Главная / Чамъият / Амнияти озукавори

Амнияти озукавори

КОНУНИ ЧУМХУРИИ точикистон

Дар бораи амнияти озукавори 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2010, №12, к.1, мод. 830;

Конуни ЧТ аз 27.11.2014 с., № 1158 )

Конуни мазкур самтхои асосии сиёсати давлатиро дар сохаи таъмини амнияти озукавори, хамчун кисми таркибии амнияти давлат, тибки принсип ва меъёрхои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур   истифода мешаванд:

ozuqa

амнияти озукавори – вазъи иктисодии давлат мебошад, ки аз хисоби истехсолоти дохили бехатарии озукавории кишвар таъмин гардида, дастёбии вокеи, ки барои хаёти солиму фаъол ва рушди демографии хамаи ахоли зарур аст, кафолат дода мешавад;

таъмини амнияти озукавори – тахия ва амали намудани чорабинихои иктисоди, ташкили ва чорабинихои дигаре, ки асосан аз хисоби истехсолоти дохили бо озукаи асоси дар сатхи меъёрхои муносиби илман асоснок барои конеъ намудани талаботи ахоли ва пешгирии бухронхои озукавори равона шудаанд;

озукаи асоси – озукае, ки асоси вояи гизоро ташкил дода, барои нигахдории саломатии инсон, таъмини фаъолияти хаётии у заруранд;

меъёрхои муносиби истеъмоли озука – меъёрхои илман асосноки истеъмоли моддахои гизои ва неру, ки талаботи хамаи шахсони солимро бо гизо ва неруи зарури конеъ менамоянд;

бухрони озукавори – вазъияте, ки таъмини ахоли бо озукаи асоси тибки меъёрхои муносиби истеъмоли озука дар каламрав ё кисми зиёди каламрави давлат тахти хатар карор дошта, хатари мазкур танхо бо истифодаи чорахои танзими давлати, дар мавриди зарурат бошад, бо иштироки ташкилотхои байналмилали бартараф карда мешавад;

истиклолияти озукавори – шароити таъмини амнияти озукавории давлат, ки дар сурати катъ гардидани интиколи озука аз беруни давлат бухрони озукавори ба амал намеояд;

сатхи зарурии истехсоли озука – сатхи истехсоли озука ва ашёи хоми асосии хуроквори аз чониби истехсолкунандагони ватани, ки дар асоси талаботи миёнаи сарикасии ахоли ба озукаи асоси, бо назардошти таксимоти ахоли аз руи синну сол, чинс, шароити мехнат, иклим, инчунин дигар хусусиятхои вояи гизо ва хачми хисобкардашудаи содироти амнияти озукавории давлатро кафолат медихад;

дастёбии вокеии озука – интиколи мунтазами озука ба чойхои истеъмоли он дар хачме, ки барои конеъ гардонидани талаботи ахоли кифоя мебошад;

дастёбии иктисодии озука – имконияти аз чониби ахоли тибки меъёрхои муносиби истеъмоли озука харидори намудани озука дар шароити мавчудаи тарики истеъмол, системаи нарх, сатхи даромад, кумакпулихои ичтимои ва имтиёзхои чойдошта;

захираи махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озукаи дар гардиш карордошта – хачми махсуси махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озукаи хочагихои кишоварзи, инчунин ташкилотхои савдои яклухт, ки аз хисоби маблаги дохили ё карзи дастрас шуда, дар якчояги бо макоми ваколатдори хокимияти давлати дар сохаи таъмини амнияти озукавори бо максади муътадилгардонии бозори озука истифода мешаванд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи амнияти озукавори

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи амнияти озукавори ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукуки, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Таъмини амният ва истиклолияти озукавори

  1. Амният ва истиклолияти озукавори тавассути мачмуи чорабинихои макомоти хокимияти давлати, ки барои асосан аз хисоби махсулоти дохили мухайё намудани кафолати дастёбии ахоли ба озука бо андозаи меъёрхои муносиби истеъмоли озука равона шудаанд, таъмин мегарданд.
  2. Самтхои   асосии   таъмини   амният   ва   истиклолияти озукавории кишвар инхоянд:

– мукаррар намудани номгуи озукаи асоси;

– таъмини дастёбии вокеи ва иктисодии озукаи асоси;

–  таъмини истехсоли ашёи хоми кишоварзи ва озукаи тайёре, ки ба талаботи регламентхои техники, стандартхо ва меъёрхо чавобгу мебошад;

– таъмини бехатарии воридот тибки талаботи регламентхои техники, стандартхо ва меъёрхо;

–  чоннок намудани фаъолияти иктисодии хоричи, аз чумла мувофик намудани содирот ва воридот;

– татбики сиёсати самарабахши аграри;

– ташкили хариди фаври, интикол ва таксими озукаи асоси барои ахоли хангоми ба вучуд омадани бухрони озукавори ё хатари ба вучуд омадани он;

– мониторинги вазъи бозори озука ва ашёи хоми кишоварзи;

–  рушди технологияхои иттилооти-коммуникатсионии савдои озука ва ашёи хоми кишоварзи.

  1. Хангоми ба вучуд омадани бухрони озукавори ё хатари он макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати метавонанд ба мухлати муайян аз руи меъёр таксим кардани озукаро мукаррар намоянд. 

Моддаи 4. Принсипхои асосии таъмини амнияти озукавори

Принсипхои асосии таъмини амнияти озукавори инхоанд:

– таъмини дастёбии баробари бозори озукавори ба ташкилоту корхонахо новобаста ба шакли ташкилию хукуки;

– рох надодан ба пастравии сатхи кунунии таъмини амнияти озукавори дар сатхи давлати;

– истехсолкунандагони ватании махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озукаро дар асоси ракобат дастгири кардани давлат;

– ташаккули захирахои озука аз руи барномаи максаднок;

– бо максади ташаккул ва дастгирии мувозанати бозори дохилии озука дар асоси мониторинг кабул намудани карорхои идоракуни;

– баланд бардоштани ахамияти ташкилотхои гайритичорати, сохави ва гайра дар сохаи истехсол, интикол ва коркарди махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озука;

– шаффофияти иттилоот оид ба вазъи бозори озука;

– созгории пурраи талабот ба махсулоти хуроквори;

– ба конунгузори оид ба бехатарии махсулоти хуроквори мутобик будани сифати озукавории истехсолшаванда, воридшаванда ва фурухташаванда;

– ташаккул, азнавкунива пуррагардонии захирахои давлатии озука новобаста ба таъсири омилхои дохили ва беруни;

– ташкили  истехсолоти  самарабахши  аграри дар асоси истифодаи максаднок ва идоракунии захирахои табии бо максади таъмини ахоли бо озука ва саноат бо ашёи хоми кишоварзи дар хачми зарури барои рушди устувори иктисоди ва ичтимоии давлат.

 

Моддаи 5. Тадбирхои дастгирии давлати оид ба таъмини амнияти озукавори

 

  1. Максади дастгирии давлати оид ба амнияти озукавори таъмини талаботи ахолии давлат ба озукаи асоси аз хисоби истехсоли он аз чониби истехсолкунандагони ватании махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озука мебошад.
  2. Тадбирхои асосии дастгирии давлати инхоанд:

– рушди заминаи моддию техникии истехсолкунандагони махсулоти  кишоварзи  бо  назардошти  фаъолияти  самараноки иншоотхои мелиоративи  ва обёрикунанда дар асоси лизинги техника ва тачхизоти кишоварзи;

– маблаггузории барномахои таъмини илмии пешбурди соха, мукаммалгардонии механизмхои ташкили ва иктисодии фаъолияти ташкилотхои кишоварзи ва коркард оид ба рушди тухмипарвари, нихолпарвари, селексияи растани ва зотпарвари;

– мусоидат чихати  истифодаи технологияхои пешкадами истехсолот, коркард, нигахдори ва истифодаи окилонаи озука;

– мусоидат барои таъсиси иншоотхои замонавии савдои яклухт (марказхои таксимкуни, бозорхо ва мачмаахои яклухти озука);

– ташаккули системаи самараноки аз истехсолкунанда ба истеъмолкунандаи нихои расониданн махсулоти кишоварзи, ашёи хоми кишоварзи ва озука;

– рушди инфрасохтори наклиёти анборхои савдои яклухти озука;

– дастгирии илмии мониторинги амнияти озукавори ва амали намудани чорабинихои дигаре, ки тибки конунгузори пешбини шудаанд.

 

БОБИ 2.

САЛОХИЯТИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУКАВОРИ

 

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъмини амнияти озукавори

 

Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъмини амнияти озукавори салохияти зеринро дорост:

– амали намудани сиёсати ягонаи давлати оид ба амнияти озукавори;

– тахия ва татбики барномахои   максадноки   амнияти озукавори;

– таъмин намудани мувофикати озукаи дар каламрави давлат истехсол ва фурухташаванда ба талаботи хатмии стандартхои сифат ва бехатарии махсулоти хуроквори;

муайян намудани меъёри истеъмоли озукаи асоси барои ахоли; (КЧТ аз 27.11.14 с. №1158)

– идора кардани захираи давлатии озука ва масъул будан оид ба нигахдори, истифода ва баркароршавии он;

– ташкил намудани ташхис ва тахлили илмии маълумот оид ба таъмини ахоли бо озука, омода кардани дурнамои вазъияти амнияти озукавори;

– муайян намудани тартиби гузаронидани чорабинихои хифзи ахоли дар шароити бухронхои озукавори;

– таъмин ва гузаронидани мониторинги вазъияти амнияти озукдвори дар Чумхурии Точикистон;

– тибки  конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудани бочхои содиротию воридотии мавсими барои озукаи асоси;

– ичрои салохиятхои дигар, ки тибки конунгузори пешбини шудаанд.

 

Моддаи 7. Макоми ваколатдори давлати оид ба таъмини амнияти озукавори

 

Амалхои таъмини амнияти озукавори ва истиклолияти озукавориро макоми ваколатдори давлати, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад, хамоханг месозад.

 

Моддаи 8. Ваколати макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба таъмини

амнияти озукавори

 

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба таъмини амнияти озукавори ваколатхои зеринро амали менамояд:

– татбики сиёсати ягонаи давлати оид ба амнияти озукдвори дар худуди худ бо назардошти шароити махал;

– тахия ва татбики барномахои максадноки минтакави оид ба амнияти озукавори;

– хамохангсозии фаъолияти макомоти давлати, ки амнияти озукавориро дар вилоят, шахр ва нохия таъмин менамоянд.

 

Моддаи 9. Чорабинихои хифзи ахоли дар шароити бухрони озукавори

 

Дар шароити бухрони озукавори ва ё тахдиди он макомоти давлатии ваколатдор:

– аз руи меъёр таксим кардани махсулоти асосии озукаро барои мухлати муайян мукаррар менамояд;

– нархи кафолатноки ашёи хомро   мукаррар намуда, онро барои захираи давлати бевосита аз истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи фавран мехарад;

– чорабинихои дигареро, ки конунгузори пешбини намудааст, амали менамояд.

 

Моддаи 10. Барномахои максадноки давлати оид ба таъмини амнияти озукавори

 

  1. Барномахои максадноки давлати оид ба таъмини амнияти озукавори аз чониби макоми ваколатдори давлати тахия ва бо тартиби дар конунгузори пешбинигардида тасдик карда мешаванд.
  2. Барномахои максадноки давлати оид ба таъмини амнияти озукавори чорабинихоро доир ба  татбики мачмуи  чорахои дастгирии давлати, ки дар кисми 2 моддаи 5 Конуни мазкур мукаррар шудаанд, пешбини менамоянд.

 

Моддаи 11. Захираи давлати оид ба таъмини амнияти озукавори

 

  1. Захираи давлати барои пешгирии таъмини номуътадили ахоли бо озука, инчунин барои расонидани кумаки башардустона мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкил  карда мешавад.
  2. Ба захираи давлати оид ба таъмини амнияти озукавори тааллук доранд:

– фонди озукаи захиравии давлати;

– захираи махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озука, ки дар доираи чойгиркунии фармоиши давлати харидори шудаанд;

– захираи махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озукаи дар гардиш карордошта.

 

БОБИ 3.

ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИ ОИД БА АМНИЯТИ ОЗУКАВОРИ

 

Моддаи 12. Иттилоот ва мониторинг оид ба амнияти озукавори

 

  1. Иттилоот оид ба амнияти озукавори аз маълумоти зерин иборат мебошад:

– вазъияти истехсоли озука, таъминот ва истеъмоли он, чараёни тагйирёбии нишондихандахо;

– тавозуни чумхурияви ва минтакавии сатхи зарури ва вокеии истехсоли озука;

– вазъияти рушди мачмааи агросаноати, саноати хуроквори, хочагихои мохипарвари, чангал ва шикор;

– маълумот оид ба озукаи истехсол ва воридгардида, харакат, нарх ва сифати он, инчунин чараёни тагйирёбии истеъмоли он дар давоми соли таквими;

– маълумот оид ба холати захираи давлатии махсулоти кишоварзи;

– вазъият ва равандхои рушди бозорхои дохили ва хоричии махсулот ва ашёи хоми кишоварзи;

– маълумот оид ба ичрои барномахои максадноки давлати оид ба таъмини амнияти озукавори ;

– маълумот дар бораи мукаррар намудани регламентхои техники, стандарт ва меъёрхои давлати оид ба таъмини сифат ва бехатарии озука;

– даромади гуруххои гуногуни ахоли;

– харочоти вокеии истеъмоли озука;

– сатхи бекори.

  1. Тартиби  пешниходи маълумотро  дар  сохаи  амнияти озукавори Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 13. Тавозуни сатхи зарури ва вокеии истехсоли озука

 

  1. Тавозуни сатхи зарури ва вокеии истехсоли озука асоси системаи хисоби арзёбии сатхи амнияти озукавори ва истиклолияти озукавори, инчунин заминаи банакшагирии истехсол ва тахвили озукаи асоси мебошад.
  2. Тавозуни солонаи сатхи зарури ва вокеии истехсоли озука аз чониби макоми ваколатдори давлати тартиб дода мешавад.
  3. Дар асоси тахлили вазъият ва дурнамои сатхи зарури ва вокеии истехсоли озука ва истеъмоли он макоми ваколатдори давлати дар доираи татбики барномахои максадноки давлати оид ба таъмини амнияти озукавори:

– хачми зарурии тахвили озукаи асоси;

– сатхи пасттарини чоизи захираи махсулоти озукаи асоси дар бозори махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озука;

– сатхи баландтарини чоизи харочоти хариди озукаро тасдик менамояд.

 

Моддаи 14. Сифат ва бехатарии озука

 

  1. Сифат ва бехатарии озука, ки дар каламрави давлат аз чониби шахсони хукуки ва вокеи истехсол, ворид ва фурухта мешаванд, бояд ба талаботи регламентхои дахлдори техники, меъёр ва коидахои санитари, байтори, фитосанитари, инчунин дигар санадхои меъёрии хукукии амалкунанда мувофик бошанд.
  2. Назорати давлатии бехатари ва сифати хуроквори аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар доираи салохияташон амали карда мешавад.
  3. Махсулоти кишоварзи, ашёи хом ва озукавории ба худуди давлат ворид кардашуда бояд дар бораи дар таркиби онхо мавчуд будан ё набудани манбаи ирсии тагйирёфта маълумот дошта бошанд.

 

БОБИ 4.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 15. Шурои амнияти озукавори

 

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон бо максади хамохангсозии идоракуни ва кабули карорхои стратеги ва фаври вобаста ба таъмини муътадил ва мунтазами давлат бо озукавори Шурои амнияти озукавории Чумхурии Точикистонро таъсис медихад.
  2. Шурои амнияти озукавории Чумхурии Точикистон макоми машварати буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон, фармону амрхои Президенти Чумхурии Точикистон, карору фармоишхои Хукумати Чумхурии Точикистон, карорхои Шурои амнияти озукавории Чумхурии Точикистон, дигар санадхои меъёрии хукуки ва Низомномаи  худро, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегарданд, ба рохбари мегирад.

 

Моддаи 16. Таъмини амнияти озукавори

 

Амнияти озукавории давлат дар ин холатхо таъмингардида хисобида мешавад, агар:

– истехсоли солонаи озукаи асосии давлат на камтар аз 80 фоизи талаботи солонаи ахолиро ба намудхои озука ташкил дихад;

–  сифат, гизоноки ва бехатарии озукаи ба бозори давлат баровардашуда тибки конунгузори ба регламентхои техники ва талаботи меъёри чавобгу бошанд;

– дар бозори истеъмолии давлат барои таъмини кафолатноки ахолии давлат бо озукавори дар хачми на камтар аз микдори тавсияшавандаи истеъмол мавчуд бошад.

 

Моддаи 17. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки, ки Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010

№671

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …