Ситоди куввахои мусаллахи Германия накшаи амалиёти харбиро барои соли 1915 кор карда баромад. Мувофики он Германия куввахои асосии худро бар зидди Русия равон кардани буд.
Мохи феврал лашкари немисхо дар Пруссияи Шарки ба хучуми чавоби гузашт, мохи март ба лашкари немисхо муяссар шуд, ки дар он чо ба лашкари русхо зарба занад.
Куввахои муттахидаи немисхою австровенгерхо дар Горлитса хати мудофиаи фаронсавихоро рахна карданд. Чузъу томхои лашкари немиси дар самти шимолтари Варшава ба хучуми зидди русхо гузаштанд, Мохи августи соли 1915 онхо ин шахрро ишгол карда, русхоро мачбур карданд, ки акибнишини кунанд.
Лашкари Германия ва Австро-Венгрия то тирамох тамоми Полшаро аз сарбозони Русия озод ва кисмати Наздибалтикаро ишгол карданд. Иттифокчиён мехостанд, ки Русияро ба сулхи сепарати мачбур созанд, вале ин кор ба онхо муяссар нашуд. Дар чабхаи шарки бар зидди русхо нисфи куввахои мусаллахи Германия ва Австро-Венгрия андармон шуд.
Дар чабхаи гарби Германия бар зидди киштихои Англия дар мухорибахои бахри бори аввал киштихои зериобиро истифода бурда, ба онхо кирон овард. Киштихои Зериобии Германия ба киштихои боркаш ва мусофиркашонии давлатхои гуногун хам хамла карда, онхоро гарк мекарданд. Ин кирдори Германия эътирози хакконии мамлакатхои чахонро ба вучуд овард.
Бахори соли 1915 дар Ипр немисхо аввалин маротиба бар зидди лашкари ракибони худ моддаи захрноки катлиомро истифода бурданд.
Ба Италия дар Иттифики Сегона будан хеч фоидае намеовард. Барои вай ваъдахои давлатхои Антанта бештар маъкул буданд. Барои хамин вай аз иттифоки Германия ва Австро-Венгрия баромада, мохи майи соли 1915 алайхи Германия ва Австро-Венгрия чанг эълон кард. Италия бо ин интихоби худ ба Антанта даромаданашро исбот намуд. Германия ва Австро- Венгрия мачбур шуданд, ки кисми куввахои худро бар зидди Италия равон кунанд.
Тирамохи соли 1915 Булгория аз тарафи Иттифоки Сегона ба чанг даромад ва ин иттифок номи “Иттифоки Чоргона” (Германия, Австро-Венгрия, Туркия ва Булгория)-ро гирифт. Лашкари муттахидаи Австро-Венгрия, Германия ва Булгория ба мукобили Сербия ба хучум гузашт. Англия, Фаронса ва Русия ба ёрии Сербия лашкар фиристоданд. Бо хамрохии артиши Сербия онхо чабхаи Балканро ташкил карданд.