаходатномаи бекор карда шудани акди никох дода мешавад; (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

– санаи дода шудани шаходатномаи бекор кардани акди никох;

силсила ва раками шаходатнома. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

  1. Шаходатномаи бекор кардани акди никох аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди ба хар яке аз шахсоне, ки акди никохашонро бекор намудаанд, дода мешавад.

 

БОБИ 6

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ФАРЗАНДХОНДИ

 

Моддаи 48. Асосхо барои бакайдгирии давлатии фарзандхонди

 

Барои бакайдгирии давлатии фарзандхонди халномаи суд дар бораи мукаррар кардани фарзандхондии кудак, ки ба кувваи конуни даромадааст, асос мешавад.

 

Моддаи 49. Чои бакайдгирии давлатии фарзандхондии кудак

 

Бакайдгирии давлатии фарзандхондии кудак дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи бароварда шудани халномаи суд дар бораи мукаррар намудани фарзандхонди гузаронида мешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., №1241)

 

Моддаи 50. Ариза дар бораи бакайдгирии давлатии фарзандхондии кудак

 

  1. Бакайдгирии давлатии фарзандхондии кудак дар асоси аризаи хаттии ба фарзанди кабулкунандагон (ба фарзанди кабулкунанда) ва ё дар асоси хабарномаи макомоти васоят ва парастори гузаронида мешавад.
  2. Дар баробари мурочиат бояд халномаи суд дар бораи мукаррар намудани фарзандхондии кудак ва хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти ба фарзанди кабулкунандагон (ба фарзанди кабулкунанда) пешниход карда шавад.
  3. Агар дар давоми як мохи баъд аз эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд оид ба фарзандхонди шахсони дар кисми 1 хамин модда пешбинигардида бо ариза ё хабарнома мурочиат накунанд, макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи бароварда шудани халномаи суд бакайдгирии давлатии фарзандхондиро анчом медихад. (КЧТ аз 23.11.15 с., №1241)

 

Моддаи 51. Мухтавои сабти аснод дар бораи фарзандхонди

 

  1. Ба сабти аснод дар бораи фарзандхонди маълумоти зерин дохил карда мешаванд:

– ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуди  кудак (то ва баъд аз фарзандхонди);

– ном, номи падар, насаб,  шахрванди, миллати падару модар (яке аз онхо);

– санаи тартиб додан, раками  сабти аснод дар бораи  таваллуд ва  номи макомоти сабти асноди холати шахрванди, ки аз тарафи он бакайдгирии давлатии  таваллуди кудак гузаронида шудааст;

– ном, номи падар, насаб,  шахрванди, миллат,  махалли истикомати ба фарзанди  кабулкунандагон (ба фарзанди кабулкунанда);

– санаи тартиб додан, раками сабти асноди никохи ба фарзанди кабулкунандагон  ва  номи макомоти сабти асноди холати шахрвандие, ки аз тарафи он бакайдгирии давлатии акди никохи ба фарзанди кабулкунандагон  гузаронида шудааст;

– маълумоти халномаи суд дар бораи мукаррар намудани фарзандхондии кудак;

– силсила ва раками шаходатномаи додашуда дар бораи фарзандхонди.

  1. Агар бо халномаи суд дар бораи мукаррар намудани фарзандхондии кудак ба фарзанди кабулкунандагон (ба фарзанди кабулкунанда) падару модари (яке аз онхо) кудак сабт карда шаванд, чунин маълумот ба сабти аснод дар бораи фарзандхонди дохил карда мешавад.

 

Моддаи 52. Шаходатномаи фарзандхонди

 

Шаходатномаи фарзандхонди дорои маълумоти зерин мебошад:

– ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуди  кудак (то  ва баъд аз  фарзандхонди);

– ном, номи падар, насаб,  шахрванди, миллати ба фарзанди кабулкунандагон (ба фарзанди кабулкунанда);

– санаи тартиб додан ва раками  сабти аснод дар бораи фарзандхонди;

– чойи бакайдгирии давлатии фарзандхондии кудак (номи макомоти сабти асноди холати шахрванди);

– санаи дода шудани шаходатномаи фарзандхонди;

-силсила ва раками шаходатнома. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

 

Моддаи 53. Тагйир додани сабти асноди таваллуд бо сабаби фарзандхондии кудак

 

  1. Дар асоси сабти аснод дар бораи фарзандхонди ба сабти асноди таваллуди кудак тагйироти дахлдор бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур барои дохил намудани тагйиру ислоххо ба сабти асноди холати шахрванди дохил карда мешаванд.
  2. Агар бо халномаи суд оид ба мукаррар намудани фарзандхонди чойи таваллуди кудак иваз карда шавад, бо хохиши ба фарзанди кабулкунандагон (ба фарзанди кабулкунанда) аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи таваллуди кудак, ки дар халномаи суд нишон дода шудааст, сабти асноди нав дар бораи таваллуди кудак тартиб дода шуда, дар асоси талаботи моддаи 82 Конуни мазкур сабти  аввалияти  таваллуд бекор карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.08 с., №483)
  3. Макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи нигахдории сабти асноди таваллуди кудак дар асоси тагйироти дохилкардашуда ва ё тартиб дода шудани сабти асноди нав бо сабаби фарзандхонди шаходатномаи нави таваллудро медихад.

 

Моддаи 54. Нигох доштани маълумот дар бораи падару модар (яке аз онхо) дар  сабти асноди

                        таваллуди кудаки фарзандхондшуда

 

Агар дар халномаи суд оид ба мукаррар намудани фарзандхондии кудак дар бораи нигох доштани  муносибатхои молумулки ва шахсии гайримолумулкии кудаки фарзандхондшуда бо падару модараш (яке аз онхо) нишон дода шуда бошад, маълумот дар бораи падару модари (яке аз онхо) кудак, ки дар кайди асноди таваллуди кудак нишон дода шудааст,  тагйир дода намешавад. (КЧТ аз 23.11.15 с., №1241)

 

Моддаи 55. Тагйир додани  сабти асноди таваллуд бо сабаби бекор кардани фарзандхонди

 

Дар асоси халномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхонди ба  сабти асноди фарзандхонди маълумот дар бораи бекор кардани фарзандхонди дохил карда шуда, маълумоти аввала дар бораи ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуди кудак, инчунин маълумот дар бораи падару модари кудак дар  сабти асноди таваллуд баркарор карда мешаванд. Шаходатномаи  таваллуди кудак, ки пештар дода шуда буд, бекор карда, шаходатномаи нави таваллуди кудак бо назардошти тагйироти ба сабти асноди таваллуд воридгардида  дода мешавад.

 

Моддаи 56. Таъмин намудани сирри фарзандхондии кудак аз тарафи макомоти сабти асноди

                       холати шахрванди

 

  1. Сирри фарзандхондии кудакро конун мухофизат мекунад.
  2. Кормандони макомоти сабти асноди холати шахрванди бе розигии ба фарзандхонди кабулкунандагон (ба фарзандхонди кабулкунанда) ва дар сурати вафоти онхо бе розигии макомоти васоят ва парастори хукук надоранд оид ба фарзандхонди ягон маълумот диханд ва хуччатхоеро диханд, ки аз мухтавояшон падару модари (яке аз онхо) кудаки фарзандхондшуда набудани ба фарзанди кабулкунандагон (ба фарзанди кабулкунанда)  маълум мегардад.
  3. Шахсоне, ки сирри фарзандхондиро мухолифи иродаи ба фарзанди кабулкунандагон фош намудаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конун ба чавобгари кашида мешаванд.

 

БОБИ 7

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МУКАРРАР НАМУДАНИ ПАДАРИ

 

Моддаи 57. Асосхо барои бакайдгирии  давлатии мукаррар намудани падари

 

Асосхои бакайдгирии мукаррар намудани падари инхо  мебошанд:

– аризаи муштараки падар ва модари кудак  дар бораи мукаррар намудани падари, ки дар рузи таваллуди кудак дар акди никохи якдигар карор надоранд;

– аризаи падари кудак дар бораи мукаррар намудани падари, ки дар рузи таваллуди кудак бо модари у дар акди никох карор надошт; (КЧТ аз 31.12.08 с., №483)

– халномаи суд дар бораи мукаррар намудани падари ва ё мукаррар намудани факти эътирофи падари, ки ба кувваи конуни даромадааст.

 

Моддаи 58. Чойи бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари

 

Бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати падар ё модари кудак, ки дар рузи таваллуди кудак дар акди никохи якдигар карор надоранд ва ё дар чойи кайди таваллуди кудак гузаронида мешавад ва дар холати пешбининамудаи моддаи 62 хамин Конун дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи бароварда шудани халномаи суд дар бораи мукаррар намудани падари ва ё мукаррар намудани факти эътирофи падари   гузаронида мешавад.

 

Моддаи 59.  Бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари дар асоси аризаи  муштараки

                        падар ва модари кудак, ки дар давраи таваллуди кудак  дар акди никохи якдигар

                        карор надоранд

 

  1. Аризаи муштараки падар ва модари кудак дар бораи мукаррар намудани падари, ки дар давраи таваллуди кудак байни худ акди никох надоранд, ба макомоти сабти асноди холати шахрванди дар шакли хатти дода мешавад.
  2. Аризаи муштарак дар бораи мукаррар намудани падари метавонад дар давраи бакайдгири ва инчунин баъд аз бакайдгирии давлатии таваллуди кудак дода шавад.
  3. Хангоми мавчуд будани холатхое, ки асос медиханд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи мукаррар намудани падари пас аз таваллуди кудак гайриимкон ё мушкил мебошад, падару модари кудак, ки хангоми таваллуди кудак дар акди никохи хамдигар карор надоранд, метавонанд дар давраи хомиладории модар ба макомоти сабти асноди холати шахрванди бо чунин ариза мурочиат кунанд. Дар сурати мавчуд будани чунин ариза бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари якчоя бо бакайдгирии давлатии таваллуди кудак гузаронида шуда, аризаи нав талаб карда намешавад, агар то гузаронидани бакайдгирии давлатии таваллуди кудак аризаи додашуда аз тарафи падар ё модар  пас гирифта нашавад.
  4. Дар аризаи муштарак оид ба мукаррар намудани падари бояд эътироф намудани падарии шахсе, ки бо модари кудак дар акди никох карор надорад ва розигии модар дар бораи мукаррар намудани падари тасдик карда шуда бошад.

Дар аризаи муштарак бояд маълумоти зерин  нишон дода шаванд:

– ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллат ва чои истикомати шахсе, ки худро падари кудак эътироф намудааст;

–  ном, номи падар, насаб,  чинс, сана ва чойи таваллуди кудак, инчунин маълумот дар бораи кайди асноди таваллуд (дар вакти мукаррар намудани падари баъд аз кайди таваллуди кудак);

– ном, номи падар, насаб, сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллат ва чойи истикомати  модари кудак;

– маълумоти сабти асноди акди никох (дар сурати  акди никох кардани модари кудак бо падари у баъд аз таваллуди кудак);

– ном, номи падар, насаби кудак баъди мукаррар намудани падари;

– маълумот дар бораи хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти падар ва модари кудак.

Аризадихандагон дар аризаи муштарак дар бораи мукаррар намудани падари имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиханд.

Дар чунин аризаи то таваллуди кудак додашуда розигии падару модар дар бораи ба кудак додани насаби падар ё модар ва ном (вобаста ба чинси кудаки таваллудшуда) тасдик карда мешавад.

Дар холати мукаррар намудани падари баъд аз таваллуди кудак дар   баробари аризаи муштарак дар бораи мукаррар намудани падари шаходатномаи таваллуди кудак ва дар сурати додани чунин ариза пеш аз таваллуди кудак хуччати тасдиккунандаи хомиладории зан, ки аз тарафи муассисаи тибби ва ё аз тарафи табиби дар давраи хомиладори занро нигохубинкарда  дода шудааст,  пешниход карда мешавад.

  1. Агар падар ё модар имконияти шахсан додани аризаро, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини шудааст, надошта бошанд, розигии онхо метавонад дар аризахои алохида дар бораи мукаррар намудани падари кайд карда шавад. Шахсоне, ки хангоми додани чунин ариза имконияти хузур доштанро надоранд, имзои онхо бояд аз тарафи идораи нотариалии давлати тасдик шуда бошад.

 

Моддаи 60. Бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари бо аризаи падари кудаке, ки

                       дар давраи таваллуди кудак бо модари кудак дар акди никох карор надорад

 

  1. Бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари бо аризаи падари кудак, ки дар давраи таваллуди кудак бо модари кудак дар акди никох карор надорад, дар холате ки агар модари кудак вафот карда бошад, гайри кобили амал эътироф шуда бошад, мавчуд набудани маълумот дар бораи чойи зисти модар ва ё аз хукуки модари махрум карда шуда бошад, бо розигии макомоти васоят ва парастори, дар сурати набудани чунин розиги бо халномаи суд гузаронида мешавад.
  2. Ариза дар бораи мукаррар намудани падари аз тарафи падар ба макомоти сабти асноди холати шахрванди дар шакли хатти дода мешавад.

Дар чунин ариза бояд факти эътироф намудани падарии шахсе, ки бо модари кудак дар акди никох карор надорад ва мавчуд будани холатхои пешбининамудаи кисми 1  моддаи мазкур тасдик шуда бошад.

Дар ариза дар бораи мукаррар намудани падари инчунин бояд маълумоти зерин нишон дода шуда бошанд:

– ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллат ва чойи истикомати шахсе, ки худро падари кудак эътироф намудааст;

– ном, номи падар, насаб,  чинс, сана ва чойи таваллуди кудак,  маълумот дар бораи сабти асноди таваллуди у;

– маълумот дар бораи хуччати тасдиккунандаи  вафоти модар, гайри кобили амал эътироф  намудани у,  гайриимкон будани мукаррар намудани чойи зисти у ва ё аз хукуки модари махрум карда  шудани  у;

– ном,  номи падар, насаби кудак баъди мукаррар намудани падари;

–  маълумоти хуччати тасдиккунандаи шахсияти падар.

Аризадиханда ба ариза имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро  нишон медихад.

Бо додани  чунин ариза бояд  шаходатномаи вафоти модар, нусхаи халномаи суд дар бораи гайри кобили амал эътироф намудани модар ё махрум намудан аз хукуки модари ва ё халномаи суд дар бораи бедарак гайбзада эътироф намудани модар ё хуччате, ки аз тарафи макомоти корхои дохилии чойи охирини истикомати зан, ки гайриимкон будани мукаррар намудани чойи  зисти занро тасдик менамояд, пешниход карда мешавад.

  1. Бо додани ариза аз тарафи падар дар бораи мукаррар намудани падари нисбат ба шахси ноболиг бояд дар якчояги бо чунин ариза хуччати тасдиккунандаи розигии макомоти васоят ва парастори дар бораи мукаррар намудани падари, ки аз тарафи ин макомот дода шудааст, пешниход карда шавад.

 

Моддаи 61. Бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари нисбат ба шахси ба

                      балогатрасида

 

Агар бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари нисбат ба шахсе, ки дар  рузи додани ариза дар бораи мукаррар намудани падари ба балогатрасида гузаронида шавад, тибки тартиби пешбининамудаи моддахои 59 ва 60  Конуни мазкур дар  баробари ин ариза дар шакли хатти розигии шахси ба балогатрасида дар бораи мукаррар намудани падари пешниход карда мешавад. Агар  у гайри кобили амал эътироф шуда бошад, бо чунин ариза розигии васии у ё макомоти васоят ва парастори дар шакли хатти  пешниход карда мешавад. Розигии шахси ба балогатрасида метавонад дар аризаи алохида ва ё тавассути имзои аризаи  муштараки падару модар (аризаи падар) баён карда шавад.

 

Моддаи 62.  Рад кардани бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари

 

Дар холати мавчуд будани маълумот оид ба падар дар  сабти асноди таваллуди кудак рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди метавонад бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падариро рад намояд, ба истиснои холатхое, ки агар  сабт дар бораи падари кудак  бо аризаи модар бо тартиби пешбининамудаи кисми 3 моддаи 19 Конуни мазкур  тартиб дода шуда бошад.

 

Моддаи 63. Бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари дар асоси халномаи суд

 

  1. Бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари дар асоси карори суд дар бораи мукаррар намудани падари ё мукаррар намудани факти эътирофи падари бо аризаи хаттии модар ё падари кудак, васии (парастори) кудак, шахсе, ки дар нигохубини у кудак карор дорад ва  инчунин худи кудаки ба балогатрасида гузаронида мешавад.
  2. Шахсоне, ки дар кисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, метавонанд дар шакли хатти шахсони дигарро барои мурочиат намудан дар бораи бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари ваколатдор намоянд.
  3. Маълумот дар бораи падари кудак мувофики маълумоти нишондодашуда дар халномаи суд дар бораи мукаррар намудани падари ва ё мукаррар намудани факти эътирофи падари ба сабти аснод дар бораи мукаррар намудани падари дохил карда мешавад.

 

Моддаи 64. Мухтавои сабти аснод дар бораи мукаррар намудани падари

 

Ба  сабти аснод дар бораи мукаррар намудани падари маълумоти зерин дохил карда мешаванд:

– ном, номи падар, насаб, сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллат, вазифа, чои кор, чойи истикомати шахсе, ки падари кудак эътироф шудааст; (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

– ном, номи падар, насаб (то мукаррар намудани падари), чинс, сана ва чойи таваллуди кудак;

– санаи тартиб дода шудан, раками  сабти аснод дар бораи таваллуд ва  номи макомоти сабти асноди холати шахрванди, ки аз тарафи он бакайдгирии давлатии таваллуди кудак гузаронида шудааст;

– ном, номи падар, насаби кудак баъд аз мукаррар намудани падари;

– ном, номи падар, насаб, сана ва чойи таваллуд, шахрванди, вазифа, чойи кор, чойи истикомат ва миллати модари кудак;

– маълумот дар бораи хуччате, ки барои мукаррар намудани падари асос шудааст;

– ном, номи падар, насаб,  чойи истикомати аризадиханда (аризадихандагон);

– силсила ва раками шаходатномаи додашуда дар бораи мукаррар намудани падари.

 

Моддаи 65. Шаходатнома дар бораи мукаррар намудани падари

 

  1. Шаходатнома дар бораи мукаррар намудани падари дорои маълумоти зерин мебошад:

– ном, номи падар, насаб, сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллати   шахсе, ки падари кудак эътироф шудааст;

– ном, номи падар, насаб  (то ва баъд аз мукаррар намудани падари), сана ва чойи таваллуди кудак;

– ном, номи падар, насаб, сана ва чойи  таваллуд, шахрванди ва миллати модари кудак;

– санаи тартиб дода шудан ва раками сабти аснод дар бораи мукаррар намудани падари;

–  чойи бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари  (номи макомоти сабти асноди холати шахрванди, ки  аз тарафи он бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари гузаронида шудааст);

– санаи дода шудани шаходатнома дар бораи мукаррар намудани падари;

-силсила ва раками шаходатнома. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

  1. Шаходатнома дар бораи мукаррар намудани падари аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди ба падару модар (яке аз онхо) ройгон дода мешавад.

 

Моддаи 66. Ба сабти асноди таваллуди кудак бо сабаби мукаррар намудани падари ворид

                       намудани тагйирот

 

  1. Дар асоси сабти аснод дар бораи мукаррар намудани падари ба сабти асноди таваллуди кудак маълумот дар бораи падари у дохил карда мешавад. Дохил намудани маълумот дар бораи падар ва иваз намудани ном, номи падар, насаби кудак бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур дар бораи ворид намудани ислоху тагйирот ба сабти асноди холати шахрванди ба чо оварда мешавад.
  2. Макомоти сабти асноди холати шахрванди ухдадор аст бинобар мукаррар намудани падари аз ворид намудани ислоху тагйирот ба макомоти сабти асноди таваллуди кудак ба макомоти шуъбаи хифзи ичтимоии ахолии чойи истикомати модари кудак дар муддати се рузи баъди бакайдгирии давлатии мукаррар намудани падари хабар дихад.

 

БОБИ 8

БАКАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ИВАЗ НАМУДАНИ НАСАБ, НОМ ВА НОМИ ПАДАР

 

Моддаи 67. Иваз намудани ном, номи падар, насаб

 

  1. Шахси ба синни шонздах расида хукук дорад ном, номи падар, насаби худро иваз намояд.
  2. Иваз намудани номи шахс тибки Фехристи номхои миллии точики сурат мегирад. Иваз намудани насаб ва номи падар тибки анъанахои милли дар асоси талаботи моддаи 20 Конуни мазкур амали карда мешавад (кЧТ аз 15.03.2016 с., №1292).
  3. Намояндагони акаллиятхои милли, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд, бо хохиши худ метавонанд номи худро тибки Фехристи номхои миллии точики ё анъанахои миллиашон иваз намоянд. Макомоти сабти асноди холати шахрванди хангоми иваз намудани номи намояндагони акаллиятхои милли, ки шахрвандони Чумхурии Точикистон мебошанд, талаботи кисми 11 моддаи 20 Конуни мазкурро татбик менамоянд (кЧТ аз 15.03.2016 с., №1292).
  4. Иваз намудани насаб, ном ва номи падари аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи истикомати шахсе, ки хохиши иваз намудани ном, номи падар, насабро дорад, ба чо оварда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198).
  5. Иваз намудани ном, номи падар, насаб аз тарафи шахсе, ки ба балогат нарасидааст, дар сурати мавчуд будани розигии падару модар, ба фарзанди кабулкунандагон ва ё парастор гузаронида мешавад. Дар холати набудани  чунин розиги дар асоси халномаи суд, гайр аз холатхое, ки агар шахс то ба балогат расидан бо тартиби мукаррарнамудаи конун пурра кобили амал шуда  бошад.
  6. Иваз намудани номи шахси ба синни шонздах нарасида ва инчунин иваз намудани насаби ба у додашуда ба насаби яке аз падару модари дигар дар асоси карори макомоти васоят ва парастори бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  7. Иваз намудани ном, номи падар, насаб дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ба кайди давлати гирифта мешавад.

 

Моддаи 68. Ариза дар бораи иваз намудани ном, номи падар, насаб

 

Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар ба макомоти сабти асноди холати шахрвандии махалли истикомат дар шакли хатти дода мешавад. (КЧТ аз 31.12.08 с., №483)

Дар чунин ариза бояд маълумоти зерин нишон дода  шавад:

– ном, номи падар, насаб, сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллат, чойи истикомат, вазъи оилавии (дар акди никох карор дорад ё не, бевазан ё занмурда, чудошуда) аризадиханда;

–  ном, номи падар, насаб, чойи таваллуди хар яке аз кудакони аризадиханда, ки ба балогат нарасидаанд;

– маълумоти  сабти асноди холати шахрванди, ки пештар нисбати аризадиханда ва нисбати хар яке аз кудакони у, ки ба балогат нарасидаанд, тартиб дода шудааст;

насаб, ном ё номи падар, ки аз тарафи шахсе, ки хохиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад, интихоб карда шудааст;

–  сабабхои иваз намудани насаб, ном ё номи падар.

Шахсе, ки хохиши иваз намудани насаб, ном ё номи падарро дорад, дар ариза оид ба иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медихад.

Дар як вакт бо додани чунин ариза бояд хуччатхои зерин пешниход карда шаванд:

– шаходатномаи таваллуди шахсе, ки хохиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад;

– шаходатномаи акди никох, агар аризадиханда дар акди никох карор дошта бошад;

– шаходатномаи бекор кардани акди никох, агар аризадиханда бо сабаби бекор шудани акди никох  гирифтани насаби пешазникохиашро талаб намояд;

–  шаходатномаи таваллуди хар яке аз кудакони ноболиги аризадиханда; (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

– шаходатнома дар бораи фарзандхонди, ё шаходатнома дар бораи мукаррар намудани падари, дар сурате  ки агар аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди бакайдгирии давлатии фарзандхонди ё мукаррар намудани падари  гузаронида шуда бошад.

 

Моддаи 69. Тартиби бакайдгирии давлатии иваз намудани ном, номи падар, насаб

 

  1. Бакайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар дар асоси ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар гузаронида мешавад.
  2. Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар бояд аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди дар муддати на дертар аз се мох аз рузи додани ариза барраси карда шавад.

Бо сабабхои узрнок (нагирифтани нусхаи  сабти асноди холати шахрванди, ки ба он бояд тагйирот ворид карда шавад ва гайра) мухлати барраси намудани ариза  оид ба иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар метавонад аз тарафи рохбари макомоти сабти асноди холати шахрвандии вилояти, дар шахрхо ва нохияхои тобеи чумхур бошад, аз тарафи рохбари макомоти сабти асноди холати шахрвандии чумхурияви ба мухлати шаш мох  дароз карда мешавад.

  1. Дар вакти кабул намудани ариза  оид ба иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар макомоти сабти асноди холати шахрванди  нусхаи сабти асноди холати шахрвандиро, ки бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар   ба он бояд тагйирот  ворид карда шавад, аз макомоти сабти асноди холати шахрвандии чои нигохдории он талаб менамояд.
  2. Агар сабти асноди холати шахрванди, ки ба он бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар бояд тагйирот дохил карда шавад, гум шуда бошад, бакайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар танхо баъди аз нав баркарор намудани сабтхо бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди гузаронида мешавад.

Агар дар хуччатхо ва нусхахои  сабти асноди холати шахрвандие,  ки якчоя бо ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи  падар пешниход   шудаанд, маълумоти онхо ба хам мувофикат накунанд, чунин номувофикатихо бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур  барои дохил намудани ислох ва тагйирот дар сабти асноди холати шахрванди бартараф карда мешаванд.

Дар сурати  зарур будани баркаррор намудан ва ё  тагйир додани  сабти асноди холати шахрванди мухлати дар кисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда то хал шудани масъала  дар бораи баркарор кардан ва ё тагйир додани  сабти асноди холати шахрванди боздошта мешавад.

Макомоти сабти асноди холати шахрванди парвандаи омодашударо оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар барои санчиши шахсият ба шуъбаи корхои дохилии чойи истикомати шахрванд мефиристад. Пас аз гирифтани чавоби хаттии натичаи санчиш макомоти сабти асноди холати шахрванди оид ба рад намудан ва ё конеъ гардонидани парвандаи омодашуда оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар хулоса омода намуда, аз натичаи он аризадихандаро ба таври хатти огох менамояд.

Агар дар чавоби хаттии шуъбаи корхои дохили кайд шуда бошад, ки аризадиханда хангоми додани ариза тахти тафтишоти пешаки ва баррасии суди карор дорад ва ё доги судиаш бардошта нашудааст, макомоти сабти асноди холати шахрванди хохиши аризадихандаро оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар рад менамояд. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

  1. Агар ба шахсе, ки хохиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад, ба кайди давлати гирифта шудани он рад карда шуда бошад, рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди ухдадор аст, ки сабаби рад карданашро дар шакли хатти  пешниход намояд. Хуччатхое, ки  дар як вакт бо ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар   пешниход шуда буданд, бояд баргардонида шаванд.

Барои рад кардан оид ба  иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар шахрванд метавонад ба макомоти дахлдори сабти асноди холати шахрвандии вилояти ё чумхурияви ва ё суд дар муддати се мох аз рузи гирифтани хабарнома дар бораи рад кардан шикоят оварад.

  1. Макомоти сабти асноди холати шахрванди ухдадор аст, ки дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар дар муддати 7 рузи бакайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар ба макомоти корхои дохили ва комиссариати харбии чойи истикомати аризадиханда хабар дихад ва хабарномаро барои даровардани ислоххо ба нусхаи дуюми сабти асноди таваллуд ба бойгонии вилояти ва чумхуриявии сабти асноди холати шахрванди фиристад.

 

Моддаи 691 . Хулосаи макомоти сабти  асноди холати шахрванди дар бораи иваз намудани

                        ном, номи падар ва насаб

 

1.Дар асоси хуччатхои пешниходшуда ва натичаи санчиш макомоти сабти асноди холати шахрвандии махалли истикомати аризадиханда хулосаро дар шакли тасдикшуда дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб ё рад намудан (иваз намудан)-и он дар ду нусха тартиб медиханд.

  1. Карор дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб дар асоси хулосаи макомоти сабти асноди холати шахрвандии махалли истикомат аз чониби макомоти болоии сабти асноди холати шахрванди (вилояти, чумхурияви) кабул карда мешавад. (КЧТ аз 31.12.08 с., №483)

 

Моддаи 70. Мухтавои сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар

 

Ба  сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар   маълумоти зерин дохил карда мешавад:

– ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллат, чои истикомати шахс то иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар;

– ном, номи падар, насаби шахс баъд аз иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар;

– сана ва раками сабти аснод дар бораи таваллуд ва  номи макомоти сабти асноди холати шахрванди, ки аз тарафи он бакайдгирии давлатии таваллуди кудак  гузаронида шудааст;

– силсила ва раками шаходатномаи додашуда дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар.

 

Моддаи 71. Шаходатнома дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар

 

Шаходатнома дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар дорои  маълумоти зерин  мебошад:

– ном, номи падар, насаб  (то ва баъд аз иваз намудани онхо), сана ва чойи таваллуд, шахрванди, миллати шахсе, ки   насаб, ном ва (ё) номи падарро иваз кардааст;

– санаи тартиб додан ва раками сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар;

– чойи бакайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар (номи макомоти сабти асноди холати шахрвандие, ки  аз тарафи он бакайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё)  номи падар гузаронида шудааст);

– санаи дода шудани шаходатномаи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи  падар;

силсила ва раками шаходатнома. (КЧТ аз 26.03.09 с., № 496)

 

Моддаи 72. Тагйир додани  сабти асноди холати шахрванди бо сабаби иваз намудани насаб,

                       ном ва (ё) номи  падар

 

  1. Дар асоси сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар ба сабти асноди холати шахрвандие, ки пештар нисбати шахсе, ки насаб, ном ва (ё) номи падарро иваз намудааст, тартиб дода шуда буд, тагйирот дохил карда шуда, шаходатномаи нав дар бораи бакайдгирии давлатии сабти асноди холати шахрванди бо назардошти тагйироти ба сабти асноди холати шахрванди дохилшуда дода мешавад.
  2. Хангоми иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар аз тарафи падару модар маълумот дар бораи падару модар дар сабти асноди таваллуди кудаки ба балогатнарасида тагйир дода мешавад.

Дар  сабти асноди таваллуди кудаки ба балогатрасида маълумот дар бораи падару модари  у бо аризаи худи у (шахси ба балогатрасида) бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур  барои ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди тагйир дода мешавад.

  1. Хангоми иваз намудани насаб аз тарафи падару модар ва номи падар дар  сабти асноди таваллуди кудаки ба синни  шонздахнарасида насаб ва номи падари кудак иваз карда мешавад.

Хангоми иваз намудани насаби яке аз падару модар, насаби кудаки онхо,  ки ба синни  шонздах нарасидааст, метавонад бо розигии падар ва модар, вале дар сурати набудани чунин розиги, бо нишондоди макомоти васоят ва парастори  иваз карда  шавад.

Иваз намудани номи падар ва насаби кудаки ба балогатрасида бо сабаби иваз  намудани насаби падару модари  у ва номи падар бо тартиби мукарраркардаи Конуни мазкур барои бакайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар  ба чо оварда мешавад.

  1. Дар асоси тагйироти воридкардашуда ба сабти асноди таваллуди кудаки ба балогатнарасида шаходатномаи нав дар бораи таваллуд дода мешавад.

 

БОБИ 9

ВОРИД НАМУДАНИ ИСЛОХ, ТАГЙИРОТ ВА ИЛОВАХО БА САБТИ

АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ

 

Моддаи 73. Асосхо барои ворид намудани ислох,  тагйирот, иловахо ва кайдхо ба сабти асноди

                      холати шахрванди

(КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

  1. Ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди дар сурати мавчуд будани асосхои дар кисми 2 моддаи мазкур нишондода ва хангоми набудани бахс байни шахсони манфиатдор ба чо оварда мешавад.

Хангоми мавчуд будани бахс байни шахсони манфиатдор ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди дар асоси халномаи суд ворид карда мешаванд.

  1. Асосхои ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди чунинанд:

– сабти аснод дар бораи фарзандхонди;

– сабти аснод дар бораи мукаррар намудани падари;

– сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар;

–  халномаи суд;

– карори макомоти васоят ва парастори дар бораи иваз намудани насаб  ва (ё) номи  кудак;

– аризаи модаре, ки бо падари кудак дар як никох карор надорад,  оид ба  сабти асноди таваллуд дохил намудани маълумот дар бораи падари кудак ё оид ба тагйир ва хорич намудани онхо;

– аризаи шахси ба балогатрасида оиди дар сабти асноди таваллуди хамин шахс (шахси ба балогатрасида) тагйир додани маълумот дар бораи падару модар (яке аз онхо) дар сурати тагйир додани насаб, ном ва (ё) номи падари  падару модар;

–  хуччати шакли мукарраршуда дар бораи мукаррар намудани шахсияти фавтида, ки аз тарафи макомоти тахкик ё тафтиш дода шудааст ва марги он хамчун марги шахси номаълум ба кайд гирифта шудааст;

–  хулоса, хабарномаи макомоти сабти асноди холати шахрванди дар бораи дохил намудани тагйирот ё иловахо ба сабти асноди холати шахрванди дар холатхои пешбининамудаи хамин  модда.

  1. Дар сурати пешниход шудани ариза дар бораи ворид намудани ислох, тагйирот, иловахо ва кайдхо ба сабти асноди холати шахрвандии ду ва зиёда кудаки ноболиг аз як оила аз чониби макомоти сабти асноди холати шахрванди барои хамаи онхо як хулосаи умуми тартиб дода мешавад. (КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

Моддаи 74. Хулосаи макомоти сабти асноди холати шахрванди дар бораи ворид намудани

                       ислох, тагйирот ё иловахо ба сабти асноди холати шахрванди

 

Хулоса дар бораи ворид намудани ислох, тагйирот ё иловахо ба сабти асноди холати шахрванди аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди тартиб дода мешавад, агар:

– дар сабти асноди холати шахрванди маълумоти нодуруст ё нопурра кайд шуда ва инчунин ба хатохои имлои рох дода шуда бошад;

– пешниходи хуччати шакли мукарраршуда дар бораи иваз намудани чинс, ки аз тарафи муассисаи тибби дода шудааст.

 

Моддаи 75. Ариза дар бораи ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди

                        холати шахрванди

 

  1. Ариза дар бораи ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди аз тарафи шахси манфиатдор ба макомоти сабти асноди холати шахрвандии махалли истикомати у дода мешавад. Агар  сабти аснод, ки ба он бояд ислох, тагйирот ва иловахо дохил карда шаванд, дар дигар шуъбаи сабти асноди холати шахрванди мавчуд бошад, ба ин шуъбаи сабти асноди холати шахрванди дар бораи дохил намудани тагйирот ё ислоххо хабарнома ва инчунин дигар хуччатхои  зарури  равон карда мешавад.

Дохил намудани ислох, тагйирот  ва иловахо ба сабти асноди холати шахрвандии шахси вафоткарда, ки пештар нисбат ба он тартиб дода шуда буд, бо аризаи хешу табори шахси вафоткарда ва ё дигар шахси манфиатдор дохил карда мешавад.

  1. Дар аризаи дар бораи ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

–  ном, номи падар, насаб,  сана ва чойи таваллуд,  махалли истикомати аризадиханда;

–  маълумоти сабти асноди холати шахрванди, ки аризадиханда мехохад ба он ислох, тагйирот ё иловахо дохил намояд.

Аризадиханда дар ариза дар бораи ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро кайд менамояд.

Дар як вакт бо пешниходи чунин ариза бояд шаходатнома дар бораи бакайдгирии асноди холати шахрванди, ки он бо сабаби ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди бояд иваз карда шавад ва хуччатхои тасдиккунандаи чой доштани асосхо барои ворид намудани ислох тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди пешниход карда шаванд. Инчунин аз тарафи аризадиханда бояд хуччати тасдиккунандаи шахсияташ пешниход карда шавад.

 

Моддаи 76. Тартиби барраси намудани ариза дар бораи дохил намудани ислох, тагйирот ва

                        иловахо  ба сабти асноди холати шахрванди

 

  1. Ариза дар бораи дохил намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди бояд аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди дар мухлати як мох аз рузи ворид шудани ариза барраси карда шавад.

Дар сурати мавчуд будани сабабхои узрнок (нагирифтани нусхаи сабти асноди холати шахрванди, ки ба он бояд ислох,  тагйирот ва иловахо дохил карда шаванд ва гайра) мухлати барраси намудани аризаро рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди метавонад ба мухлати на бештар аз ду мох дароз намояд.

  1. Хангоми кабул намудани ариза дар бораи дохил намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди макомоти сабти асноди холати шахрванди нусхаи сабти асноди холати  шахрвандиро, ки ба он бояд ислох,  тагйирот ва иловахо дохил карда шаванд ва инчунин нусхаи дигар хуччатхои  сабти асноди тасдиккунандаи чой доштани асосхоро барои ворид намудани ислох, тагйирот ва иловахо талаб менамояд.
  2. Дар сурати мавчуд будани ариза дар бораи дохил намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди, ки дар кисми 2 моддаи 75 Конуни мазкур нишон дода шудаанд, дар асоси хуччатхо ва нусхахои сабти асноди холати шахрвандии талабкардашуда ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди дохил карда мешаванд ва ё дохил намудани ин ислох, тагйирот ва иловахо ба аризадиханда рад карда мешавад.

Дохил намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди ва ё рад кардани  дохил намудани ин ислох,  тагйирот ва иловахо дар асоси хулосаи макомоти сабти асноди холати шахрванди,  дар холатхои пешбининамудаи моддаи 74 Конуни мазкур ба чо оварда мешаванд.

  1. Агар ба шахс барои дохил намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди рад карда шуда бошад, рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди ухдадор мешавад, ки сабаби рад карданро дар шакли хатти  пешниход намояд. Хуччатхое, ки якчоя бо ариза дар бораи  дохил намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди пешниход шуда буданд, баргардонида мешаванд.
  2. Барои аз тарафи рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди рад кардани дохил намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди аризадиханда метавонад ба макомоти болоии сабти асноди холати шахрванди ё суд мурочиат намояд.

 

Моддаи 77. Тартиби дохил намудани ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати

                       шахрванди

 

  1. Ислох, тагйирот ва иловахо ба сабти асноди холати шахрванди аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи нигахдории сабти аснод, ки ба он бояд ислох, тагйирот ва иловахо дохил карда шавад, ба чо оварда мешаванд.
  2. Дар асоси ислох, тагйирот ва иловахо сабти асноди холати шахрванди ба аризадиханда шаходатномаи нав дар бораи кайди давлатии асноди холати шахрванди дода мешавад.

Рохбари макомоти сабти асноди холати шахрванди вазифадор аст  дар муддати се руз аз рузи дохил намудани ислох,  тагйирот ва иловахо  ба сабти асноди холати шахрванди ба бойгонии макомоти сабти асноди холати шахрвандии вилояти ё чумхурияви ва дар як вакт ба макомоти корхои дохили ва комиссариати харбии махалли истикомати аризадиханда хабар дихад.

 

БОБИ 10

БАРКАРОР  Ё БЕКОР НАМУДАНИ САБТИ АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ

 

Моддаи 78. Асосхо барои баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди

 

  1. Баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди, ки дар он сабти асноди холати шахрвандии гумшуда тартиб дода шуда буд, дар асоси хуччатхое, ки пештар мавчуд будани чунин сабтхоро тасдик мекунанд (шаходатнома дар бораи сабти асноди холати шахрванди ё нусхахои шаходатномаи дар бораи сабти асноди холати шахрванди) ё дар асоси халномаи суд, ки ба кувваи конуни даромадааст, гузаронида мешавад.
  2. Дар асоси сабти асноди холати шахрвандии баркароршуда шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди бо ишора намудан дар бораи баркарор шудани сабти асноди холати шахрванди дода мешавад.

 

Моддаи 79. Ариза дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди

 

  1. Ариза дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди дар шакли тасдикшуда ба макомоти сабти асноди холати шахрвандии нохияи (шахри) махалли истикомати аризадиханда дода мешавад. Ариза дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрвандии шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар хорича доими сукунат доранд, ба  муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича дода мешаванд. Баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрвандие, ки хамин сабт пештар вучуд дошт, бо талаби муассисахои консулии Чумхурии Точикистон дар хорича ба чо оварда мешавад.
  2. Ариза дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди аз тарафи шахсоне дода мешавад, ки нисбат ба онхо хамин кайд пештар тартиб дода шуда буд.

Сабти кудаконе, ки ба синни хаждах нарасидаанд, дар асоси аризаи падару модари онхо, ба фарзанди кабулкунандагон (кабулкунанда), васи (парастор), инчунин дигар шахсон ва муассисахо, ки ноболиг дар тарбияи онхо карор дорад, аз нав баркарор карда мешавад. Хангоми зарурат дар холатхои алохида ноболигони ба синни шонздах расида  метавонанд бо чунин ариза ба макомоти сабти асноди холати шахрванди мурочиат намоянд.

Сабти асноди холати шахрванди нисбат ба шахсоне, ки бо тартиби мукарраркардаи Конун гайри кобили амал эътироф шудаанд, дар асоси аризаи васии онхо баркарор карда мешавад.

Дар баробари ариза дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди (ё хуччати гумшуда) хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:

-хуччати тасдиккунандаи шахсияти падару модар;

-шаходатномаи акди никохи падару модар;

-маълумотнома аз чойи истикомат;

-маълумотномаи бойгони оид ба набудани сабти асноди холати шахрванди.

(КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

  1. Нисбат ба шахсони вафоткарда сабти дахлдор дар асоси халномаи суд дар бораи мукаррар намудани факти марг аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрвандии махалли истикомати аризадиханда ба кайд гирифта мешавад.

 

Моддаи 80. Хулосаи макомоти сабти асноди холати шахрванди дар бораи баркарор намудани

                       сабти асноди холати шахрванди

  1. Дар асоси хуччатхои пешниходшуда ва натичаи санчиш макомоти сабти асноди холати шахрвандии махалли истикомати аризадиханда хулосаро дар шакли тасдикшуда дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди ва ё рад намудани баркарор кардани он дар ду нусха тартиб медихад.

Дар сурати рад кардани баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди дар хулосаи макомоти сабти асноди холати шахрванди   сабаби рад кардан бояд кайд карда шавад.

  1. Хулосаи макомоти сабти асноди холати шахрвандии шахр (нохия) дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди ва ё рад намудани баркароркунии он бояд дар Раёсати асноди холати шахрвандии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, шуъбахои асноди холати шахрвандии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе тасдик карда шавад. (КЧТ аз 28.06.11 с., №733)
  2. Хулосаи макомоти сабти асноди холати шахрвандии шахр (нохия)дар бораи баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди, ки аз тарафи Раёсати асноди холати шахрвандии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, шуъбахои асноди холати шахрвандии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе тасдик карда шудааст, бояд хатман дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чое, ки кайди гумшуда дар он чо буд, ичро карда шавад. (КЧТ аз 28.06.11 с., №733)

 

Моддаи 81. Баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди дар асоси халномаи суд

 

Хангоми рад кардани баркарор намудани сабти асноди холати шахрвандии гумшуда бо сабаби набудани имконияти баркарор намудани он аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрванди баркарор намудани сабти асноди холати шахрванди бе тартиб додани хулоса дар асоси халномаи суд, ки ба кувваи конуни даромадааст, ба чо оварда мешавад.

 

Моддаи 82. Бекор кардани сабти асноди холати шахрванди

 

Бекор кардани сабти асноди холати шахрвандии аввала ва ё баркароршуда аз тарафи макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи нигохдории сабти асноди холати шахрванд, ки бояд бекор карда шавад, дар асоси халномаи суд, ки ба кувваи конуни даромадааст, ба чо оварда мешавад.

 

БОБИ 11.

БОЙГОНИИ МАКОМОТИ САБТИ АСНОДИ ХОЛАТИ ШАХРВАНДИ

 

Моддаи 83. Ташаккулёбии фонди бойгонии макомоти сабти асноди холати шахрванди

 

  1. Фонди бойгонии макомоти сабти асноди холати шахрванди аз хисоби китобхои бакайдгирии давлатии сабти асноди холати шахрванди, китобхои метрики, ки то ташкил намудан ё аз нав баркарор кардани макомоти сабти асноди холати шахрванди тартиб дода шудаанд, инчунин дигар асноди вобаста ба тагйироти ба санадхои сабти асноди холати шахрванди воридгардида ташаккул меёбад.
  2. Китобхои бакайдгирии давлатии сабти асноди холати шахрванди, ки дар он нусхахои якуми сабти асноди холати шахрванди чамъ оварда,  духта, ракамгузори карда ва мухр гузошта шудаанд, дар макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи бакайдгирии онхо нигох дошта мешаванд.
  3. Китобхои бакайдгирии давлатии сабти асноди холати шахрванди, ки дар он нусхахои  дуюми сабти асноди холати шахрванди чамъ оварда, духта, ракамгузори карда ва мухр гузошта шудаанд, инчунин китобхои метрики, ки то ташкил намудан ё  баркарор кардани макомоти сабти асноди холати шахрванди тартиб дода шудаанд, дар бойгонихои макомоти сабти асноди холати шахрвандии чумхурияви ва вилояти нигох дошта мешаванд.
  4. Нусхахои якум ва дуюми сабти асноди холати шахрванди, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон аз тарафи намояндагихои дипломати ва консулии Чумхурии Точикистон тартиб дода шудаанд,  баъд аз ба охир расидани сол якчоя бо хуччатхое, ки барои бакайдгирии давлатии маълумоти аснод асос шуда буданд, барои нигахдори ба  бойгонии чумхуриявии сабти асноди холати шахрванди супорида мешаванд.
  5. Нусхахои дуюми сабти асноди холати шахрванди бо раками тартиби ва намудхои сабти аснод аз макомоти сабти асноди холати шахрвандии чойи бакайдгирии онхо ба Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон фиристонида мешаванд. Хуччатхои аз макомоти сабти асноди холати шахрвандии шахру нохияхо ба Агентии мазкур воридшуда пас аз тахлил дар муддати на дертар аз шаш мох ба бойгонии чумхурияви ва бойгонихои вилояти баргардонида мешаванд.
  6. Тартиби хисоботдихи, ворид намудани ислох, тагйирот, иловахо ва кайдхоро ба асноди холати шахрванди, нигохдории бойгони, тартиби мурочиат ва додани хуччатхоро макоми ваколатдор оид ба назорат ва хамохангсозии фаъолияти макомоти сабти асноди холати шахрванди муайян мекунад.

 

Моддаи 84. Мухлати нигохдории санадхои сабти асноди холати шахрванди

 

  1. Нусхахои якуми сабти асноди холати шахрванди дар бойгонихои макомоти сабти асноди холати шахрванди ба мухлати  75 сол аз рузи тартиб додани онхо нигох дошта мешаванд.
  2. Дар навбати худ бойгонихои нохияви, шахри, вилояти ва чумхуриявии макомоти сабти асноди холати шахрванди хар ду нусхаи сабти аснодро бо хам мукоиса намуда, ислох, тагйирот, иловахо ва кайдхои заруриро ворид менамоянд, сабти асноди корношоямшударо иваз мекунанд ва бо тартиби мукарраргардида ба расмият дароварда, онхоро ба Саридораи бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон барои нигохдории доими месупоранд.

(КЧТ аз 18.03.15 с., №1198)

 

БОБИ 12

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 85. Коидахои  интиколи

 

Конунхо ва санадхои дигари меъёрии хукукие, ки тартиби додани асноди холати шахрвандиро танзим менамоянд, дар кисмате, ки ба Конуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.

Асноди холати шахрвандие, ки пеш аз интишори расмии Конуни мазкур дода шудаанд, эътибор доранд.

 Моддаи 86. Чавобгари барои вайрон намудани талаботи Конуни мазкур

Кормандони макомоти сабти асноди холати шахрванди, ки бо гунохи онхо хангоми бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди хукукхои шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва ё шахсони бешахрванд вайрон карда шудааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 87. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 29 апрели соли 2006

№ 188

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …