Главная / Гуногун / Яздигурди III (3 – се)

Яздигурди III (3 – се)

Яздигурди III шаханшохи империяи бузурги сосониён буд. У охирин шохи форсхои кадим ба шумор мерафт, ки хамаги чанд мох хукмрони кардааст. Яздигурди III баробари ба сари кудрат омадани худ хамоно ба чамъ намудани авестошиносон шугл варзид, вале ба мурод нарасид. Империяи бузурги Сосон, ки нисф зиёди дунёи онрузаро ба тасарруфи худ дароварда буд ва аз соли 224 то соли 633 – милоди – яъне то ба сари кудрат омадани дини Ислом хукмрони мекард, аз байн рафт.

Яздигурди III охирин подшохи сулолаи Сосониён буд. Авлоди у аз шахри Шерози Форсхои кадим, гузаштагони точикони муосир буд, ки онхоро то пайдо шудани дини Ислом бо ифтихор “Форс” мегуфтанд.

Савол: Сипас такдири ин китобхои Яздигурди III чи шуд?

Чавоб: Акнун ин китобхо ба сони донахои марворид пош хурда аз шахри Марв ба тамоми Мовароуннахру Хуросон пахн шуданд. Агар то кунун ин китобхо дар сандукхо нигах дошта мешуданд, акнун ба дасти олимону мутафаккирон афтода, дари илму фархангро ба руи мардум боз намуданд.

Ин амали Яздигурди III инчунин чашми арабхоро боз намуд. Ахли илми араб аз вокеъаи рух дода, яъне ба чойи боигари ба Осиёи Миёна кашондани китобхо хулосаи чидди бароварданд. Ин хулоса чунин буд: “Сабаби аз хазораи 5 – яъне аз замони давлатдории Эълам то фанои сосониён, яъне то ба вучуд омадани дини Ислом, хукмрони кардани форсхо махз ба илм вобаста будаанд. Ба Рим, Юнон, Константинопол ва дигар мамолики мутамаддин бо пули зиёд мутахассисонро фиристода аз он мамлакатхо китобхои бисёре харид мекарданд, ки хатто бисёрашон хилофи акоиди дини мубини Ислом буданд.

Бори нахуст ба воситаи як рухонии насрони чанд китоби Юнониро доир ба илми санъат ва нучум ба даст оварда, ба араби тарчума карданд, сипас аз Рим китоби Уклидус ва “Мачасти”-ро оварда тарчума кардаанд. Мувофики маълумоти “Одоб-ул-луга” “Китобхое, ки дар он замон ба араби тарчума шуда, аз садхо чилд зиёд мебошанд ва минчумла аз китоби Афлотун 8 чилд, аз Арасту 19 чилд, аз Букрот 10 чилд, аз Чолинус 38 чилд ва аз асори Уклидус, Аршамидус, Аблуниюс, Монолоус, Батламиюс, Абрахас, Динофантас чандин чилд ва хамчу-нин аз форси 20 чилд ва аз хинди 20 чилд ва аз лотинию ибриву сурёни ва набати чандин чилд” тарчума карда буданд.

Аз руи навишти китоби “Уюн-ул-анбо” “Дар чамъоварии китоб аз билоди мухталифи олам эхтимом варзида ва дар он рох сармоягузори мекарданд. Ва хамчунин дар рохи тарчумаи онхо ба забони араби хакки калами зиёд ба мутарчимон медоданд, ки аз он чумла яке Мухаммад ибни Абулмалик ас Заёт аст, ки мохе 12 хазор динори тилло ба мутарчимон медод, то китобхоеро ба номи у тарчума кунанд”.

Савол: Аз гуфти Шумо маълум мешавад, ки ин амали шохи чавон – Яздигурди III сабаби кашфиётхои илмию, зиёд шудани шумораи олимон гардидааст?

Чавоб: На факат ахли илм, балки тамоми тафаккури инсони дар Шарк ба китоб равона карда шуд. Аз руи гуфтаи Адам Метс дар китоби “Эхёи мусулмони” “Онхое ки бо илми табиатшиноси сару кор доштанд “котиб” меномиданд. “Котибхо” дар Осиёи Миёна бо либоси худ аз дигарон фарк мекарданд.

Сарзамини Форс ва махсусан шахрхои Самарканду Бухорову Шероз маркази “котибон” карор гирфта буд. Олимон ба дарачае обруву эътибори баланд доштанд, ки гуиё Шарк барои онхо чаннати руи Замин бошад, – мегуяд Адам Метс. Дар асри 11 чун як нафар уламои худочуй ба шахрхои калони форсхо гуштугузор мекард дар хама чо одамон бо ахли байташон ба куча баромада кифтхои уро зиёрат мекарданд, чанги кашфхояшро дастмол нумуда ба чашмонашон мемолиданд. Хар чизе ки дар хонаашон бехтарин менамуд ба пеши пои у мепартофтанд. Занхо бошанд гулчамбархо карда ба сари рохаш мегузоштанд”.

Кадршиносии олимон ва китобдустии одамон ба дараччае баланд шуд, ки дар асри 10-11 дар хамаи масчидхо хох хурд бошад ё бузург китобхонахо бунёд кардаанд. Чунин коида буд, ки одамон ба масчидхо китоб хадя мекарданд. Мегуянд, ки, – менависад Адам Метс, – дар ибтидо дар масчиди чомеи шахри Марв китобхои аз Мадоин овардаи Яздигурди III – ро гузошта буданд. Акнун хокимони мамлакат хам чамъ намудан ва ба вучуд овардани китобхонахоро ба худ ифтихор медонистанд.

Дар охири асри 10 хар як хокими шахрхои азими Арабистон аз кабили Кохира, Багдод ва г. дустдори китоб гардида, барои китобхонахои худ хариди китоб менамуданд.

Ас-Сохибро ба мансаби вазирии дарбори сомониён таклиф карданд, мегуяд дар китоби “Иршод” Ёкут, Ас-Сохиб дар катори дигар сабабхо ба мушкилии кашонидани китобхояш истинод карда гуфт, ки барои ба Бухоро кашонидани китобхояш 400 качоба уштур лозим аст. Факат руихати китобхои у 10 чилдро ташкил медоданд. Дар замони Махмуди Газнавии турк ин китобхона оташ гирифта, пурра ба хокистар табдил ёфт. Вале Махмуди Газнави ба он парвое надошт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …