Главная / Гуногун / Яздигурди III (3 – се)

Яздигурди III (3 – се)

Яздигурди III шаҳаншоҳи империяи бузурги сосониён буд. Ў охирин шоҳи форсҳои қадим ба шумор мерафт, ки ҳамагӣ чанд моҳ ҳукмронӣ кардааст. Яздигурди III баробари ба сари қудрат омадани худ ҳамоно ба ҷамъ намудани авестошиносон шуғл варзид, вале ба мурод нарасид. Империяи бузурги Сосон, ки нисф зиёди дунёи онрўзаро ба тасарруфи худ дароварда буд ва аз соли 224 то соли 633 – милодӣ – яъне то ба сари қудрат омадани дини Ислом ҳукмронӣ мекард, аз байн рафт.

Яздигурди III охирин подшоҳи сулолаи Сосониён буд. Авлоди ў аз шаҳри Шерози Форсҳои қадим, гузаштагони тоҷикони муосир буд, ки онҳоро то пайдо шудани дини Ислом бо ифтихор “Форс” мегуфтанд.

Савол: Сипас тақдири ин китобҳои Яздигурди III чӣ шуд?

Ҷавоб: Акнун ин китобҳо ба сони донаҳои марворид пош хўрда аз шаҳри Марв ба тамоми Мовароуннаҳру Хуросон паҳн шуданд. Агар то кунун ин китобҳо дар сандуқҳо нигаҳ дошта мешуданд, акнун ба дасти олимону мутафаккирон афтода, дари илму фарҳангро ба рўи мардум боз намуданд.

Ин амали Яздигурди III инчунин чашми арабҳоро боз намуд. Аҳли илми араб аз воқеъаи руҳ дода, яъне ба ҷойи боигарӣ ба Осиёи Миёна кашондани китобҳо хулосаи ҷиддӣ бароварданд. Ин хулоса чунин буд: “Сабаби аз ҳазораи 5 – яъне аз замони давлатдории Эълам то фанои сосониён, яъне то ба вуҷуд омадани дини Ислом, хукмронӣ кардани форсҳо маҳз ба илм вобаста будаанд. Ба Рим, Юнон, Константинопол ва дигар мамолики мутамаддин бо пули зиёд мутахассисонро фиристода аз он мамлакатҳо китобҳои бисёре харид мекарданд, ки ҳатто бисёрашон хилофи ақоиди дини мубини Ислом буданд.

Бори нахуст ба воситаи як рўҳонии насронӣ чанд китоби Юнониро доир ба илми санъат ва нуҷум ба даст оварда, ба арабӣ тарҷума карданд, сипас аз Рим китоби Уқлидус ва “Маҷастӣ”-ро оварда тарҷума кардаанд. Мувофиқи маълумоти “Одоб-ул-луға” “Китобҳое, ки дар он замон ба арабӣ тарҷума шуда, аз садҳо ҷилд зиёд мебошанд ва минҷумла аз китоби Афлотун 8 ҷилд, аз Арасту 19 ҷилд, аз Букрот 10 ҷилд, аз Ҷолинус 38 ҷилд ва аз асори Уқлидус, Аршамидус, Аблуниюс, Монолоус, Батламиюс, Абрахас, Динофантас чандин ҷилд ва ҳамчу-нин аз форсӣ 20 ҷилд ва аз ҳиндӣ 20 ҷилд ва аз лотинию ибриву сурёнӣ ва набатӣ чандин ҷилд” тарҷума карда буданд.

Аз рўи навишти китоби “Уюн-ул-анбо” “Дар ҷамъоварии китоб аз билоди мухталифи олам эҳтимом варзида ва дар он роҳ сармоягузорӣ мекарданд. Ва ҳамчунин дар роҳи тарҷумаи онҳо ба забони арабӣ ҳаққи қалами зиёд ба мутарҷимон медоданд, ки аз он ҷумла яке Муҳаммад ибни Абулмалик ас Заёт аст, ки моҳе 12 ҳазор динори тилло ба мутарҷимон медод, то китобҳоеро ба номи ў тарҷума кунанд”.

Савол: Аз гуфти Шумо маълум мешавад, ки ин амали шоҳи ҷавон – Яздигурди III сабаби кашфиётҳои илмию, зиёд шудани шумораи олимон гардидааст?

Ҷавоб: На фақат аҳли илм, балки тамоми тафаккури инсонӣ дар Шарқ ба китоб равона карда шуд. Аз рўи гуфтаи Адам Метс дар китоби “Эҳёи мусулмонӣ” “Онҳое ки бо илми табиатшиносӣ сару кор доштанд “котиб” меномиданд. “Котибҳо” дар Осиёи Миёна бо либоси худ аз дигарон фарқ мекарданд.

Сарзамини Форс ва маҳсусан шаҳрҳои Самарқанду Бухорову Шероз маркази “котибон” қарор гирфта буд. Олимон ба дараҷае обрўву эътибори баланд доштанд, ки гўиё Шарқ барои онҳо ҷаннати рўи Замин бошад, – мегўяд Адам Метс. Дар асри 11 чун як нафар уламои худоҷўй ба шаҳрҳои калони форсҳо гуштугузор мекард дар ҳама ҷо одамон бо аҳли байташон ба кўча баромада кифтҳои ўро зиёрат мекарданд, чанги кашфҳояшро дастмол нумуда ба чашмонашон мемолиданд. Ҳар чизе ки дар хонаашон беҳтарин менамуд ба пеши пои ў мепартофтанд. Занҳо бошанд гулчамбарҳо карда ба сари роҳаш мегузоштанд”.

Қадршиносии олимон ва китобдўстии одамон ба дараҷҷае баланд шуд, ки дар асри 10-11 дар ҳамаи масҷидҳо хоҳ хурд бошад ё бузург китобхонаҳо бунёд кардаанд. Чунин қоида буд, ки одамон ба масҷидҳо китоб ҳадя мекарданд. Мегўянд, ки, – менависад Адам Метс, – дар ибтидо дар масҷиди ҷомеи шаҳри Марв китобҳои аз Мадоин овардаи Яздигурди III – ро гузошта буданд. Акнун ҳокимони мамлакат ҳам ҷамъ намудан ва ба вуҷуд овардани китобхонаҳоро ба худ ифтихор медонистанд.

Дар охири асри 10 ҳар як ҳокими шаҳрҳои азими Арабистон аз қабили Қоҳира, Бағдод ва ғ. дўстдори китоб гардида, барои китобхонаҳои худ хариди китоб менамуданд.

Ас-Соҳибро ба мансаби вазирии дарбори сомониён таклиф карданд, мегўяд дар китоби “Иршод” Ёқут, Ас-Соҳиб дар қатори дигар сабабҳо ба мушкилии кашонидани китобҳояш истинод карда гуфт, ки барои ба Бухоро кашонидани китобҳояш 400 каҷоба уштур лозим аст. Фақат рўихати китобҳои ў 10 ҷилдро ташкил медоданд. Дар замони Маҳмуди Ғазнавии турк ин китобхона оташ гирифта, пурра ба хокистар табдил ёфт. Вале Маҳмуди Ғазнавӣ ба он парвое надошт.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …