Главная / Гуногун / Аз байн рафтани империяи Сосониён

Аз байн рафтани империяи Сосониён

Савол: Чи шуд, ки як империяи бузурги чахони яку якбора аз байн рафт?

Чавоб:  Мо посухро на аз ибтидои сосониён, балки аз интихои он огоз мекунем. Дар тули 40 сол пас аз  таваллуди Мухаммад  ва ходисаи фавкуттабии он шаб дар дарбори Ануширвони Одил рух дода, хомуш шудани оташкадаи Зардуштиёни оташпараст, хама фаромуш шуданд. Боз бахри сарвату давлат ба чангу талоши нафси хайвони дода шуда, Худоро фаромуш карданд, Инак ба хакикати таърихи аз китоби «Таърихи таммаддуни Ориён»-и И. Умарзода руй меорем: «Сосониён соли 609 мелоди Эдемаро гирифта, сипас ба Сурия хучум карданд ва то Антиохия омаданд. Соли 613 Димишкро ба тасарруфи худ дароварданд. Сипас ба Фаластин ва мохи июни соли 614 ба Ерусалим дохил шуданд. Императори Рим Ираклий аз галабахои  баркосои форсхо ба тахлука афтода пойтахти худро ба Карфаген кучонидани шуд.

Чи хеле, ки мебинем, харакати фарсхо дар ин давраи таърихи, баркосо буд. Куввае набуд, ки пеши рохи онхоро гирифта тавонад.

  Вале Хусрави Дуи Парвиз подшохи сосониён, ба гапи хамсари аввалааш – Ширин даромада писари калониаш Кавадро, ки бо номи Шеруя (Шероз) машхур буд, хабс намуд ва ба чойи худ писари аз Ширин ба дунё омадаро гузоштани шуд. Аммо ашрофони дарбору насрониёни несториани бо сардории орамеи – Шамта Шеруяро аз хабс озод карда, 29 феврали соли 628 Хусрави Дуи Парвизро ба катл расониданд ва ба чойи у Шеруяро ба тахт шинониданд. Шеруя хамин, ки соли 628 ба сари хокимият омад фаъолияти давлатдории хешро аз куштори бародаронаш огоз намуд ва 18 нафар шохзодаро ба катл расонид. Пас аз кушта тамом кардани бародарон ба назди императори Рим Ираклий одам фиристода тамаллуккорона сулх талаб кард. Аз бахри Сурия баромада зуд лашкарашро аз он чо баровард. Вале пас аз кушта шудани Хусрави Ду оби ду дарёи азим – Дачла ва Фурот дамида, хамаи полезхоро шуста рафтанд ва ин водии аз дасти турониёну халкхои махалли ба бустон табдил дода шударо ба биёбон мубаддал сохт ва аз паси он бемории вабо пайдо шуда нафакат хазорон ахолии сохилхои фарохи ду дарёро ба доми марг кашид, балки пойтахти Форсхо – шахри Мадоинро, ки чи дар замони Пахлави ва чи дар замони Сосони, ба шахри афсонави табдил дода шуда буд, ба гадои гирифтор кард ва худи шох  хам пас аз хукмронии шаш моха аз олам гузашт.

Пас аз Шеруя, вориси у писари 7 солааш Ардашери Серо соли 628 ба тахти подшохи шинониданд. Дар ин вакт сарлашкари Сосониён – Шахрбероз бо императори Рим – Ираклий вохурда, бо кумаки у, ки вайронии давлати Форсро мехост, худро  шох эълон кард ва бо хиёнати як идда хоинони сосони ба Мадоин дохил шуд ва ба горату тачовуз даст зада, Ардашери сеи ноболигро 27 апрели соли 630 ба катл расонид.

  Аъёну ашроф намехостанд, ки ба чуз авлоди Сосониён шахси дигаре ба тахти подшохи нишинад. Бехтар ин аст, ки духтари Хусраву Ширин – Боронро, ки бо лакаби Турондухт маъруф буд, ба тахти подшохи шинониданд. Зеро аз авлоди Сосониён шохзодае намонд, ки уро ба тахти подшохи гузоранд.

Шохдухтар ба тахти подшохи нишасту ба тези бо империяи Рим сулх баст. Худуди давлати Форс хамон тавре, ки дар замони Маврикия буд, нигох дошта шуд ва бо талаби Турондухт Нисибин ба Форс гузашт. Ин галабаи бузург буд. Турондухт то соли 631 подшохи кард. Дар ин давра чанги бародаркуши дар Мадоин авч гирифт ва шохзода Фируз подшох гардид. Сипас хохари Турондухт-Озермидухт (631) ба сари кудрат омад. Дар ин вакт сарбозхои сарлашкари катлшуда, набераи Хусрави Дуи Парвиз – Хурмузи V-ро дар Нисибин подшох эълон карданд. У дар он чо аз соли 631 то соли 632 подшохи кард. Озермидухт супориш дод, ки яке аз меросхурони сарлашкари Хуросонро ба катл расонанд. Писари у сарлашкари номи, тимсоли (прототипи) кахрамони афсонавии «Шохнома» – Рустам Озермидухтро аз тахт дур андохт. Мувофики гуфтаи Кримский, дар Мадоин як кисми ашрофхо Фирокзодаи Хусравро дастгири мекурданд, ки холо кудак буд, кисми дигари аъёну ашрофи Форс дар касри Истахр бачаи дигар, яке аз наберахои Хусрави Ду-писари Шахриёр, Яздигурди Серо ба тахт шинонданд. Сипас дар Мадоин Фаррухзодаи Хусравро ба катл расонида Яздигурди  Серо ба пойтахти Форс, шахри Мадоин (дар шафати Бобулистон) оварданд. Ба тези ба ин чо сарлашкари диловари Хуросони Рустам пайдо шуда, химоятгари шохи чавон гардид. Вале хайхот! Акунун дер шуда буд. Пеши рохи хучуми арабхоро куввае набуд, ки бигирад. Яздигурди Се рохи гурезро пешп намуд ва ба Осиёи Миёна омада, аз соли 632 то соли 651 дар шахри Марв чон ба саломат бурд ва сипас уро ба катл расониданд. Яздигурди Се охирин подшохи сулолаи сосониён буд. Авлоди у аз шахри Шерози форсхои кадим, гузаштагони точикони муосир буд, ки онхоро то пайдо шудани дини Ислом бо ифтихор «форс» мегуфтанд.

  Хулоса, дар як сол, дар як мох, дар як руз ва шояд дар як соат хам бошад, 8-уми июни соли 632 мелоди империяи муктадири Сосониён ва сипас империяи Рим ва Юнони мутамаддун аз сахнаи таърих афтодаанд. Ин соле буд, ки дини мубини Ислом ба сахнаи таърих кадам ниход.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …